-
2 Воқеанома 36:9, 10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Еҳуёкин+ дар 18-солагиаш подшоҳ шуд ва се моҳу даҳ рӯз дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард.+ 10 Дар сари сол* шоҳ Набукаднесар кас фиристод, то ӯро бо чизҳои қиматбаҳои хонаи Яҳува+ ба Бобил оранд,+ ва ба ҷояш Сидқиёҳуи амакашро бар Яҳудо ва Ерусалим подшоҳ кард.+
-
-
Ирмиё 29:1, 2Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
29 Ин аст суханони мактуби пайғамбар Ирмиё, ки ӯ аз Ерусалим ба коҳинон, пайғамбарон, тамоми мардум ва ба он пироне, ки дар миёни асирон буданд, фиристод. Ӯ ин мактубро ба мардуме, ки Набукаднесар аз Ерусалим ба асирии Бобил бурд, фиристод. 2 Ин баъд аз он рӯй дод, ки подшоҳ Еконё,+ модари шоҳ,+ ходимони дарбор, мирони Яҳудову Ерусалим ва устоҳову оҳангарон* аз Ерусалим бурда шуданд.+
-