-
Ирмиё 21:7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
7 Баъд аз ин,— мегӯяд Яҳува,— ман Сидқиёҳуи подшоҳи Яҳудову хизматгоронаш ва касонеро, ки дар ин шаҳр аз вабо, шамшер ва қаҳтӣ наҷот ёбанд, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил, ба дасти душманонашон, ки қасди ҷони онҳоро доранд, месупорам.+ Ӯ онҳоро аз дами шамшер мегузаронад ва ба онҳо раҳму шафқат ва дилсӯзӣ намекунад”.+
-
-
Ҳизқиёл 12:12, 13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Сарваре, ки дар миёни онҳост, бору бандашро ба китфаш гузошта, дар торикӣ мебарояд. Ӯ деворро шикоф мекунад ва чизҳояшро аз он мегузаронад.+ Ӯ рӯяшро мепӯшонад, то заминро набинад”. 13 Ман бар ӯ тӯр меандозам ва ӯ ба тӯрам меафтад.+ Сипас вайро ба Бобил, ба замини калдониён, мебарам, лекин вай онро бо чашмонаш намебинад. Ӯ оқибат дар ҳамон ҷо мемурад.+
-