Юшаъ
9 Вақте ҳамаи подшоҳоне, ки дар тарафи ғарбии Урдун буданд,+ ин воқеаро шуниданд, яъне подшоҳони ҳиттиён, амӯриён, канъониён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиён,+ ки дар кӯҳистон, дар Шефило, қад-қади соҳили баҳри Бузург+ ва рӯ ба рӯйи Лубнон, зиндагӣ мекарданд, 2 муттаҳид шуданд, то бар зидди Юшаъ ва Исроил биҷанганд.+
3 Мардуми Ҷибъӯн+ низ шуниданд, ки Юшаъ дар ҳаққи Ериҳӯ+ ва Ой+ чӣ кор кард. 4 Онҳо зиракона амал карда тӯшаро бар халтаҳои куҳнаашон андохтанд ва бар харон бор карданд ва машкҳои фарсуда ва даридаву дарбеҳшударо* бо худ гирифтанд. 5 Инчунин онҳо пойафзоли куҳнаву дарбеҳшуда ва либосҳои лах-лах пӯшиданд. Ҳамаи нонҳои тӯшаашон қоқу реза-реза шуда буданд. 6 Онҳо назди Юшаъ ба хаймагоҳи Ҷилҷол+ омаданд ва ба ӯву мардони Исроил гуфтанд: «Мо аз ҷойи дур омадем. Бо мо аҳд бандед». 7 Аммо мардони Исроил ба ҳиввиён+ гуфтанд: «Мумкин, шумо дар наздикии мо бошед. Пас, чӣ тавр мо бо шумо аҳд баста метавонем?»+ 8 Онҳо ба Юшаъ ҷавоб доданд: «Мо ғуломони туем».
Юшаъ ба онҳо гуфт: «Шумо кистед ва аз куҷо омадед?» 9 Онҳо дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: «Ғуломонат аз замини хеле дурдаст+ ба хотири номи Худоят Яҳува омадаанд, зеро овозаи шуҳрати ӯ ва ҳамаи корҳое, ки ӯ дар Миср карда буд, ба гӯшамон расид.+ 10 Мо шунидем, ки ӯ бо ду подшоҳи амӯрӣ, ки дар он тарафи Урдун* буданд, чӣ кор кард, яъне Сиҳӯн+ подшоҳи Ҳешбӯн ва Ӯҷ,+ подшоҳи Бошон, ки дар Ашторӯт буд. 11 Аз ин рӯ пирони мо ва тамоми мардуми заминамон ба мо гуфтанд: “Бо худ тӯшаи роҳ бигиред ва ба пешвози онҳо биравед. Ба онҳо бигӯед: “Мо ғуломи шумо мешавем,+ бо мо аҳд бандед”.+ 12 Мо аз хонаҳои худ ин нонҳоро гармогарм чун тӯшаи роҳ гирифта, баромадем, то назди шумо биёем. Ҳоло бошад, чи тавре ки мебинед, нонҳо хушк ва реза-реза шудаанд.+ 13 Вақте ин машкҳоро аз шароб пур кардем, онҳо нав буданд, аммо ҳоло даридаанд.+ Либосҳо ва пойафзоламон низ аз дурии роҳ куҳна шудаанд».
14 Мардони Исроил тӯшаи онҳоро гирифта, аз назар гузаронданд, аммо дар ин масъала аз Яҳува маслиҳат напурсиданд.+ 15 Юшаъ бо онҳо сулҳ баст+ ва аҳду паймон кард, ки онҳоро зинда мемонад, сардорони халқ низ ба онҳо қасам ёд карданд.+
16 Баъд аз гузаштани се рӯз, ки онҳо аҳд баста буданд, исроилиён фаҳмиданд, ки он мардон дар наздикии онҳо зиндагӣ мекунанд ва ҳамсоягонашон мебошанд. 17 Исроилиён равона шуда, дар рӯзи сеюм ба шаҳрҳои онҳо расиданд. Шаҳрҳои онҳо чунин ном доштанд: Ҷибъӯн,+ Кефиро, Баирӯт ва Қирят-Яърим.+ 18 Аммо исроилиён ба онҳо ҳамла наоварданд, зеро сардорони халқ ба номи Яҳува, Худои Исроил, қасам хӯрда буданд.+ Аз ин рӯ тамоми мардум аз сардорони халқ шикоят кардан гирифтанд. 19 Он гоҳ сардорони халқ ба тамоми мардум гуфтанд: «Мо ба номи Яҳува, Худои Исроил, ба онҳо қасам хӯрдаем, барои ҳамин ба онҳо зарар расонда наметавонем. 20 Мо ин тавр мекунем: онҳоро зинда мемонем, то аз барои қасаме, ки ба онҳо додаем, гирифтори ғазаби Худо нашавем».+ 21 Сардорони халқ ба мардум гуфтанд: «Бигзор онҳо зинда монанд ва барои тамоми халқ ҳезум шикананд ва об кашонанд». Ин аст ваъдае, ки сардорони халқ ба онҳо доданд.
22 Юшаъ онҳоро фарёд карда гуфт: «Чаро моро фиреб дода гуфтед: “Мо аз шумо хеле дур зиндагӣ мекунем”, ҳол он ки дар миёни мо зиндагӣ мекунед?+ 23 Акнун шумо лаънатзада ҳастед+ ва шумо ғулом гардида, доимо барои хонаи Худои мо ҳезум мешиканед ва об мекашонед». 24 Онҳо ба Юшаъ гуфтанд: «Ба гӯши ғуломонат хабар расид, ки Яҳува Худои ту ба Мӯсо амр фармудааст, ки тамоми ин заминро ба шумо диҳад ва сокинони онро аз пеши шумо нест кунад+. Мо аз тарси ҷонамон+ ҳамин тавр кардем.+ 25 Инак, мо дар дасти туем. Ҳар чӣ дар назарат хуб ва дуруст бошад, бо мо бикун». 26 Ӯ бо онҳо чунин кард: онҳоро аз дасти исроилиён халос кард ва онҳоро накуштанд. 27 Юшаъ дар он рӯз ба онҳо супориш дод, ки барои мардум ва қурбонгоҳи Яҳува, дар ҷое ки Ӯ интихоб кунад,+ ҳезум шикананд ва об кашонанд.+ Барои ҳамин онҳо то имрӯз ҳамин тавр мекунанд.+