-
1 Подшоҳон 2:14–16Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 ва онро ба ҳар деге* рост омад, меандохт. Ҳар чизеро, ки дар шоха берун меомад, коҳин барои худ мегирифт. Онҳо дар Шилӯ бо ҳамаи исроилиёне, ки ба он ҷо меомаданд, чунин рафтор мекарданд. 15 Ҳамчунин, пеш аз он ки чарбуро сӯзонда дуд кунанд,+ хизматгузори коҳин омада, ба касе, ки қурбонӣ меовард, мегуфт: «Барои кабоби коҳин гӯшт бидеҳ. Ӯ гӯшти обпаз намегирад, балки фақат гӯшти хом». 16 Агар вай мегуфт: «Бимон, ки аввал чарбуро сӯзонда дуд кунанд,+ баъд ҳар чизеро дилат кашад, бигир», хизматгузор мегуфт: «Не, худи ҳозир бидеҳ, агар надиҳӣ, бо зӯрӣ мегирам!»
-