Юшаъ
3 Сипас Юшаъ саҳари барвақт бархост ва ӯву ҳамаи исроилиён аз Шиттим+ сӯйи Урдун омаданд. Онҳо, пеш аз он ки аз дарё гузаранд, шабро дар он ҷо рӯз карданд.
2 Баъд аз се рӯз сардорон+ хаймагоҳро давр зада, 3 ба мардум гуфтанд: «Вақте бубинед, ки коҳинони* левизода сандуқи аҳди Худоятон Яҳуваро бурда истодаанд,+ шумо низ бархеста, аз ақиби он равона шавед, 4 аммо ба масофаи тахминан 2000 газ* аз он дур истед. Ба он наздик нашавед, то бидонед, ки бо кадом роҳ бояд равед, зеро шумо аз ин пеш бо ин роҳ нарафта будед».
5 Юшаъ ба мардум гуфт: «Худро пок созед,+ зеро пагоҳ Яҳува дар миёни шумо корҳои аҷоиб ба амал меорад».+
6 Сипас Юшаъ ба коҳинон гуфт: «Сандуқи аҳдро гирифта,+ пешопеши мардум равона шавед», ва онҳо сандуқи аҳдро гирифта, пешопеши мардум равона шуданд.
7 Сипас Яҳува ба Юшаъ гуфт: «Аз имрӯз сар карда ман туро дар пеши назари тамоми Исроил бузург гардондан мегирам,+ то онҳо бидонанд, ки, чи тавре ман бо Мӯсо будам,+ бо ту низ хоҳам буд.+ 8 Ба коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоранд, чунин бигӯ: “Вақте ба канори обҳои Урдун бирасед, дар ҳамон ҷо биистед”».+
9 Юшаъ ба исроилиён гуфт: «Наздик биёед ва ба суханони Худоятон Яҳува гӯш диҳед». 10 Баъд Юшаъ гуфт: «Аз ин шумо мефаҳмед, ки дар миёни шумо Худои зиндае ҳаст+ ва ӯ ҳатман аз пеши шумо канъониён, ҳиттиён, ҳиввиён, фариззиён, ҷирҷошиён, амӯриён ва ябусиёнро меронад:+ 11 инак, сандуқи аҳди Парвардигори тамоми олам пешопеши шумо аз Урдун мегузарад. 12 Ҳозир бошад, 12 нафарро аз қабилаҳои Исроил, яъне сари ҳар қабила якнафарӣ, бигиред+ 13 ва, чун кафи пойи коҳинон, ки сандуқи Яҳува, Парвардигори тамоми оламро, мебардоранд, ба замин бирасад, ҳамон замон обҳои Урдун, обҳое, ки аз боло меоянд, бозмемонанд ва мисли деворе рост меистанд».+
14 Вақте мардум аз хаймаҳояшон баромаданд, то аз Урдун гузаранд, коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоштанд,+ пешопеши мардум равона шуданд. 15 Ҳамин ки коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоштанд, ба Урдун наздик шуданд ва пойҳояшон ба оби соҳил расид (оби Урдун тамоми мавсими дарав аз соҳил мебарояд),+ 16 обе, ки аз боло ҷорӣ мешуд, бозистод. Обҳо дар масофаи хеле дур аз онҳо, дар шаҳри Одом, ки назди Сортон аст, мисли деворе рост истоданд, аммо обҳое, ки сӯйи баҳри Аробо, сӯйи баҳри Намак*, фуруд меомаданд, хушк шуданд. Обҳо бозистоданд ва мардум, аз ҷое ки рӯ ба рӯйи Ериҳӯ буд, аз дарё гузашт. 17 То даме ки тамоми мардум аз дарёи Урдун нагузашт,+ коҳиноне, ки сандуқи аҳди Яҳуваро мебардоштанд, аз ҷояшон наҷунбиданд ва дар миёни Урдун, дар замини хушк, истоданд.+