Доварон
1 Баъди марги Юшаъ+ исроилиён аз Яҳува пурсиданд:+ «Кадоме аз мо аввалин шуда бар зидди канъониён ба ҷанг барояд?» 2 Яҳува ҷавоб дод: «Бигзор Яҳудо ба ҷанг барояд.+ Инак, ман ин заминро ба дасти ӯ медиҳам*». 3 Он гоҳ Яҳудо ба бародараш Шимъӯн гуфт: «Ҳамроҳам ба замине, ки ба ман расидааст,+ бирав, то бар зидди канъониён биҷангем. Он гоҳ ман низ ҳамроҳат ба замине, ки ҳиссаи туст, меравам». Аз ин рӯ Шимъӯн ҳамроҳи ӯ равона шуд.
4 Вақте Яҳудо ба ҷанг баромад, Яҳува канъониён ва фариззиёнро ба дасти онҳо супурд+ ва онҳо дар Бозақ бар 10 000 нафар дастболо шуданд. 5 Онҳо дар Бозақ Адӯнӣ-Бозақро ёфта, дар он ҷо бо ӯ ҷанг карданд ва канъониёну+ фариззиёнро+ шикаст доданд. 6 Адӯнӣ-Бозақ рӯ ба гурез овард, лекин онҳо аз ақибаш сур карданд ва ӯро дастгир карда, ангуштони калони дасту пойҳояшро буриданд. 7 Адӯнӣ-Бозақ гуфт: «Ҳафтод подшоҳ, ки ангуштони калони дасту пойҳояшонро буридаам, чизеро, ки аз дастархони ман меафтид, чида мехӯрданд. Чи тавре ки ман бо онҳо кардам, Худо низ бо ман ҳамин тавр кард». Баъд ӯро ба Ерусалим оварданд+ ва ӯ дар он ҷо мурд.
8 Мардони Яҳудо ҳамчунин бар зидди Ерусалим ҷанг карда,+ онро забт намуданд. Онҳо мардуми шаҳрро аз дами шамшер гузарониданд ва шаҳрро оташ заданд. 9 Пас аз ин мардони Яҳудо равона шуданд, то бо канъониёне, ки дар кӯҳистон ва Негебу Шефило+ зиндагӣ мекарданд, биҷанганд. 10 Мардони Яҳудо бар зидди канъониёни Ҳебрӯн, ки номи пештарааш Қирят-Арбаъ буд, ба ҷанг баромаданд ва Шешай, Аҳиман ва Талмайро шикаст доданд.+
11 Аз он ҷо онҳо ба муқобили сокинони Дабир+ равона шуданд (номи пештараи Дабир Қирят-Сефер+ буд). 12 Он вақт Колеб+ гуфт: «Ба касе, ки Қирят-Сеферро зарба зада, онро забт кунад, духтарам Аксоро ба занӣ медиҳам».+ 13 Отниили+ писари Қеназ,+ додари Колеб, шаҳрро забт кард ва Колеб ба вай духтараш Аксоро ба занӣ дод. 14 Вақте Аксо ба хонааш мерафт, шавҳарашро ба гап даровард, ки аз падари ӯ саҳрое биталабад. Баъд Аксо аз болои хар фаромад* ва Колеб аз ӯ пурсид: «Чӣ хоҳиш дорӣ?» 15 Ӯ ба вай гуфт: «Илтимос, ба ман ҳадияе бидеҳ. Ту ба ман заминеро, ки дар ҷануб* аст, додӣ, пас, Ҷуллот-Маимро* низ бидеҳ». Бинобар ин Колеб ба ӯ Ҷуллоти Болою Ҷуллоти Поёнро дод.
16 Писарони Қении+ хусури* Мӯсо+ аз шаҳри нахлҳо+ бо мардуми Яҳудо баромада, ба биёбони Яҳудо, ки дар ҷануби Арод+ буд, равона шуданд. Онҳо ба он ҷо рафта, дар миёни халқ сокин гаштанд.+ 17 Яҳудо ва бародараш Шимъӯн равона шуда, ба канъониёне, ки дар Сефат зиндагӣ мекарданд, ҳамла оварданд ва онро ба нестӣ супурданд.+ Онҳо номи он шаҳрро Ҳормо*+ гузоштанд. 18 Баъди ин Яҳудо Ғазза,+ Ашқалӯн,+ Эқрӯн+ ва заминҳои гирду атрофашонро забт кард. 19 Яҳува бо яҳудиён буд ва онҳо кӯҳистонро аз худ карданд, аммо сокинони водиро пеш карда натавонистанд, зеро онҳо аробаҳои ҷангии теғдор* доштанд.+ 20 Яҳудиён, ҳамон тавре ки Мӯсо ваъда дода буд, Ҳебрӯнро ба Колеб доданд+ ва ӯ аз он ҷо се писари Аноқро+ ронд.
21 Аммо бинёминиён ябусиёнеро, ки дар Ерусалим мезистанд, пеш накарданд, аз ин рӯ ябусиён то ба имрӯз бо бинёминиён дар Ерусалим зиндагӣ мекунанд.+
22 Дар ин миён хонадони Юсуф+ бар зидди Байт-Ил ҷангид ва Яҳува бо онҳо буд.+ 23 Хонадони Юсуф барои ҷосусӣ кардани Байт-Ил, ки пеш Луз+ ном дошт, кас фиристод. 24 Вақте ҷосусон диданд, ки марде аз шаҳр мебарояд, ба ӯ гуфтанд: «Илтимос, ба мо даромадгоҳи шаҳрро нишон деҳ ва мо ба ту некӣ мекунем». 25 Он мард даромадгоҳи шаҳрро ба онҳо нишон дод ва онҳо мардуми онро аз дами шамшер гузаронданд, аммо ӯву хонаводаашро накуштанд.+ 26 Сипас он мард ба замини ҳиттиён рафта, дар он ҷо шаҳре бино кард ва онро Луз номид, ки номаш то ба имрӯз чунин аст.
27 Менашше Байт-Шеон, Таънок+ ва шаҳракҳои тобеи* онҳоро забт накард ва сокинони Дӯр, Иблеом, Маҷиддӯ ва шаҳракҳои тобеи онҳоро бадар наронд+ ва канъониён дар он замин зиндагӣ карданро давом доданд. 28 Вақте исроилиён пурзӯртар шуданд, меҳнати маҷбуриро ба гардани канъониён бор карданд,+ аммо онҳоро ба пуррагӣ бадар наронданд.+
29 Эфроим низ канъониёнеро, ки дар Ҷозар зиндагӣ мекарданд, пеш накард. Аз ин рӯ канъониён дар миёни онҳо дар Ҷозар+ умр ба сар мебурданд.
30 Забулун сокинони Қитрӯн ва сокинони Наҳалӯлро+ аз назди худ наронд. Ҳамин тавр, канъониён дар миёни онҳо умр ба сар бурда, меҳнати маҷбуриро ба ҷо меоварданд.+
31 Ошер сокинони Аккӯ, Сидӯн,+ Аҳлоб, Акзиб,+ Ҳалбо, Афиқ+ ва Раҳӯбро+ пеш накард. 32 Ошериён дар миёни канъониёни он замин зиндагӣ мекарданд, зеро онҳоро пеш накарда буданд.
33 Нафтолӣ сокинони Байт-Шемеш ва Байт-Анотро+ бадар наронд, балки дар миёни канъониёне, ки дар он замин буданд, зиндагӣ кардан гирифт.+ Онҳо ба гардани сокинони Байт-Шемеш ва Байт-Анот меҳнати маҷбуриро бор карданд.
34 Амӯриён нагузоштанд, ки писарони Дон ба водӣ фароянд, ва онҳо маҷбур буданд, ки дар кӯҳистон зиндагӣ кунанд.+ 35 Амӯриён дар кӯҳи Ҳорас, Аёлӯн+ ва Шаалбим+ зиндагӣ карданро давом доданд. Аммо, вақте хонадони Юсуф пурзӯр гашт, онҳо ба гардани амӯриён меҳнати маҷбуриро бор карданд. 36 Замини амӯриён аз кӯтали Ақрабим+ ва Селаъ болотар буд.