-
Ишаъё 16:8, 9Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Зеро киштзорҳои Ҳешбӯн+
Ва токҳои Сибмо+ хушк шудаанд,
Ҳокимони халқҳо шохаҳои суп-сурхи* онро таги по кардаанд.
Он шохаҳо то Яъзир+ расида буданд,
То биёбон паҳн шуда буданд.
Навдаҳои он сабзида, то баҳр расида буд.
9 Аз ин сабаб ман барои токҳои Сибмо нола хоҳам кард, чуноне ки барои Яъзир мегирям.
-
-
Ирмиё 48:8Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Нобудгар ба ҳар як шаҳр меояд
Ва ҳеҷ як шаҳр халосӣ намеёбад.+
Водӣ нест карда мешавад
Ва дашт нобуд мегардад,
Ҳамон тавре ки Яҳува гуфтааст.
-