Забур
Суруди болобароӣ.
129 Бигзор Исроил бигӯяд:
«Аз ҷавониям онҳо доимо ба ман ҳамла меоварданд,+
2 Аз ҷавониям доимо ба ман ҳамла меоварданд,+
Вале бар ман дастболо нагардиданд.+
3 Ҷуфтгарон бар тахтапуштам шудгор мекарданд,+
Ҷӯякҳои худро дароз мекашиданд».
5 Ҳамаи онҳое, ки Сионро бад мебинанд,
Шармсор шуда, шармандавор қафо мегарданд.+
6 Онҳо мисли алафи рӯйи бом мешаванд,
Ки ҳанӯз ноканда хушк гаштааст.
7 Он чунон ночиз аст, ки на дасти даравгарро пур мекунад
Ва на бағали дарзабандро.
8 Роҳгузаре, ки онҳоро бубинад, намегӯяд:
«Баракати Яҳува бар шумо бод,
Бароятон аз номи Яҳува баракат мехоҳем».