ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Воқеанома 26
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Воқеанома

      • Узиёи шоҳи Яҳудо (1–5)

      • Ҷангҳои Узиё (6–15)

      • Узиё гирифтори махав мешавад (16–21)

      • Марги Узиё (22, 23)

2 Воқеанома 26:1

Оятҳои иловагӣ

  • +Мт 1:8
  • +4Пш 14:21

2 Воқеанома 26:2

Эзоҳҳо

  • *

    Яъне падараш Амасё.

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 9:26; 4Пш 16:6
  • +4Пш 14:22

2 Воқеанома 26:3

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 1:1; 6:1
  • +4Пш 15:2

2 Воқеанома 26:4

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 14:1, 3

2 Воқеанома 26:5

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 14:7; Зб 1:2, 3

2 Воқеанома 26:6

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 8:1; 2Вқ 21:16; Иш 14:29
  • +1Вқ 18:1
  • +Юш 15:11, 12
  • +Юш 15:20, 46; 1Пш 5:1

2 Воқеанома 26:7

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 17:11

2 Воқеанома 26:8

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 19:36, 38; Дв 11:15

2 Воқеанома 26:9

Эзоҳҳо

  • *

    Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 14:13; Ир 31:38; Зк 14:10
  • +Нҳё 3:13
  • +2Вқ 14:2, 7

2 Воқеанома 26:10

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 9:17

2 Воқеанома 26:11

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 24:11
  • +4Мс 1:2, 3; 2Пш 24:9

2 Воқеанома 26:13

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 11:1; 13:3; 14:8; 17:14; 25:5

2 Воқеанома 26:14

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 11:5, 12
  • +1Пш 17:4, 5
  • +Дв 20:16; 1Пш 17:49; 1Вқ 12:1, 2

2 Воқеанома 26:15

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 14:2, 7

2 Воқеанома 26:16

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 1:51

2 Воқеанома 26:18

Оятҳои иловагӣ

  • +4Мс 16:39, 40; 18:7
  • +2Мс 30:7; 1Вқ 23:13

2 Воқеанома 26:19

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 16:10; 25:15, 16
  • +4Мс 12:10; 4Пш 5:27

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Тарҷумаи Дунёи Нав, саҳ. 1948

2 Воқеанома 26:20

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Тарҷумаи Дунёи Нав, саҳ. 1953

2 Воқеанома 26:21

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 13:45, 46; 4Мс 5:2; 12:14, 15
  • +4Пш 15:5–7

2 Воқеанома 26:22

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 1:1; 6:1

2 Воқеанома 26:23

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 15:32

Асосӣ

2 Воқ. 26:1Мт 1:8
2 Воқ. 26:14Пш 14:21
2 Воқ. 26:23Пш 9:26; 4Пш 16:6
2 Воқ. 26:24Пш 14:22
2 Воқ. 26:3Иш 1:1; 6:1
2 Воқ. 26:34Пш 15:2
2 Воқ. 26:44Пш 14:1, 3
2 Воқ. 26:52Вқ 14:7; Зб 1:2, 3
2 Воқ. 26:62Пш 8:1; 2Вқ 21:16; Иш 14:29
2 Воқ. 26:61Вқ 18:1
2 Воқ. 26:6Юш 15:11, 12
2 Воқ. 26:6Юш 15:20, 46; 1Пш 5:1
2 Воқ. 26:72Вқ 17:11
2 Воқ. 26:81Мс 19:36, 38; Дв 11:15
2 Воқ. 26:94Пш 14:13; Ир 31:38; Зк 14:10
2 Воқ. 26:9Нҳё 3:13
2 Воқ. 26:92Вқ 14:2, 7
2 Воқ. 26:104Пш 9:17
2 Воқ. 26:112Вқ 24:11
2 Воқ. 26:114Мс 1:2, 3; 2Пш 24:9
2 Воқ. 26:132Вқ 11:1; 13:3; 14:8; 17:14; 25:5
2 Воқ. 26:142Вқ 11:5, 12
2 Воқ. 26:141Пш 17:4, 5
2 Воқ. 26:14Дв 20:16; 1Пш 17:49; 1Вқ 12:1, 2
2 Воқ. 26:152Вқ 14:2, 7
2 Воқ. 26:164Мс 1:51
2 Воқ. 26:184Мс 16:39, 40; 18:7
2 Воқ. 26:182Мс 30:7; 1Вқ 23:13
2 Воқ. 26:192Вқ 16:10; 25:15, 16
2 Воқ. 26:194Мс 12:10; 4Пш 5:27
2 Воқ. 26:213Мс 13:45, 46; 4Мс 5:2; 12:14, 15
2 Воқ. 26:214Пш 15:5–7
2 Воқ. 26:22Иш 1:1; 6:1
2 Воқ. 26:234Пш 15:32
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Воқеанома 26:1–23

2 Воқеанома

26 Пас аз ин тамоми мардуми Яҳудо Узиёи+ 16-соларо ба ҷойи падараш Амасё подшоҳ кард.+ 2 Баъд аз он ки подшоҳ* бо бобоёнаш хобид, Узиё шаҳри Эйлотро+ ба Яҳудо баргардонда, аз нав бино кард.+ 3 Ӯ+ дар 16-солагиаш подшоҳ шуд ва 52 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Еколёҳу ном дошта, аз Ерусалим буд.+ 4 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Амасё мекард.+ 5 Ӯ дар айёми Закарё, ки ба ӯ худотарсиро таълим медод, Худоро ҷӯё буд. Тамоми он вақте ки ӯ Яҳуваро меҷуст, Худо ӯро комёб мекард.+

6 Узиё рафта, бо фалиштиён+ ҷангид ва ҳисори Ҷат,+ Ябне+ ва Ашдӯдро+ рахна кард. Сипас ӯ дар минтақаи Ашдӯд ва дар замини фалиштиён шаҳрҳо сохт. 7 Худо ба ӯ ёрӣ медод, ки бо фалиштиён, бо арабҳое,+ ки дар Гур-Баал мезистанд, ва бо Мауним биҷангад. 8 Инчунин аммӯниён+ ба Узиё хироҷ медоданд. Шуҳрати ӯ оқибат то худи Миср паҳн шуд, зеро ӯ хеле пурзӯр гашта буд. 9 Ғайр аз ин, Узиё дар Ерусалим назди дарвозаи Кунҷакӣ,+ дарвозаи Водӣ+ ва Танба бурҷҳо* сохта,+ онҳоро мустаҳкам намуд. 10 Ӯ ҳамчунин дар биёбон бурҷҳо+ сохт ва обанборҳои зиёде канд (зеро ӯ чорвои бисёр дошт), ӯ дар Шефило ва паҳнкӯҳ низ чунин кард. Узиё дар кӯҳистон ва дар Кармил деҳқонону токпарварон дошт, чунки киштукорро дӯст медошт.

11 Илова бар ин, Узиё лашкари барои ҷанг мусаллаҳе дошт, ки гурӯҳ-гурӯҳ шуда ба ҷанг мерафт. Яиили котиб+ ва Маасиёҳуи фармондеҳ зери назорати Ҳананё, ки яке аз мирони шоҳ буд, онҳоро шуморида, рӯйхат карданд.+ 12 Шумораи сарварони хонаводаҳое, ки ин ҷанговарони пурзӯрро роҳбарӣ мекарданд, 2600 нафар буд. 13 Ҷанговарони зердасти онҳо 307 500 нафари барои ҷанг тайёр буданд — онҳо лашкари пурзӯре буданд ва дар ҷанг бо душман подшоҳро дастгирӣ мекарданд.+ 14 Узиё тамоми лашкарашро бо сипар, найза,+ кулоҳ, ҷавшан,+ камон ва сангҳои фалахмон+ таъмин кард. 15 Боз ӯ дар Ерусалим олоти ҷангие сохт, ки амали устоҳои моҳир буд, ва онҳоро дар бурҷҳою+ кунҷҳои ҳисор гузошт, то тирҳову сангҳои калон андозанд. Шуҳрати Узиё то ҷойҳои дурдаст паҳн шуд, зеро ба ӯ кумаки зиёде расонда шуд, ва ӯ хеле қавӣ гашт.

16 Ҳамин ки Узиё қавӣ гашт, дилаш мағрур шуд ва ин ба шикасти ӯ оварда расонд, зеро ӯ ба Худояш Яҳува бевафоӣ карда ба ибодатгоҳи Яҳува даромад ва бар қурбонгоҳи бухурсӯзӣ бухур сӯзонданӣ шуд.+ 17 Он вақт Азарёи коҳин ва ҳамроҳаш 80 коҳини далери Яҳува дарҳол аз паси ӯ даромаданд. 18 Онҳо ба шоҳ Узиё муқобилат намуда, гуфтанд: «Эй Узиё, раво нест, ки барои Яҳува бухур сӯзонӣ!+ Фақат коҳинон метавонанд бухур сӯзонанд, зеро онҳо аз авлоди Ҳорун+ буда, поку муқаддас гаштаанд. Аз муқаддасгоҳ баро, зеро ту бевафоӣ кардӣ ва Яҳува Худо туро барои ин корат сарбаланд намекунад».

19 Вале Узиё, ки барои сӯзондани бухур дар даст бухурдон дошт, аз коҳинон хашмгин шуд,+ он гоҳ ба ҳузури коҳинон дар пешонии Узиё, ки дар хонаи Яҳува, назди қурбонгоҳи бухурсӯзӣ, истода буд, махав+ пайдо шуд. 20 Азарёи саркоҳин ва ҳамаи коҳинони дигар ба ӯ назар андохта диданд, ки бар пешониаш махав аст. Онҳо зуд ӯро аз он ҷо бароварданд ва худи ӯ низ саросема шуда баромад, чунки Яҳува ӯро зарба зад.

21 Шоҳ Узиё то рӯзи маргаш махав буд. Ӯ махавӣ шуда дар хонаи алоҳида мезист+ ва наметавонист ба хонаи Яҳува дохил шавад. Ба корҳои қасри подшоҳ бошад, писараш Ютом таъйин шуда буд ва ӯ мардуми кишварро доварӣ мекард.+

22 Воқеаҳои дигари ҳаёти Узиёро, аз аввал то охир, пайғамбар Ишаъё,+ писари Омӯс, навиштааст. 23 Узиё ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро бо бобоёнаш, вале берун аз қабристони шоҳон, дар саҳро, гӯронданд, зеро гуфтанд: «Ӯ махавӣ буд». Ба ҷойи ӯ писараш Ютом+ подшоҳ шуд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан