3 Мӯсо
22 Яҳува боз бо Мӯсо сухан ронда гуфт: 2 «Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯй, ки бо чизҳои муқаддас, ки исроилиён барои ман ҷудо карда меоранд, эҳтиёткорона муносибат кунанд+ ва номи поки маро беҳурмат нагардонанд.+ Ман Яҳува ҳастам. 3 Ба онҳо бигӯй: “Агар касе аз наслҳои ояндаи шумо ҳангоми нопок буданаш ба чизҳои муқаддас, ки исроилиён барои Яҳува ҷудо карда меоранд, наздик ояд, он шахс бояд кушта шавад ва аз ҳузури ман нест шавад.+ Ман Яҳува ҳастам. 4 Чунин шахсон аз насли Ҳорун наметавонанд то пок шуданашон+ аз чизҳои муқаддас бихӯранд: ҳар кӣ махав+ дошта бошад, аз олати ҷинсиаш нопокӣ ҷорӣ бошад,+ аз баданаш нутфа ҷорӣ шуда бошад,+ ба шахсе, ки ба мурда даст расонда нопок гаштааст,+ расида бошад, 5 ба ягон ҷонзоди хурди нопок даст расонда бошад+ ва ба касе даст расонда бошад, ки ба ягон сабаб нопок аст.+ 6 Касе, ки ба яке аз инҳо даст мерасонад, то бегоҳ нопок мемонад ва наметавонад аз чизҳои муқаддас бихӯрад. Ӯ бояд дар об шустушӯ кунад.+ 7 Баъди нишастани офтоб ӯ пок мешавад ва метавонад аз чизҳои муқаддас бихӯрад, зеро ин хӯроки ӯст.+ 8 Ҳамчунин ӯ набояд ҳайвони ҳароммурда ё ҳайвони даридаро хӯрда нопок шавад.+ Ман Яҳува ҳастам.
9 Онҳо бояд вазифаи худро дар пеши ман иҷро кунанд, то гунаҳкор нашаванду аз сабаби беэҳтиромиашон намиранд. Ман Яҳува ҳастам, ки онҳоро поку муқаддас мегардонам.
10 Ягон шахси ғайр* наметавонад аз чизи муқаддас бихӯрад.+ На ғарибе, ки дар хонаи коҳин аст, ва на мардикори ӯ наметавонад аз чизи муқаддас бихӯрад. 11 Лекин, агар коҳин касеро бихарад, он шахс зархариди ӯст ва метавонад аз он бихӯрад. Ғуломоне, ки дар хонаи ӯ таваллуд шудаанд, метавонанд хӯроки ӯро бихӯранд.+ 12 Агар духтари коҳин касеро, ки коҳин нест, шавҳар кунад, ӯ наметавонад аз чизҳои муқаддас бихӯрад. 13 Лекин, агар духтари коҳин бевазан шавад ё аз шавҳараш ҷудо шаваду бефарзанд монад ва ба хонаи падараш баргашта, мисли айёми ҷавонияш дар он ҷо зиндагӣ кунад, ӯ метавонад аз хӯроки падараш бихӯрад,+ лекин ҳеҷ шахси ғайр* набояд аз он бихӯрад.
14 Агар касе хато карда аз чизҳои муқаддас бихӯрад, ӯ бояд панҷяки онро бар он илова карда, чизи муқаддасро ба коҳин бидиҳад.+ 15 Коҳинон набояд чизҳои муқаддасеро, ки исроилиён ба Яҳува меоранд, беҳурмат кунанд+ 16 ва сабабгори он шаванд, ки исроилиён аз чизҳои муқаддаси худ хӯрда гунаҳкор шаванд; зеро ман Яҳува ҳастам, ки онҳоро поку муқаддас мегардонам”».
17 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 18 «Ба Ҳорун ва писарони ӯ ва ба тамоми исроилиён чунин бигӯ: “Вақте касе аз хонадони Исроил ё ягон ғарибе аз рӯйи назр* барои Яҳува қурбонии сӯхтанӣ орад+ ё онро чун ҳадияи ихтиёрӣ орад,+ 19 бигзор буққаи солим,+ қӯчқори ҷавони солим ё нарбузи солимеро орад, то соҳиби розигии Худо шавад. 20 Шумо набояд қурбониеро оред, ки айб дошта бошад,+ зеро он гоҳ розигии Худоро соҳиб намешавед.
21 Агар касе аз рӯйи назр барои Яҳува қурбонии осоиштагӣ орад+ ё онро чун ҳадияи ихтиёрӣ орад, он бояд чорпои солиме аз миёни гову молаш бошад, то соҳиби розигии Худо шавад. Қурбонӣ набояд ягон айбе дошта бошад. 22 Ҳайвони кӯр, маъюб ва захмдор ё чорпоеро, ки озах, ҷароҳат ва шукуфа дошта бошад, ба ҳузури Яҳува наоред ва онро барои Яҳува чун қурбонӣ бар қурбонгоҳ нагузоред. 23 Ту метавонӣ буққа ё гӯсфандеро, ки даст ё пояш аз ҳад дароз ё кӯтоҳ аст, чун ҳадияи ихтиёрӣ биёрӣ, лекин чун назр он қабул карда намешавад. 24 Ҳайвонеро, ки хояҳояш маҷак, ё кӯфта, ё канда, ё бурида шудааст, барои Яҳува наор. Чунин ҳайвонро набояд дар замини худ чун қурбонӣ биёрӣ. 25 Аз дасти бегонагон чунин қурбониҳоро чун нони Худои худ пешкаш накунед, зеро онҳо айбу нуқсон доранд. Онҳоро қурбон карда, шумо розигии Худоро соҳиб намешавед”».
26 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 27 «Вақте буққача ё қӯчқор ё бузғола зоида мешавад, бигзор он бо модари худ ҳафт рӯз бимонад,+ аммо аз рӯзи ҳаштум инҷониб метавонед онро чун қурбоние, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешавад, биёред. Он бо розигӣ қабул хоҳад шуд. 28 Аммо гов ё гӯсфандро бо бачаи он дар як рӯз сар набуред.+
29 Агар шумо барои Яҳува қурбонии шукргузорӣ биёред,+ бояд онро барои розигии ӯро соҳиб шудан қурбон кунед. 30 Онро дар рӯзи қурбон карданаш хӯред: аз он то саҳар ҳеҷ чиз боқӣ намонад.+ Ман Яҳува ҳастам.
31 Амрҳои маро риоя кунед ва онҳоро ба ҷо оред.+ Ман Яҳува ҳастам. 32 Номи поки маро беҳурмат нагардонед,+ то дар миёни исроилиён маро поку муқаддас шуморанд.+ Ман Яҳува ҳастам, ки шуморо поку муқаддас мегардонам+ 33 ва шуморо аз замини Миср берун овардаам, то Худои шумо бошам.+ Ман Яҳува ҳастам».