2 Воқеанома
29 Ҳизқиё+ дар 25-солагияш подшоҳ шуд ва 29 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Абиёи духтари Закарё буд.+ 2 Ҳизқиё он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард,+ ҳамон тавре ки бобояш Довуд мекард.+ 3 Дар соли якуми ҳукмрониаш, дар моҳи якум, ӯ дарҳои хонаи Яҳуваро кушода, онҳоро таъмир кард.+ 4 Пас аз ин ӯ коҳинону левизодагонро дар майдони тарафи шарқӣ ҷамъ овард. 5 Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба ман гӯш диҳед, эй левизодагон! Худро пок созед ва хонаи Яҳува, Худои бобоёнатонро, поку муқаддас гардонед+ ва ҳар чизи ҳаромро аз ҷойи муқаддас берун оред,+ 6 зеро падаронамон бевафоӣ карданд ва он чиро, ки дар назари Худоямон Яҳува бад буд, ба амал оварданд.+ Онҳо ӯро тарк карданд, аз хаймаи муқаддаси Яҳува рӯ тофтанд ва ба ӯ пушт гардонданд.+ 7 Онҳо ҳамчунин дарҳои даҳлезро бастанд+ ва чароғҳоро хомӯш намуданд.+ Онҳо дар ҷойи муқаддас ба Худои Исроил сӯзондани бухур+ ва овардани қурбониҳои сӯхтаниро+ бас карданд. 8 Аз ин рӯ хашми Яҳува бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад+ ва ӯ тавре кард, ки кас онҳоро дида ба даҳшат меояд ва ҳайрон шуда ҳуштак мекашад*, чуноне ки бо чашми худ мебинед.+ 9 Аз ин сабаб бобоёни мо бо дами шамшер кушта шуданд+ ва писарону духтарон ва занонамонро ба асирӣ бурданд.+ 10 Ҳоло орзуи дили ман ин аст, ки бо Яҳува, Худои Исроил, аҳд бандам,+ то оташи ғазаби ӯ аз мо дур шавад. 11 Эй писаронам, ҳоло вақти бепарвоӣ* нест, зеро Яҳува шуморо интихоб кардааст, ки дар пеши ӯ биистед, хизмати ӯро ба ҷо оред+ ва ба ӯ қурбонӣ оварда дуд кунед».+
12 Он гоҳ левизодагон: аз қаҳотиён+ — Маҳати писари Амосай ва Юили писари Азарё, аз марориён+ — Қиши писари Абдӣ ва Азарёи писари Еҳалалъил, аз ҷершӯниён+ — Юоҳи писари Зиммо ва Адани писари Юоҳ, 13 аз писарони Элисофон — Шимрӣ ва Яуил, аз писарони Осаф+ — Закарё ва Маттанё, 14 аз писарони Ҳеймон+ — Яҳиил ва Шимъӣ ва аз писарони Едутун+ — Шамаъёҳу ва Узиил бархестанд. 15 Онҳо бародарони худро ҷамъ оварда, худро пок намуданд ва, ҳамон тавре ки подшоҳ мувофиқи амри Яҳува фармуд, омада, хонаи Яҳуваро пок сохтанд.+ 16 Коҳинон ба хонаи Яҳува даромаданд, то онро тоза кунанд, ва ҳар чизи ҳаромеро, ки дар ибодатгоҳи Яҳува ёфтанд, ба саҳни+ хонаи Яҳува бароварданд ва левизодагон он чизҳоро гирифта, ба берун, ба водии Қидрӯн,+ бурданд. 17 Онҳо пок кардани ибодатгоҳро дар рӯзи якуми моҳи якум сар карданд ва дар рӯзи ҳаштуми моҳ то даҳлези+ хонаи Яҳува расиданд. Онҳо хонаи Яҳуваро боз ҳашт рӯз пок намуданд ва дар рӯзи 16-ум ба охир расонданд.
18 Пас аз ин онҳо ба назди шоҳ Ҳизқиё рафта, гуфтанд: «Мо тамоми хонаи Яҳува, қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро+ бо тамоми ашёаш+ ва мизи нони+ чидаро* бо тамоми ашёаш пок гардондем. 19 Тамоми ашёеро, ки шоҳ Оҳоз дар вақти ҳукмронияш дар натиҷаи хиёнати худ+ гирифта партофта буд, тайёр карда, поку муқаддас гардондем+ ва ин чизҳо ҳоло дар назди қурбонгоҳи Яҳуваанд».
20 Шоҳ Ҳизқиё саҳари барвақт хеста, мирони шаҳрро ҷамъ овард ва онҳо ба хонаи Яҳува рафтанд. 21 Онҳо ҳамчун қурбонии гуноҳ барои подшоҳӣ, муқаддасгоҳ ва Яҳудо ҳафт буққа, ҳафт қӯчқор, ҳафт барраи нар ва ҳафт бузи нар оварданд.+ Шоҳ ба коҳинон, насли Ҳорун, фармуд, ки онҳоро бар қурбонгоҳи Яҳува пешкаш кунанд. 22 Сипас говонро сар буриданд+ ва коҳинон хунро гирифта, бар қурбонгоҳ пошиданд,+ пас аз ин қӯчқорҳоро сар бурида, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд ва барраҳои нарро сар бурида, хунро бар қурбонгоҳ пошиданд. 23 Баъди ин бузҳои нари қурбонии гуноҳро ба назди подшоҳ ва ҷамоат оварда, бар онҳо даст гузоштанд. 24 Коҳинон онҳоро сар бурида, қурбонии гуноҳро пешкаш карданд ва хунро бар қурбонгоҳ рехтанд, то барои гуноҳҳои тамоми Исроил товон диҳанд, зеро подшоҳ гуфт, ки қурбонии сӯхтанӣ ва қурбонии гуноҳ бояд барои тамоми Исроил оварда шавад.
25 Дар ин миён ӯ левизодагонро бо санҷҳо, созҳои торӣ ва чангҳо+ дар назди хонаи Яҳува гузошт, ҳамон тавре ки Довуд, Ҷоди+ пешбини подшоҳ ва Нотони+ пайғамбар фармуда буданд, зеро Яҳува ба воситаи пайғамбаронаш чунин фармуда буд.+ 26 Левизодагон дар он ҷо бо созҳои Довуд ва коҳинон бо карнайҳо+ истоданд.
27 Сипас Ҳизқиё фармуд, ки қурбонии сӯхтаниро бар қурбонгоҳ пешкаш кунанд.+ Ҳамин ки овардани қурбонии сӯхтаниро сар карданд, ба Яҳува суруд хонданду созҳои Довуди шоҳи Исроил ва карнайҳоро навохтанд. 28 Дар баробари садо додани суруд ва карнайҳо тамоми ҷамоат саҷда бурд ва ҳамаи ин то вақте давом кард, ки овардани қурбонии сӯхтанӣ анҷом ёфт. 29 Ҳамин ки онҳо пешкаш кардани қурбониро ба охир расонданд, подшоҳ ва ҳамаи ҳамроҳонаш то ба замин саҷда бурданд. 30 Он гоҳ шоҳ Ҳизқиё ва мирон ба левизодагон гуфтанд, ки бо таронаҳои Довуд+ ва Осафи+ пешбин Яҳуваро ҳамду сано хонанд. Онҳо бо шодии зиёд ҳамду сано гуфтанд ва зону зада, то ба замин саҷда бурданд.
31 Баъд аз ин Ҳизқиё гуфт: «Шумо ки барои Яҳува ҷудо карда шудаед*, омада, ба хонаи Яҳува қурбониҳои шукргузорӣ ва дигар қурбониҳо оред». Он гоҳ ҷамоат қурбониҳои шукргузориву қурбониҳои дигарро овардан гирифт ва ҳар касе, ки хоҳиш дошт, қурбониҳои сӯхтанӣ овард.+ 32 Шумораи қурбониҳои сӯхтание, ки ҷамоат пешкаш кард, 70 гов, 100 қӯчқор ва 200 барраи нар буд — ҳамаи ин қурбонии сӯхтанӣ ба Яҳува буд+ — 33 ва шумораи ҳадияҳои муқаддас 600 гов ва 3000 гӯсфанд буд. 34 Азбаски барои пӯст кандани ҳамаи қурбониҳои сӯхтанӣ коҳинон камӣ карданд, бародаронашон левизодагон ба онҳо кумак карданд.+ Левизодагон то тамом шудани кор ва худро пок кардани коҳинон+ ёрӣ доданд, зеро онҳо назар ба коҳинон кӯшиши бисёртар мекарданд, ки худро пок созанд. 35 Ғайр аз ин, ба миқдори зиёд қурбониҳои сӯхтанӣ,+ чарбуи қурбониҳои осоиштагӣ+ ва ҳадияҳои рехтании қурбониҳои сӯхтаниро пешкаш карданд.+ Ҳамин тавр, хизмати хонаи Яҳува аз нав ба ҷо оварда шуд. 36 Ҳизқиё ва тамоми мардум аз он чизе, ки Худо барои халқаш кард,+ ва, аз он ки ҳамааш ин қадар зуд ба амал омад, хурсанд шуданд.