ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Матто 26:69–75
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 69 Дар ин вақт Петрус дар берун, дар рӯйи ҳавлӣ, менишаст. Яке аз канизон назди ӯ омада, гуфт: «Ту ҳам бо Исои ҷалилӣ будӣ!»+ 70 Вале ӯ инро дар пеши ҳама инкор карда гуфт: «Ту чиҳо мегӯӣ?» 71 Вақте ки ӯ ба тарафи дарвозахона рафт, канизи дигаре ӯро дида, ба одамоне, ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин мард бо Исои носирӣ буд».+ 72 Петрус ин дафъа ҳам рад кард ва қасам хӯрда, гуфт: «Ман он мардро намешиносам!» 73 Чанде пас касоне, ки дар он ҷо буданд, назди Петрус омада, гуфтанд: «Аниқ, ту яке аз онҳо ҳастӣ — ин аз гапзаният маълум аст». 74 Он гоҳ вай қасам хӯрдан гирифту гуфт: «Ман он мардро намешиносам!» Ҳамон лаҳза хурӯс фарёд карду 75 Петрус ин суханони Исоро ба ёд овард: «Пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ Пас аз ин ӯ аз он ҷо баромада, зор-зор гирист.

  • Луқо 22:55–62
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 55 Вақте ки одамон дар миёни ҳавлӣ оташ даргиронда, якҷоя менишастанд, Петрус низ ҳамроҳи онҳо буд.+ 56 Яке аз канизон Петрусро, ки дар назди гулхан менишаст, дида ба ӯ бодиққат нигоҳ кард ва гуфт: «Ин мардак ҳам бо ӯ буд». 57 Вале Петрус инро инкор карда гуфт: «Эй зан, ман ӯро намешиносам». 58 Чанде пас каси дигаре ӯро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус гуфт: «Э не, ту чиҳо мегӯӣ?!»+ 59 Тахминан пас аз як соат марди дигаре боисрор гуфт: «Аниқ, ин мард ҳам бо ӯ буд, зеро ӯ ҷалилӣ аст!» 60 Аммо Петрус гуфт: «Ман намедонам, ки ту чӣ гуфта истодаӣ». Ҳамон лаҳза, ӯ суханашро тамом накарда, хурӯс фарёд кард. 61 Он гоҳ Ҳазрат рӯяшро гардонда, рост ба Петрус нигоҳ кард ва ӯ суханони Ҳазратро ба ёд овард: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ 62 Пас аз ин ӯ аз он ҷо баромада, зор-зор гирист.

  • Юҳанно 18:25, 26
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 25 Вақте ки Шимъӯни Петрус дар назди гулхан истода, гарм мешуд, аз ӯ пурсиданд: «Магар ту низ яке аз шогирдони ӯ нестӣ?» Вай инкор карда гуфт: «Не».+ 26 Яке аз ғуломони саркоҳин, хеши он касе, ки Петрус гӯшашро бурида буд,+ гуфт: «Оё туро дар боғ бо ӯ надида будам?»

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан