Забур
Таронаи Осаф.+
50 Худои худоён, Яҳува,+ сухан ронд.
Ӯ аз шарқ то ғарб
Тамоми халқи заминро ҷамъ меорад.
2 Аз Сион, ки камоли зебоист,+ Худо нур меафканад.
3 Худои мо меояд ва хомӯш нахоҳад монд.+
5 Ӯ мегӯяд: «Содиқони маро ҷамъ оред,
Касонеро, ки ба воситаи қурбонӣ бо ман аҳд бастаанд».+
6 Осмон росткории ӯро эълон мекунад,
Зеро Худо Довар аст.+ (Село)
7 «Эй халқам, маро бишнав ва ман сухан меронам,
Эй Исроил, ман бар зидди ту шаҳодат медиҳам.+
Ман Худо, Худои туям.+
8 Туро на аз барои қурбониҳоят сарзаниш мекунам
Ва на барои қурбониҳои сӯхтаниат, ки доимо дар пеши мананд.+
9 Ман ба буққаи хонаат
Ва ба нарбузи оғилат зор нестам,+
10 Зеро тамоми ҳайвоноти ҷангал аз они ман аст,+
Ҳайвонҳое, ки бар ҳазорҳо кӯҳҳоянд.
11 Ҳар як мурғи кӯҳсорро медонам+
Ва ҷонварони бешумори саҳро аз они мананд.
12 Агар гушна мемондам, ба ту намегуфтам,
Зеро замин ва ҳар чӣ дар он аст, аз они мананд.+
13 Магар ман гӯшти говонро мехӯрам
Ва хуни бузонро менӯшам?+
14 Бигзор қурбонии ту барои Худо шукрона бошад.+
Назрҳои* худро дар пеши Худои Таоло иҷро намо.+
16 Вале ба бадкор Худо мегӯяд:
17 Охир, ту аз насиҳат нафрат дорӣ
Ва суханони маро пушти по мезанӣ.+
19 Бо даҳонат суханони бадро паҳн мекунӣ
Ва ба забонат фиреб часпидааст.+
21 Вақте чунин кардӣ, ман хомӯш мондам,
Аз ин рӯ ту фикр кардӣ, ки ман ҳам мисли туям,
Вале ҳоло ман туро сарзаниш мекунам
Ва туро айбдор хоҳам кард.+
22 Инро бифаҳмед, эй касоне, ки Худоро фаромӯш кардаед,+
Вагарна ман шуморо пора-пора мекунам ва шумо ба халосгар зор мешавед.
23 Касе, ки шукронаро ҳамчун қурбонии худ пешкаш мекунад, маро ҷалол медиҳад.+
Ба касе, ки дар роҳи рост устувор аст,
Наҷоти Худоро нишон хоҳам дод».+