Забур
Таронаи Довуд.
2 Бигзор дуоям барои ту мисли бухуре бошад,+ ки дар пеши ту тайёр шудааст,+
Дасти ба дуо бардоштаам мисли ҳадияи ғаллаи бегоҳӣ.+
3 Бар даҳонам посбон бигузор, эй Яҳува,
Бар дарвозаи лабонам дидбон.+
4 Нагузор, ки дилам ба чизи бад моил шавад,+
То ба бадии бадкорон шарик нашавам
Ва аз нозу неъматашон начашам.
5 Агар росткор маро бизанад, бароям меҳру вафо аст,+
Агар маро сарзаниш кунад, равған аст бар сарам,+
Онро сарам рад нахоҳад кард.+
Ҳатто вақти бадбахтиҳояшон дуогӯйи онҳо хоҳам буд.
6 Доварони халқ аз ҷарӣ партофта шудаанд,
Вале халқ ба ман диққат хоҳад дод, зеро суханонам дилпазиранд.
7 Чи тавре ки ҳангоми ҷуфт кардан хок пора-пора мегардад,
Ҳамон тавр устухонҳои мо дар коми гӯр титу парешон мешаванд.
8 Аммо чашмони ман сӯйи ту нигаронанд, эй Яҳува, Парвардигор.+
Ба ту паноҳ мебарам.
Ҷонамро нагир.
9 Маро аз қапқоне, ки бароям гузоштаанд, нигаҳ дор,
Аз домҳои бадкирдорон халосӣ деҳ.
10 Бадкорон аз як сар ба доми худ хоҳанд афтод,+
Ман бошам, сиҳату саломат хоҳам гузашт.