1 Подшоҳон
3 Дар он вақт Самуили писарак дар пеши Элӣ ба Яҳува хизмат мекард.+ Каломи Яҳува дар он рӯзҳо камёфт буд ва рӯъёҳо+ қариб ки набуданд.
2 Рӯзе Элӣ дар ҷойи худ дароз кашида буд, чашмони ӯ хира шуда буданд ва ӯ чизеро дида наметавонист.+ 3 Чароғи хонаи Худо+ ҳоло хомӯш нашуда буд ва Самуил дар ибодатгоҳи*+ Яҳува, дар ҷое ки сандуқи Худо меистод, мехобид. 4 Яҳува Самуилро фарёд кард ва ӯ гуфт: «Лаббай!» 5 Ӯ давида назди Элӣ рафт ва гуфт: «Лаббай! Ту маро фарёд кардӣ?» Аммо Элӣ гуфт: «Ман туро фарёд накардаам, рафта, бихоб». Самуил рафт ва хобид. 6 Яҳува бори дигар фарёд карда гуфт: «Самуил!» Самуил хест ва назди Элӣ рафта, гуфт: «Лаббай! Ту маро фарёд кардӣ?» Аммо Элӣ гуфт: «Не, писарам, ман туро фарёд накардаам. Рафта, бихоб». 7 (Самуил ҳанӯз Яҳуваро намешинохт ва аз Яҳува пайғоме нагирифта буд.)+ 8 Яҳува бори сеюм фарёд карда гуфт: «Самуил!» Ӯ бархост ва назди Элӣ рафта, гуфт: «Лаббай! Ту маро фарёд кардӣ?»
Он гоҳ Элӣ фаҳмид, ки писаракро Яҳува фарёд кардааст. 9 Элӣ ба Самуил гуфт: «Рафта, бихоб ва, агар ӯ бори дигар туро фарёд кунад, чунин бигӯ: “Эй Яҳува, бигӯ, бандаат туро гӯш мекунад”». Самуил рафта, дар ҷойи худ хоб кард.
10 Яҳува омада, дар он ҷо истод ва мисли дафъаҳои пеш фарёд карду гуфт: «Самуил, Самуил!» Самуил гуфт: «Бигӯ, зеро бандаат гӯш мекунад». 11 Яҳува ба Самуил гуфт: «Инак, ман дар Исроил коре мекунам, ки ҳар касе дар бораи он шунавад, ҳар ду гӯшаш садо медиҳад.+ 12 Дар он рӯз ман ҳар он чиро, ки дар бораи Элӣ ва хонадони ӯ гуфтам, як ба як иҷро мекунам.+ 13 Ба ӯ бигӯ, ки ман хонадони ӯро барои гуноҳе, ки ӯ аз он огоҳ буд,+ ба сурати абадӣ доварӣ мекунам, зеро писарони ӯ Худоро лаънат мехонанд,+ аммо ӯ ҷилави онҳоро намекашад.+ 14 Аз ин рӯ ман ба хонадони Элӣ қасам хӯрдам, ки қурбониҳову ҳадияҳо ҳеҷ гоҳ гуноҳи хонадони ӯро рӯпӯш намекунанд».+
15 Самуил то саҳар хоб рафт ва саҳарӣ дарҳои хонаи Яҳуваро кушод. Ӯ тарсид, ки он рӯъёро ба Элӣ нақл кунад. 16 Вале Элӣ Самуилро фарёд карда гуфт: «Самуил, писарам!» Ӯ гуфт: «Лаббай!» 17 Ӯ пурсид: «Ӯ ба ту чӣ хабар дод? Илтимос, аз ман пинҳон накун. Агар аз тамоми суханони ӯ як калимаро аз ман пинҳон дорӣ, Худо туро ба балоҳо гирифтор хоҳад кард». 18 Самуил ҳама чиро ба Элӣ нақл кард ва чизеро аз вай пинҳон надошт. Он гоҳ Элӣ гуфт: «Ин хости Яҳува аст ва чизе, ки дар назараш дуруст бошад, ҳамонро мекунад».
19 Самуил калон мешуд ва Яҳува бо ӯ буду намегузошт, ки ҳатто як суханаш иҷро нашавад*.+ 20 Тамоми Исроил, аз Дон то Баир-Шобаъ, хабар ёфт, ки Яҳува Самуилро пайғамбари худ таъйин кардааст. 21 Яҳува дар Шилӯ боз намудор шудан гирифт. Яҳува худро дар он ҷо ба Самуил ошкор мекард ва ӯ аз Яҳува паём мегирифт.+