ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 1 Подшоҳон 4
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 1 Подшоҳон

      • Сандуқи Худо ба дасти фалиштиён меафтад (1–11)

      • Марги Элӣ ва писаронаш (12–22)

1 Подшоҳон 4:3

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 28:15, 25; 32:30; Дв 2:14
  • +2Пш 15:25

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    15.9.2015, саҳ. 27

1 Подшоҳон 4:4

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «дар миёни».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 25:18; 4Мс 7:89; 4Пш 19:15; Зб 80:1
  • +1Пш 2:12

1 Подшоҳон 4:7

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 14:25; 15:14

1 Подшоҳон 4:8

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 7:5; Зб 78:43, 51

1 Подшоҳон 4:9

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 28:48; Дв 10:7; 13:1

1 Подшоҳон 4:10

Оятҳои иловагӣ

  • +3Мс 26:14, 17; 5Мс 28:25; 1Пш 4:2

1 Подшоҳон 4:11

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 2:31, 34; 4:3, 17; Зб 78:61, 64

1 Подшоҳон 4:12

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 7:6

1 Подшоҳон 4:13

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 4:4

1 Подшоҳон 4:15

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 3:2

1 Подшоҳон 4:17

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 3:11
  • +1Пш 2:34
  • +1Пш 4:10, 11

1 Подшоҳон 4:19

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «падаршӯю».

1 Подшоҳон 4:21

Эзоҳҳо

  • *

    Маънояш «Ҷалол куҷост?».

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 14:3
  • +Зб 78:61
  • +1Пш 2:32, 34; 4:5, 11

1 Подшоҳон 4:22

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 4:11; Ир 7:12

Асосӣ

1 Подш. 4:35Мс 28:15, 25; 32:30; Дв 2:14
1 Подш. 4:32Пш 15:25
1 Подш. 4:42Мс 25:18; 4Мс 7:89; 4Пш 19:15; Зб 80:1
1 Подш. 4:41Пш 2:12
1 Подш. 4:72Мс 14:25; 15:14
1 Подш. 4:82Мс 7:5; Зб 78:43, 51
1 Подш. 4:95Мс 28:48; Дв 10:7; 13:1
1 Подш. 4:103Мс 26:14, 17; 5Мс 28:25; 1Пш 4:2
1 Подш. 4:111Пш 2:31, 34; 4:3, 17; Зб 78:61, 64
1 Подш. 4:12Юш 7:6
1 Подш. 4:131Пш 4:4
1 Подш. 4:151Пш 3:2
1 Подш. 4:171Пш 3:11
1 Подш. 4:171Пш 2:34
1 Подш. 4:171Пш 4:10, 11
1 Подш. 4:211Пш 14:3
1 Подш. 4:21Зб 78:61
1 Подш. 4:211Пш 2:32, 34; 4:5, 11
1 Подш. 4:221Пш 4:11; Ир 7:12
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
1 Подшоҳон 4:1–22

1 Подшоҳон

4 Самуили пайғамбар каломи Худоро ба тамоми Исроил мерасонд.

Исроил ба ҷанги фалиштиён баромад. Исроилиён назди Эбен-Эзер урду заданд, фалиштиён бошанд, дар Афиқ. 2 Фалиштиён ба муқобили Исроил саф кашида, ҷангиданд, вале рафти муҳориба ба фоидаи исроилиён набуд ва онҳо ҷангро ба фалиштиён бой доданд. Фалиштиён қариб 4000 мардро дар майдони ҷанг зарба заданд. 3 Вақте ки халқ аз ҷанг ба урдугоҳ баргашт, пирони Исроил гуфтанд: «Чаро Яҳува раво дид, ки мо имрӯз пеши фалиштиён шикаст хӯрем?+ Биёед сандуқи аҳди Яҳуваро аз Шилӯ гирифта,+ бо худ барем, то ки бо мо бошад ва моро аз дасти душман наҷот диҳад». 4 Халқ ба Шилӯ кас фиристода, сандуқи аҳди Яҳува, Худои лашкарҳоро, ки бар* каррубиён+ бар тахт менишинад, аз он ҷо овард. Ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос,+ низ дар он ҷо ҳамроҳи сандуқи аҳди Худо буданд.

5 Ҳамин ки сандуқи аҳди Яҳува ба урдугоҳ ворид шуд, ҳамаи исроилиён чунон бонгу фарёд заданд, ки замин ба ларза омад. 6 Вақте ки садои доду фарёди исроилиён ба гӯши фалиштиён расид, онҳо гуфтанд: «Дар урдугоҳи ибриён чӣ гап аст ки, онҳо ин қадар баланд дод мезананд?» Оқибат онҳо фаҳмиданд, ки сандуқи Яҳуваро ба урдугоҳ овардаанд. 7 Фалиштиён ба тарсу ваҳм афтода гуфтанд: «Худо ба он урдугоҳ омадааст!»+ Онҳо гуфтанд: «Вой ба ҳоли мо, зеро чизи ба ин монанд пеш аз ин рӯй надода буд! 8 Вой ба ҳоли мо! Кӣ моро аз дасти ин Худои боҳашамат наҷот медиҳад? Ин ҳамон Худоест, ки Мисрро бо ҳар гуна бало дар биёбон зарба зада буд.+ 9 Эй фалиштиён, далер бошед ва мардвор амал кунед, то ки ба ибриён хизмат накунед, чуноне ки онҳо ба шумо хизмат мекарданд!+ Мард бошеду биҷангед!» 10 Фалиштиён ҷангида, Исроилро шикаст доданд+ ва ҳар як исроилӣ сӯйи хаймаи худ гурехт. Дар он рӯз куштори азиме ба амал омад: аз исроилиён 30 000 сарбози пиёда фурӯ ғалтид. 11 Ғайр аз ин, сандуқи Худо ба дасти душман афтод ва ду писари Элӣ, Ҳофнӣ ва Финҳос, кушта шуданд.+

12 Худи ҳамон рӯз марди бинёминие, ки либосашро чок зада, хок бар сар карда буд,+ аз майдони ҷанг тозон ба Шилӯ омад. 13 Ҳангоми омадани вай Элӣ бар курсӣ дар сари роҳ интизор менишаст, зеро дилаш барои сандуқи Худо хавотир буд.+ Он мард ба шаҳр даромада, аз ҷанг хабар овард ва аҳли шаҳр гиряву фиғон бардошт. 14 Элӣ садои фиғонро шунида пурсид: «Ин доду ғирев аз барои чист?» Он мард саросемавор омада, ба Элӣ хабарҳоро расонд. 15 (Элӣ он вақт 98-сола буд ва чашмонаш беҳаракат буданду чизеро намедиданд.)+ 16 Он мард ба Элӣ гуфт: «Ман аз майдони ҷанг омадам! Ман аз ҷойи задухӯрд ҳамин рӯз гурехта омадам». Элӣ аз ӯ пурсид: «Дар он ҷо чӣ шуд, писарам?» 17 Он хабаррасон нақл кард: «Лашкари Исроил торумор шуд ва аз пеши фалиштиён гурехт.+ Ҳар ду писарат, Ҳофнӣ ва Финҳос, кушта шуданд+ ва сандуқи Худо ба дасти душман афтод».+

18 Ҳамин ки Элӣ дар бораи сандуқи Худо шунид, дар назди дарвоза аз курсиаш пуштнокӣ афтид ва гарданаш шикасту ӯ мурд, чунки пир ва гарон буд. Ӯ Исроилро 40 сол доварӣ кард. 19 Келини Элӣ, зани Финҳос, ҳомила буд ва моҳаш даромада буд. Вақте ӯ шунид, ки сандуқи Худо ба дасти душман афтод ва хусуру* шавҳараш мурданд, аз дард дуқат шуд, чунки ногаҳон дарди зоишаш гирифт, ва ӯ таваллуд кард. 20 Дар вақти мурданаш заноне, ки дар пешаш буданд, ба ӯ гуфтанд: «Натарс, чунки ту писар таваллуд кардӣ». Лекин ӯ дар ҷавоб чизе нагуфт ва ба гапи онҳо аҳамият надод. 21 Ӯ ба писараш Ихобӯд*+ ном дода, гуфт: «Ҷалоли Исроил ба асирӣ бурда шуд»,+ зеро ки сандуқи Худоро забт карданд ва хусуру шавҳараш мурданд.+ 22 Ӯ гуфт: «Ҷалоли Исроил ба асирӣ бурда шуд, зеро сандуқи Худо ба дасти душман афтод».+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан