Ирмиё
22 Яҳува мегӯяд: «Ба қасри подшоҳи Яҳудо бирав ва ин паёмро расон. 2 Чунин бигӯ: “Суханони Яҳуваро бишнав, эй подшоҳи Яҳудо, ки бар тахти Довуд нишастаӣ — ту, хизматгоронат ва халқат — ҳамаи касоне, ки аз ин дарвозаҳо медароед. 3 Яҳува чунин мегӯяд: “Тарафдори адолату росткорӣ бошед. Ғоратшударо аз дасти қаллоб раҳо кунед. Ғарибро ба танг наоред ва ятиму бевазанро азоб надиҳед.+ Дар ин макон хуни бегуноҳро нарезед.+ 4 Агар шумо ба ин суханон бодиққат гӯш диҳед, он гоҳ подшоҳоне, ки бар тахти Довуд нишастаанд,+ савори аспу ароба бо хизматгорону халқашон аз дарвозаҳои ин хона хоҳанд даромад.+
5 Вале, агар ба ин суханон гӯш надиҳед, ба номи худам қасам ки,— мегӯяд Яҳува,— ин хона ба харобазор табдил меёбад”.+
6 Яҳува дар бораи хонадони подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:
“Ту бароям мисли Ҷилъодӣ,
Монанди қуллаи Лубнонӣ,
Вале ман туро ба биёбон табдил хоҳам дод,
Ҳеҷ яке аз шаҳрҳоят одамнишин нахоҳад шуд.+
7 Ман бар зидди ту харобгаронро таъйин мекунам,
Ҳар яки онҳо дар даст аслиҳа доранд.+
Онҳо беҳтарин дарахтони сидраатро мебуранд
Ва ба оташ мепартоянд.+
8 Халқҳои зиёде аз пеши ин шаҳр гузашта, ба якдигар хоҳанд гуфт: “Барои чӣ Яҳува бо ин шаҳри бузург чунин кард?”+ 9 Онҳо ҷавоб хоҳанд дод: “Барои он ки онҳо аҳди Худояшон Яҳуваро тарк намуданд ва худоҳои дигарро саҷдаю ибодат карданд”.+
10 Барои мурда гиря накунед
Ва барои ӯ мотам нагиред,
Балки барои касе, ки меравад, хун бигирйед,
Зеро ӯ дигар зодгоҳашро нахоҳад дид.
11 Яҳува дар бораи Шаллуми*+ писари Юшиёи подшоҳи Яҳудо, ки ба ҷойи падараш Юшиё подшоҳ шуд+ ва аз ин макон рафт, чунин мегӯяд: “Ӯ дигар барнамегардад. 12 Ӯ дар сарзамине, ки ба асирӣ бурда шуд, хоҳад мурд ва ин заминро дигар нахоҳад дид”.+
13 Вой бар ҳоли касе, ки хонаашро бар росткорӣ
Ва болохонаҳояшро бар инсоф бино намекунад.
Касе, ки ёрашро муфт кор мефармояд
Ва ба ӯ музд намедиҳад.+
14 Ӯ мегӯяд: “Бароям хонаи калон
Бо болохонаҳои барҳаво месозам.
Бар он тирезаҳо мешинонам
Ва бо дарахти сидра рӯпӯш карда, бо ранги сурх ранг мекунам”.
15 Оё фикр мекунӣ, ки, агар аз дигарон бештар дарахти сидраро истифода барӣ, ҳукмрониятро давом медиҳӣ?
16 Ӯ ба доди ғамзадаву бечора мерасид,
Барои ҳамин некуаҳвол буд.
Магар маро шинохтан ҳамин нест? — мегӯяд Яҳува.—
17 Аммо чашму дили ту фақат аз пайи ризқи ҳаром,
Рехтани хуни бегуноҳ
Ва бо роҳи фиребу зӯрӣ ғун кардани мол аст”.
18 Аз ин рӯ Яҳува дар бораи Еҳуёқими+ писари Юшиёи подшоҳи Яҳудо чунин мегӯяд:
“Барои ӯ нола карда, ба якдигар нахоҳанд гуфт:
“Вой, эй бародарам! Вой, эй хоҳарам!”
Барои ӯ нола нахоҳанд кард:
“Вой хӯҷаин! Вой аълоҳазрат!”
20 Ба Лубнон баро ва фарёд бизан,
Бар Бошон овозатро баланд кун
Ва аз Аборим+ доду фиғон бизан,
Зеро ҳама хушдоронат шикаст хӯрдаанд.+
21 Ман дар замони тинҷиву оромият ба ту гап задам,
Вале ту гуфтӣ: “Гӯш намекунам!”+
Ту аз ҷавоният ҳамин хел мекардӣ
Ва ба овози ман гӯш намедодӣ.+
22 Шамол ҳама чӯпононатро чӯпонӣ хоҳад кард+
Ва хушдоронат ба асирӣ бурда хоҳанд шуд.
Он гоҳ ба сабаби ҳама бадбахтиҳоят шармандаву сарпаст хоҳӣ шуд.
23 Эй сокини Лубнон,+
Ки дар миёни сидраҳо+ лона сохтаӣ,
Чӣ қадар ту аз дарди ҷонкоҳ оҳу воҳ хоҳӣ кард,
Мисли зане, ки дар вақти зоиш азоб мекашад.+
24 Ба ҳаёти худ қасам,— мегӯяд Яҳува, Худои зинда,— ҳатто агар ту, эй Кониёи*+ писари Еҳуёқими+ подшоҳи Яҳудо, дар дасти ростам ангуштарини муҳрдор мебудӣ, аз он ҷо ҳам туро кашида мепартофтам! 25 Ман туро ба дасти онҳое, ки қасди ҷонатро доранду ту аз онҳо метарсӣ, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил ва ба дасти калдониён, месупорам.+ 26 Ман тую модаратро, ки туро зодааст, ба замини дигаре, ки он ҷо ба дунё наомадаед, мепартоям ва шумо он ҷо хоҳед мурд. 27 Шумо ба замине, ки пазмонаш мешавед, нахоҳед баргашт.+
28 Оё ин шахс — Кониё, зарфи нафратовару шикаста
Ва кӯзаи нодаркорест?
Чаро ӯву наслаш берун афканда шуда,
Ба замини барояшон ношиносе партофта мешаванд?”+
29 Эй замин, эй замин, эй замин, сухани Яҳуваро бишнав.
30 Яҳува чунин мегӯяд:
“Дар бораи ин шахс нависед, ки ӯ бефарзанд мегардад,
Ва як умр бебарор мемонад,
Зеро ҳеҷ яке аз наслаш бар тахти Довуд нишаста,
Бар Яҳудо ҳукмронӣ нахоҳад кард”».+