2 Воқеанома
27 Ютом+ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Ерушои духтари Содӯқ буд.+ 2 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард, ҳамон тавре ки падараш Узиё мекард,+ фақат ки худсарона ба ибодатгоҳи Яҳува надаромад.+ Вале мардум ҳанӯз бадкорӣ менамуд. 3 Ютом дарвозаи болои хонаи Яҳуваро+ сохт ва дар ҳисори Ӯфал+ сохтмони бисёре кард. 4 Инчунин ӯ дар кӯҳистони Яҳудо+ шаҳрҳо+ бино кард ва дар ҷангалзорҳо истеҳкомҳову+ бурҷҳо*+ сохт. 5 Ӯ бо подшоҳи аммӯниён+ ҷангида, аз онҳо зӯр баромад ва аммӯниён он сол ба вай 100 киккар* нуқра, 10 000 халта гандум ва 10 000 халта ҷав* доданд. Онҳо соли дуюм ва сеюм низ чунин карданд.+ 6 Ютом торафт пурзӯр мешуд, чунки роҳҳои худро дар пеши Худояш Яҳува рост карда буд.
7 Воқеаҳои дигари ҳаёти Ютом, тамоми ҷангҳо ва корҳои ӯ, дар Китоби шоҳони Исроил ва Яҳудо навишта шудааст.+ 8 Ӯ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+ 9 Ютом ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар Шаҳри Довуд+ гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Оҳоз подшоҳ шуд.+