Ишаъё
16 Аз Селаъ бо роҳи биёбон
Ба кӯҳи духтари Сион,
Ба ҳокими сарзамин, қӯчқор бифиристед.
3 «Маслиҳат диҳед, қарорро амалӣ гардонед.
Бигзор сояи ту дар нисфирӯзӣ чун торикии шаб бошад.
Парокандагонро пинҳон намо ва гурезаҳоро таслим накун.
4 Бигзор парокандагони ман дар миёни ту сокин бошанд, эй Мӯоб.
Барояшон аз дасти тороҷгар ниҳонгоҳе бош.+
Ситамгар мемирад,
Тороҷ ба охир мерасад
Ва касоне, ки дигаронро поймол мекарданд, аз рӯйи замин нест мешаванд.
5 Он гоҳ тахт бар меҳру вафо устувор мегардад.
Нишинандаи тахти хаймаи Довуд боваринок аст,+
Ӯ аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва адлро зуд ба амал меорад».+
6 Мо дар бораи ғурури Мӯоб, ки ҳақиқатан хеле мағрур аст,+
Дар бораи ҳавобаландӣ, ғурур ва хашми ӯ, шунидаем,+
Вале манманию даҳанкалонии ӯ пуч аст.
7 Аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб нола мекунад,
Ҳамаи онҳо нола хоҳанд кард.+
Онҳое, ки мағлуб шудаанд, ба ёди кулчаҳои мавизии Қир-Ҳаросет оҳу нола мекунанд,+
8 Зеро киштзорҳои Ҳешбӯн+
Ва токҳои Сибмо+ хушк шудаанд,
Ҳокимони халқҳо шохаҳои суп-сурхи* онро таги по кардаанд.
Он шохаҳо то Яъзир+ расида буданд,
То биёбон паҳн шуда буданд.
Навдаҳои он сабзида, то баҳр расида буд.
9 Аз ин сабаб ман барои токҳои Сибмо нола хоҳам кард, чуноне ки барои Яъзир мегирям.
Бо ашкҳои худ шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, тар мекунам,+
Зеро нидоҳо дар мавсими меваҳои тобистон ва ғундоштани ҳосилатон ба охир расиданд*.
10 Хурсандиву сурур аз боғ рабуда шуд
Ва суруду нидоҳои шодӣ дар токзорҳо шунида намешавад.+
Дигар касе дар чархуштҳо ангурро пахш намекунад,
Зеро ман ба нидоҳо хотима бахшидам.+
12 Мӯоб ҷон канда дар баландӣ ибодат кунад ва рафта, дар муқаддасгоҳаш дуо гӯяд ҳам, фоидае нахоҳад буд.+
13 Ин аст паёме, ки Яҳува пеш дар бораи Мӯоб гуфта буд. 14 Акнун бошад, Яҳува мегӯяд: «Дар миёни се сол, бо ҳисоби солҳои мардикор*, ҷалоли Мӯоб аз бесарусомонии зиёд ба хорӣ табдил меёбад ва бақияи халқаш хеле каму нотавон мешавад».+