Доварон
18 Дар он рӯзҳо дар Исроил подшоҳе набуд+ ва қабилаи Дон+ ҷое барои зист мекофт, зеро онҳо ҳанӯз дар байни қабилаҳои Исроил мероси худро нагирифта буданд.+
2 Мардуми Дон аз қабилаи худ панҷ марди кордонеро аз Соръо ва Эштоул+ фиристоданд, то заминро аз назар гузаронда, ҷосусӣ кунанд. Онҳо ба он мардон гуфтанд: «Рафта, заминро аз назар гузаронед». Онҳо ба кӯҳистони Эфроим, сӯйи хонаи Мико,+ омада, шабро дар он ҷо рӯз карданд. 3 Вақте онҳо дар назди хонаи Мико буданд, овози* ҷавони левизодаро шинохтанд ва ба пешаш рафта, пурсиданд: «Кӣ туро ба ин ҷо овард? Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Чаро дар ин ҷо истодаӣ?» 4 Вай дар ҷавоб гуфт: «Мико бароям чунин ва чунон кард ва маро киро кард, ки барояш коҳин шавам».+ 5 Баъд онҳо ба ӯ гуфтанд: «Илтимос, аз Худо бипурс, ки оё сафарамон барор мегирад». 6 Коҳин ба онҳо гуфт: «Бо хотири ҷамъ биравед. Яҳува дар ин сафар бо шумо хоҳад буд».
7 Он панҷ нафар роҳи худро давом дода, ба Лаиш омаданд.+ Онҳо диданд, ки мардуми он ҷо мисли сидӯниён зиндагӣ мекарданд ва аз худ дилпур буданд. Онҳо орому бепарво умр ба сар мебурданд+ ва касе ба он замин ҳамла намеовард ва онҳоро азоб намедод. Онҳо аз сидӯниён дур зиндагӣ мекарданд ва бо касе рафтуомад надоштанд.
8 Вақте онҳо ба назди бародарони худ, ба Соръо ва Эштоул,+ баргаштанд, бародаронашон аз онҳо пурсиданд: «Чӣ хабар овардед?» 9 Онҳо ҷавоб доданд: «Биёед бар зидди онҳо бароем, зеро мо дидем, ки он замин хеле хуб аст. Чаро дудилаед? Тезтар рафта, заминро аз худ кунед. 10 Ба он ҷо омада, шумо мардумеро мебинед, ки бепарво зиндагӣ мекунанд,+ ва заминашон васеъ аст. Худо он заминро, ки аз ягон чиз камӣ надорад, ба дасти шумо супурдааст».+
11 Он гоҳ 600 мард аз хонаводаи Дон, ки ба ҷанг тайёр буданд, аз Соръо ва Эштоул+ ба роҳ баромаданд. 12 Онҳо баромада, дар Яҳудо, назди Қирят-Яърим,+ урду заданд. Аз ин рӯ он макон, ки дар тарафи ғарбии Қирят-Яърим ҷойгир аст, то ба имрӯз Маҳанеҳ-Дон*+ ном дорад. 13 Аз он ҷо онҳо ба кӯҳистони Эфроим, назди хонаи Мико+ омаданд.
14 Панҷ нафаре, ки барои ҷосусӣ кардани Лаиш+ рафта буданд, ба бародарони худ гуфтанд: «Оё медонед, ки дар ин хонаҳо пешбанд, бутҳо*, ҳайкали тарошида ва ҳайкали рехтае ҳаст?+ Пас, фикр кунед, ки чӣ бояд кунед». 15 Онҳо дар он ҷо истоданд ва ба хонаи левизодаи ҷавон,+ ки дар хонаи Мико буд, омаданд ва ӯро аҳволпурсӣ карданд. 16 Дар ин вақт 600 ҷанговаре аз Дон,+ ки дар даст силоҳ доштанд, дар даҳани дарвоза истоданд. 17 Панҷ нафаре, ки барои ҷосусии замин рафта буданд,+ ба дарун даромаданд, то ҳайкали тарошида, пешбанд,+ бутҳо*+ ва ҳайкали рехтаро гиранд.+ Коҳин+ бошад, ҳамроҳи он 600 ҷанговари силоҳбадаст дар даҳани дарвоза меистод. 18 Он панҷ нафар ба хонаи Мико даромада, ҳайкали тарошида, пешбанд, бутҳо* ва ҳайкали рехтаро гирифтанд. Коҳин ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ кор карда истодаед?» 19 Аммо онҳо ба ӯ гуфтанд: «Хомӯш, гап назан. Ҳамроҳи мо рафта, бароямон маслиҳатгар* ва коҳин бишав. Бароят чӣ беҳтар аст: дар хонаи як мард коҳин бошӣ+ ё дар як қабила ва авлоде дар Исроил?»+ 20 Ин ба коҳин маъқул шуд ва ӯ пешбанд, бутҳо* ва ҳайкали тарошидаро+ гирифта, бо он мардон рафт.
21 Онҳо тоб хӯрда, роҳи худро давом доданд ва фарзандон, чорво ва чизу чораи қиматбаҳои худро пешопеш равона карданд. 22 Мардони Дон аз хонаи Мико дуртар рафта буданд ки, ҳамсояҳои Мико ҷамъ омада, онҳоро дарёб карданд. 23 Вақте онҳо сӯйи мардони Дон фарёд заданд, он мардон ба онҳо рӯ оварда, ба Мико гуфтанд: «Чӣ гап шуд, ки онҳоро ҷамъ карда овардӣ?» 24 Ӯ гуфт: «Шумо худоёни сохтаамро ва ҳамчунин коҳинро гирифта, бурдед. Барои ман чӣ боқӣ монд? Боз шумо мепурсед, ки чӣ гап шуд?» 25 Мардони Дон гуфтанд: «Ба сари мо дод назан, вагарна одамони бадхашм ба шумо ҳамла меоранд ва туву аҳли хонаводаат ҷон ба саломат намебаред». 26 Мардони Дон бо роҳи худ рафтанд. Мико бошад, вақте дид, ки онҳо аз вай зӯртаранд, гашта, ба хонаи худ рафт.
27 Онҳо чизҳои Мико ва коҳини ӯро гирифта, ба Лаиш,+ назди халқе, ки орому бепарво мезист,+ рафтанд. Онҳо мардуми он ҷоро аз дами шамшер гузаронданд ва шаҳрро оташ заданд. 28 Касе набуд, ки Лаишро наҷот диҳад, зеро он аз Сидӯн дур, дар водие, ки аз они Байт-Раҳӯб+ аст, ҷойгир буд ва мардуми он ҷо бо касе рафтуомад надошт. Мардони Дон шаҳрро аз нав бино карда, дар он сокин шуданд. 29 Онҳо шаҳрро ба номи падари худ, ки барои Исроил таваллуд шуда буд, Дон+ номиданд.+ Лаиш бошад, номи пештараи он буд.+ 30 Пас аз ин мардони Дон ҳайкали тарошидаро+ барои худ дар он ҷо гузоштанд ва Юнотони+ писари Ҷершӯни+ писари Мӯсо ва писаронаш то замони ба асирӣ рафтани мардуми он замин коҳинони қабилаи Дон буданд. 31 Онҳо ҳайкали тарошидаеро, ки Мико сохта буд, барқарор карданд ва он тамоми айёме, ки хонаи Худо дар Шилӯ буд, дар он ҷо меистод.+