ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Филиппиён 4
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари Филиппиён

      • Ягонагӣ, шодӣ, фикрҳои дуруст (1–9)

        • Ғами чизеро нахӯред (6, 7)

      • Миннатдорӣ барои ғамхории филиппиён (10–20)

      • Хайрухуш (21–23)

Филиппиён 4:1

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «Ҳазрат».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Тс 2:19
  • +Фп 1:27

Филиппиён 4:2

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «Ҳазрат».

Оятҳои иловагӣ

  • +Рм 15:5, 6; 1Қр 1:10; 2Қр 13:11; Фп 2:2; 1Пт 3:8

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    8.2019, саҳ. 9-10

    Бурҷи дидбонӣ,

    11.2016, саҳ. 14-15

Филиппиён 4:3

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 69:28; Лқ 10:20

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    9.2022, саҳ. 15-16

Филиппиён 4:4

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «Ҳазрат».

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 64:10; 1Тс 5:16

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.4.2011, саҳ. 20

Филиппиён 4:5

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ба гузашт кардан тайёр».

  • *

    Ё, эҳтимол, «Ҳазрат».

Оятҳои иловагӣ

  • +Тит 3:2; Яқ 3:17

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    12.2021, саҳ. 29-30

Филиппиён 4:6

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 6:25; Лқ 12:22
  • +Юҳ 16:23; Рм 12:12; 1Пт 5:6, 7

Индексҳо

  • Роҳнамо

    То абад зинда бошед!, дарси 9

    Бурҷи дидбонӣ,

    2.2020, саҳ. 21-22

    Дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»,

    6.2019, саҳ. 6

    Бурҷи дидбонӣ,

    8.2017, саҳ. 10-11

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.11.2009, саҳ. 1

Филиппиён 4:7

Оятҳои иловагӣ

  • +Юҳ 16:33; Рм 5:1
  • +Қл 3:15

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    1.2024, саҳ. 21-22

    То абад зинда бошед!, дарси 9

    Бурҷи дидбонӣ,

    4.2019, саҳ. 8, 13

    Бурҷи дидбонӣ,

    10.2018, саҳ. 28

    Бурҷи дидбонӣ,

    8.2017, саҳ. 8-12

Филиппиён 4:8

Оятҳои иловагӣ

  • +Қл 3:2

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    10.2022, саҳ. 9

    То абад зинда бошед!, дарси 41

    «Муҳаббати Худо», саҳ. 71-72

Филиппиён 4:9

Оятҳои иловагӣ

  • +Фп 3:17

Филиппиён 4:10

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «Ҳазрат».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 11:8, 9

Филиппиён 4:11

Оятҳои иловагӣ

  • +1Тм 6:6, 8; Ибр 13:5

Филиппиён 4:12

Оятҳои иловагӣ

  • +1Қр 4:11; 2Қр 6:4, 10; 11:27

Филиппиён 4:13

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 40:29; 2Қр 4:7; 12:9, 10

Индексҳо

  • Роҳнамо

    То абад зинда бошед!, дарси 40

Филиппиён 4:15

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 11:8, 9

Филиппиён 4:18

Оятҳои иловагӣ

  • +Фп 2:25
  • +2Мс 29:18

Филиппиён 4:19

Оятҳои иловагӣ

  • +2Қр 9:8

Филиппиён 4:22

Эзоҳҳо

  • *

    Қайсар — унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.

Оятҳои иловагӣ

  • +Фп 1:12, 13

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.2.2013, саҳ. 16

    15.4.2011, саҳ. 32

Филиппиён 4:23

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.2.2012, саҳ. 18

Асосӣ

Флп. 4:11Тс 2:19
Флп. 4:1Фп 1:27
Флп. 4:2Рм 15:5, 6; 1Қр 1:10; 2Қр 13:11; Фп 2:2; 1Пт 3:8
Флп. 4:3Зб 69:28; Лқ 10:20
Флп. 4:4Зб 64:10; 1Тс 5:16
Флп. 4:5Тит 3:2; Яқ 3:17
Флп. 4:6Мт 6:25; Лқ 12:22
Флп. 4:6Юҳ 16:23; Рм 12:12; 1Пт 5:6, 7
Флп. 4:7Юҳ 16:33; Рм 5:1
Флп. 4:7Қл 3:15
Флп. 4:8Қл 3:2
Флп. 4:9Фп 3:17
Флп. 4:102Қр 11:8, 9
Флп. 4:111Тм 6:6, 8; Ибр 13:5
Флп. 4:121Қр 4:11; 2Қр 6:4, 10; 11:27
Флп. 4:13Иш 40:29; 2Қр 4:7; 12:9, 10
Флп. 4:152Қр 11:8, 9
Флп. 4:18Фп 2:25
Флп. 4:182Мс 29:18
Флп. 4:192Қр 9:8
Флп. 4:22Фп 1:12, 13
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
Филиппиён 4:1–23

Филиппиён

4 Эй бародаронам, эй шодии дил ва тоҷи сарам,+ ман шуморо дӯст медорам ва ташнаи дидоратон ҳастам. Эй азизон, дар роҳи Худованд* устувор бимонед.+

2 Аз Авҳудия ва аз Сунтихӣ хоҳиш мекунам, ки дар хизмати Худованд* ҳамфикр бошанд.+ 3 Аз ту низ, эй ҳамкори бовафоям, хоҳиш мекунам, ки ба ин занон ёрӣ расонӣ, зеро онҳо барои хушхабар бо ману Қлимис ва дигар ҳамкоронам, ки номашон дар дафтари ҳаёт навишта шудааст,+ паҳлу ба паҳлу мубориза бурдаанд.

4 Дар хизмати Худованд* ҳамеша шодӣ кунед. Боз мегӯям: шодӣ кунед!+ 5 Бигзор ҳама шуморо чун одамони боандеша*+ шиносанд. Худованд* наздик аст. 6 Ғами чизеро нахӯред,+ балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед,+ 7 он гоҳ осоиштагии+ Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ нигаҳбонӣ мекунад.+

8 Ниҳоят, эй бародарон, дар бораи ҳар он чӣ росту шоиста аст, ҳар он чӣ дуруст ва поку муҳаббатангез аст, ҳар он чӣ лоиқи таъриф аст, ҳар он чӣ нек ва сазовори ситоиш аст, доимо андеша ронед.+ 9 Он чизҳоеро, ки аз ман омӯхтаед, қабул кардаед, шунидаед ва дидаед, ба ҷо оред,+ он гоҳ Худои сулҳу осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд.

10 Ман чун хизматгори Худованд* бениҳоят шодам, ки ҳоло шумо боз дар бораи ман фикр мекунед.+ Албатта, шумо пештар ҳам ғами маро мехӯрдед, аммо барои ёрӣ додан имконият надоштед. 11 Инро барои он намегӯям, ки муҳтоҷам, чунки дар ҳар вазъу шароит қаноат карданро ёд гирифтаам.+ 12 Ман чӣ будани камбағалӣ+ ва чӣ будани фаровониро медонам. Ман фаҳмидам, ки чӣ тавр дар ҳар чиз ва дар ҳар ҳолат, хоҳ дар серӣ ва хоҳ дар гуруснагӣ, хоҳ дар фаровонӣ ва хоҳ дар муҳтоҷӣ, қаноат кунам. 13 Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиз аз дастам меояд.+

14 Лекин хуб кардед, ки дар азобҳоям мададгорам будед. 15 Шумо, эй бародарони филиппӣ, ҳамчунин медонед, ки, вақте бори аввал хушхабарро эълон мекардам, ва, вақте Мақдунияро тарк кардам, ғайр аз шумо ягон ҷамоат ба ман ёрдам надодааст ва ёрдамамро қабул накардааст.+ 16 Вақте дар Таслӯникӣ будам, шумо як бор не, ду бор ба ман кумак фиристодед. 17 Мақсади гапам аз шумо ҳадия рӯёндан нест, ман фақат ҳаминро мехоҳам, ки самари корҳои некатон зиёд шавад. 18 Ҳадияе, ки бо дасти Эпафродитус+ ба ман фиристодед, мисли бӯйи форам,+ қурбонии ба Худо писанд аст. Акнун ман ҳама чизи зарурӣ ва ҳатто зиёда аз онро дорам. 19 Худои ман бошад, ба воситаи Исои Масеҳ бо сарвати пурҷалолаш ҳар камбудии шуморо пур мекунад.+ 20 Худо ва Падари моро то абад ҷалол бод! Омин.

21 Ба ҳамаи покон, ки пайрави Исои Масеҳанд, аз номи ман салом расонед. Бародароне, ки бо мананд, ба шумо салом мерасонанд. 22 Ҳамаи покон, хусусан онҳое, ки аз хонаводаи қайсаранд*,+ ба шумо салом мегӯянд.

23 Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ бо рӯҳияи хуби шумо бод!

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан