-
3 Мӯсо 7:23Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
23 «Ба исроилиён бигӯ: “Ҳеҷ гуна чарбуи буққа, қӯчқори ҷавон ва ё бузро нахӯред.+
-
-
1 Подшоҳон 2:15–17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Ҳамчунин, пеш аз он ки чарбуро сӯзонда дуд кунанд,+ хизматгузори коҳин омада, ба касе, ки қурбонӣ меовард, мегуфт: «Барои кабоби коҳин гӯшт бидеҳ. Ӯ гӯшти обпаз намегирад, балки фақат гӯшти хом». 16 Агар вай мегуфт: «Бимон, ки аввал чарбуро сӯзонда дуд кунанд,+ баъд ҳар чизеро дилат кашад, бигир», хизматгузор мегуфт: «Не, худи ҳозир бидеҳ, агар надиҳӣ, бо зӯрӣ мегирам!» 17 Гуноҳи хизматгузорон дар пеши Яҳува хеле азим буд,+ зеро ин одамон ба қурбонии Яҳува беҳурматӣ мекарданд.
-