5 Мӯсо
10 Дар он вақт Яҳува ба ман гуфт: “Мисли аввала барои худ ду лавҳаи сангин битарош+ ва пеши ман ба кӯҳ баро. Ҳамчунин сандуқе аз чӯб бисоз. 2 Ман бар ин лавҳаҳо суханонеро менависам, ки дар лавҳаҳои аввалаи шикастаат буданд ва ту онҳоро дар сандуқ бимон”. 3 Он гоҳ ман сандуқе аз чӯби ақоқиё сохтам ва мисли лавҳаҳои аввала ду лавҳаи сангин тарошида, бо он ду лавҳа дар даст ба кӯҳ баромадам.+ 4 Сипас Яҳува бар лавҳаҳо он чизеро навишт, ки дар лавҳаҳои пештара буд,+ яъне Даҳ амрро,+ ки ба ту дар кӯҳ аз миёни оташ,+ дар рӯзи ҷамъомад гуфта буд.+ Баъд Яҳува онҳоро ба ман дод. 5 Ман тоб хӯрда, аз кӯҳ фаромадам+ ва лавҳаҳоро дар сандуқе, ки сохта будам, мондам ва онҳо то ба ҳол дар он ҷоянд, ҳамон тавре ки Яҳува фармуда буд.
6 Сипас исроилиён аз Баирӯт-Банӣ-Яъқон ба Мӯсера рафтанд. Ҳорун дар он ҷо мурду гӯронда шуд+ ва писараш Элъозор ба ҷойи ӯ коҳин* гардид.+ 7 Аз он ҷо онҳо ба Ҷудҷӯд рафтанд ва аз Ҷудҷӯд ба Ётвото,+ ба замине, ки чашмаҳои оби бисёр дошт.
8 Дар он вақт Яҳува қабилаи Левиро+ ҷудо кард, то сандуқи аҳди Яҳуваро бардоранд,+ дар пеши Яҳува биистанд ва хизмати ӯро ба ҷо оваранд ва ба номи ӯ дуои нек кунанд,+ ҳамон тавре ки то ба имрӯз мекунанд. 9 Барои ҳамин ба қабилаи Левӣ дар миёни бародаронаш ҳисса ва меросе дода нашуд. Мероси ӯ Яҳува аст, чуноне ки Худоят Яҳува ба вай гуфтааст.+ 10 Ман дар кӯҳ мисли пештара, 40 рӯзу 40 шаб,+ истодам ва Яҳува ин дафъа ҳам ба ман гӯш дод.+ Яҳува нахост, ки туро нобуд кунад. 11 Баъд Яҳува ба ман гуфт: “Бархоста, пешопеши халқ равона шав ва онҳоро барои кӯчидан тайёр кун, то онҳо заминеро, ки ман ба бобоёнашон қасам хӯрда ваъда додаам, соҳиб шаванд”.+
12 Эй Исроил, Худоят Яҳува аз ту чӣ талаб дорад?+ Талабаш фақат ин аст, ки аз Худоят Яҳува битарсӣ,+ бо ҳамаи роҳҳои ӯ равона шавӣ+ ва ӯро дӯст бидорӣ ва ба Худоят Яҳува бо тамоми дил ва бо тамоми ҷони худ+ хизмат кунӣ 13 ва амрҳою фармудаҳои Яҳуваро, ки ман имрӯз ба ту бар фоидаи худат мефармоям, риоя намоӣ.+ 14 Осмон, авҷи фалак ва замину ҳар он чӣ дар он аст, аз Худоят Яҳува мебошад.+ 15 Аммо Яҳува танҳо бобоёни туро ба худаш ҷалб намуд ва онҳоро дӯст дошт ва ӯ туро, ки фарзанди онҳо мебошӣ, аз миёни ҳамаи халқҳо хуш кард+ ва имрӯз ту аз они ӯ ҳастӣ. 16 Дили худро пок гардонед*+ ва гарданкашӣ накунед.+ 17 Охир, Худоятон Яҳува Худои худоён+ ва Худованди худовандон аст, Худои бузург, пурзӯр ва пурҳашаматест, ки ба ҳама бо як чашм менигарад+ ва пора намегирад. 18 Ӯ ба доди ятиму бевазан мерасад+ ва ғарибро дӯст дошта,+ ба вай хӯроку пӯшок медиҳад. 19 Ту низ ғарибро дӯст дор, зеро ки худат дар Миср ғариб будӣ.+
20 Аз Худоят Яҳува битарс, ӯро парастиш намо+ ва ба ӯ бичасп ва танҳо ба номи ӯ қасам хӯр. 21 Ту бояд танҳо ӯро ҷалол диҳӣ.+ Ӯ Худои туст, ки бароят ин корҳои бузург ва пурҳашаматро, ки бо чашмонат дидаӣ, ба амал овардааст.+ 22 Вақти ба Миср рафтанашон бобоёнатон 70 нафар буданд,+ вале ҳоло Худоят Яҳува туро мисли ситорагони осмон сершумор гардондааст.+