3 Мӯсо
20 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 2 «Ба исроилиён бигӯй: “Ҳар исроилӣ ва ғарибе, ки дар Исроил зиндагӣ мекунаду фарзанди худро ба Мӯлик* бидиҳад, бояд ҳатман кушта шавад.+ Мардуми ин замин бояд ӯро сангсор кунанд. 3 Ман худам зидди вай баромада, ӯро аз миёни халқаш решакан месозам, зеро ӯ фарзанди худро ба Мӯлик додааст ва ҷойи муқаддаси маро нопок карда,+ номи поки маро беҳурмат намудааст. 4 Агар мардуми ин замин дидаву дониста аз ин рафтори вай, яъне аз он ки ӯ фарзандашро ба Мӯлик додааст, чашм пӯшанд ва ӯро накушанд,+ 5 ман худам зидди ӯ ва хонаводаи ӯ мебароям.+ Ман чунин шахсро бо ҳамаи онҳое, ки ба хиёнаткории ӯ шарик мешаванд, аз миёни халқ решакан месозам, зеро онҳо хиёнаткорона Мӯликро парастиш кардаанд*.
6 Ҳар касе ба пурсандагони арвоҳ+ ва фолбинон+ рӯ орад, то онҳоро хиёнаткорона пайравӣ намояд*, ман зидди чунин шахс мебароям ва ӯро аз миёни халқаш решакан месозам.+
7 Шумо бояд худро поку муқаддас намоед,+ зеро ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам. 8 Фармудаҳои маро риоя кунед ва онҳоро ба ҷо оред.+ Ман Яҳува ҳастам, ки шуморо муқаддас мегардонам.+
9 Агар касе падар ё модари худро дашном диҳад*, бояд ҳатман кушта шавад.+ Ӯ падар ё модари худро дашном додааст — аз ин рӯ хунаш бар гардани худаш аст.
10 Агар марде бо зани ёраш, яъне бо зани марди дигаре, зино кунад, бояд ҳатман кушта шавад. Ҳам марду ҳам зани зинокор бояд кушта шаванд.+ 11 Марде, ки бо зани падараш ҳамхоб мешавад, бар сари падараш шармандагӣ меорад.+ Ӯ бояд ҳамроҳи он зан кушта шавад. Хуни онҳо бар гардани худашон аст. 12 Агар марде бо келини худ ҳамхоб шавад, ҳар дуяшон бояд кушта шаванд. Онҳо кори норавое кардаанд. Хуни онҳо бар гардани худашон аст.+
13 Агар марде бо марди дигаре ҳамхоб шавад, ҳар дуи онҳо ба кори ҳароме даст задаанд.+ Онҳо бояд ҳатман кушта шаванд. Хуни онҳо бар гардани худашон аст.
14 Агар марде духтареро бо модари вай ба занӣ гирад, кори ифлосе кардааст*.+ Ӯро бояд ҳамроҳи онҳо дар оташ бисӯзонанд,+ то ин кори ифлос дигар дар миёни шумо такрор нашавад.
15 Марде, ки бо ҳайвоне алоқаи ҷинсӣ кунад, бояд ҳатман кушта шавад. Ҳайвонро низ бикушед.+ 16 Агар зане назди ҳайвоне биистад, то бо он алоқаи ҷинсӣ кунад,+ зану ҳайвонро бикушед. Онҳо бояд ҳатман кушта шаванд. Хуни онҳо бар гардани худашон аст.
17 Агар касе бо хоҳари худ, духтари падар ё модараш, ҳамхоб шавад ва ҳар ду бараҳнагии якдигарро бубинанд, ин расвоист.+ Онҳо дар пеши чашми халқи худ решакан карда мешаванд. Ӯ бар сари хоҳари худ шармандагӣ овардааст. Ӯ бояд барои гуноҳаш ҷавоб диҳад.
18 Агар марде бо зане ҳамхоб шавад, дар ҳолате ки вай хунравии ҳармоҳа дошта бошад, ҳар дуи онҳо нисбат ба ҳолати хунравӣ бепарвогӣ кардаанд.+ Онҳо бояд аз миёни халқи худ решакан шаванд.
19 Бо холаат ё аммаат ҳамхоб нашав, то бар сари хеши наздикат шармандагӣ наорӣ.+ Ҳар ду шахсе, ки ба ин кор даст задааст, барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад. 20 Касе, ки бо янгаи худ ҳамхоб шавад, бар сари амак ё тағояш шармандагӣ меорад.+ Ҳар ду шахсе, ки ба ин кор даст задааст, барои гуноҳаш ҷавоб медиҳад. Онҳо бояд бефарзанд бимиранд. 21 Агар мард зани бародарашро бигирад, кори нафратоваре мекунад.+ Ӯ бар сари бародараш шармандагӣ овардааст. Онҳо бояд бефарзанд шаванд.
22 Ҳама фармудаҳои маро ба амал оред ва ҳукмҳои маро риоя кунед,+ то замине, ки шуморо ба он мебарам, шуморо қай накунад.+ 23 Расму оини мардумеро, ки аз пеши шумо меронам,+ риоя накунед, зеро ман онҳоро барои ҳамин корҳояшон бад мебинам.+ 24 Барои ҳамин ман ба шумо гуфтам: “Шумо замини онҳоро соҳиб мешавед, заминеро, ки ширу асал дар он ҷорист,+ ва ман онро ба шумо медиҳам. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам, ки шуморо аз халқҳои дигар ҷудо кардаам”.+ 25 Шумо бояд ҳайвони покро аз нопок ва парандаи покро аз нопок фарқ кунед.+ Худро бо ҳеҷ як ҳайвон, паранда ё ҷонвари хурде, ки бар замин роҳ мераваду ман онро бароятон ҳаром эълон кардаам, нопок насозед.+ 26 Шумо бояд дар назари ман пок бошед, зеро ман, Яҳува, пок ҳастам+ ва шуморо аз халқҳои дигар ҷудо месозам, то халқи ман бошед.+
27 Ҳар пурсандаи арвоҳ ва ҳар фолбин, хоҳ мард бошад, хоҳ зан, бояд ҳатман кушта шавад.+ Мардум бояд онҳоро сангсор кунад. Хуни онҳо бар гардани худашон аст”».