-
Ирмиё 48:26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
Мӯоб дар қайи худ ғӯта задааст
Ва масхараи мардум гаштааст.
-
-
Ирмиё 48:29Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
29 «Дар бораи ифтихори Мӯоб шунидем,
Ӯ хеле ҳавобаланд аст.
Кибру ғурур, каттагӣ ва ҳавобаландии дилаш ба гӯши мо расидааст».+
-
-
Сафанё 2:9, 10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Бинобар ин,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои Исроил,— ба ҳаёти худ қасам ки,
Мӯоб мисли Садӯм ва Аммӯн мисли Амӯро+
Ҷойи газна, чоҳи намак ва харобазори абадӣ мегардад.+
Бақияи халқи ман онҳоро тороҷ мекунад
Ва боқимондагони халқам молашонро соҳиб мешаванд.
10 Ҳамаи ин аз барои ғурурашон+ ба сари онҳо меояд,
Зеро онҳо халқи Яҳува, Худои лашкарҳоро, паст заданд ва худро аз онҳо боло гирифтанд.
-