ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 4 Подшоҳон 25:6, 7
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 6 Онҳо подшоҳро дастгир намуданд+ ва ба назди шоҳи Бобил, ба Рибло, оварда, ба вай ҳукм бароварданд. 7 Онҳо писарони Сидқиёҳуро дар пеши назараш куштанд. Пас аз ин Набукаднесар чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард, ӯро бо занҷири мисин бандубаст намуд ва ба Бобил бурд.+

  • Ирмиё 37:17
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 17 Сипас подшоҳ Сидқиёҳу назди вай одам фиристода, ӯро овард ва пинҳонӣ бо ӯ дар ҳуҷрае саволу ҷавоб кард.+ Ӯ аз Ирмиё пурсид: «Оё паёме аз ҷониби Яҳува ҳаст?» Ирмиё гуфт: «Бале, ҳаст». Ирмиё суханашро давом дода гуфт: «Ту ба дасти подшоҳи Бобил дода мешавӣ!»+

  • Ирмиё 39:5–7
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 5 Аммо лашкари калдониён аз пушташон сур карда, дар даштҳои Ериҳӯ ба шоҳ Сидқиёҳу расида гирифтанд.+ Онҳо ӯро қапида, ба назди подшоҳи Бобил, Набукаднесар, ба Рибло,+ ки дар замини Ҳамот+ буд, оварданд, то шоҳ ӯро ҳукм кунад. 6 Подшоҳи Бобил писарони Сидқиёҳуро дар Рибло дар пеши чашмонаш кушт ва тамоми калоншавандагони Яҳудоро ба қатл расонд.+ 7 Сипас ӯ чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард ва ӯро завлонаи мисин зад, то ба Бобил барад.+

  • Ирмиё 52:9–11
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 9 Онҳо подшоҳро дастгир намуданд ва ба назди шоҳи Бобил, ба Рибло, ки дар замини Ҳамот аст, оварданд ва ӯ ба вай ҳукм баровард. 10 Подшоҳи Бобил писарони Сидқиёҳуро дар пеши назараш кушт. Ӯ ҳамчунин ҳамаи мирони Яҳудоро дар ҳамон ҷо, яъне дар Рибло, ба қатл расонд. 11 Пас аз ин подшоҳи Бобил чашмони Сидқиёҳуро кӯр кард,+ ӯро бо занҷири мисин бандубаст намуда, ба Бобил бурд ва ӯро то рӯзи маргаш дар зиндон нигоҳ дошт.

  • Ҳизқиёл 17:20
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 20 Ман бар ӯ тӯр меандозам ва ӯ ба тӯрам меафтад.+ Ман ӯро ба Бобил меорам ва барои ба ман бевафоӣ карданаш ӯро дар мурофиа айбдор месозам.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан