-
4 Подшоҳон 12:4, 5Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Еҳуош ба коҳинон гуфт: «Тамоми пулеро, ки чун ҳадияҳои муқаддас ба хонаи Яҳува оварда мешавад,+ пули андози сарикасӣ,+ пули касони назркарда* ва тамоми пулеро, ки ҳар кас бо хоҳиши дили худ ба хонаи Яҳува меорад,+ бигиред. 5 Коҳинон, ҳар яке, аз шиносони худ пул гирифта, барои таъмири хона, таъмири рахнаҳои он, сарф кунанд».+
-
-
2 Воқеанома 29:3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Дар соли якуми ҳукмрониаш, дар моҳи якум, ӯ дарҳои хонаи Яҳуваро кушода, онҳоро таъмир кард.+
-
-
2 Воқеанома 34:9, 10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Онҳо ба назди Ҳилқиёҳуи саркоҳин омада, пулеро, ки мардум ба хонаи Худо овард, ба ӯ доданд. Ин пулро левизодагони дарвозабон аз Менашше, Эфроим ва тамоми бақияи Исроил+ ва ҳамчунин аз Яҳудову Бинёмин ва сокинони Ерусалим ҷамъ оварда буданд. 10 Онҳо ин пулро ба касоне доданд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шуда буданд. Коргарони хонаи Яҳува бошанд, онро барои таъмир ва барқарор кардани хона сарф карданд.
-