Ишаъё
38 Дар он рӯзҳо Ҳизқиё бемор шуд ва дар дами марг буд.+ Ишаъёи+ пайғамбари писари Омӯс назди ӯ омада, гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ба аҳли хонадони худ васият кун, зеро ту сиҳат намешавӣ, балки мемурӣ”».+ 2 Инро шунида Ҳизқиё рӯяшро сӯйи девор кард ва ба Яҳува дуо гуфт: 3 «Эй Яҳува, зорӣ мекунам ба ёд ор,+ ки чӣ тавр ман дар пеши ту содиқона рафтор кардам ва дилам пурра бо ту буд.+ Ман он чиро, ки дар назари ту дуруст буд, ба ҷо овардам». Чунин гуфта, Ҳизқиё зор-зор гирист.
4 Сипас Яҳува ба Ишаъё паём фиристода гуфт: 5 «Баргард ва ба Ҳизқиё бигӯ:+ “Яҳува, Худои бобоят Довуд, чунин мегӯяд: “Ман дуои туро шунидам+ ва оби дидаатро дидам.+ Инак, ман умри туро 15 сол дароз мекунам+ 6 ва туву ин шаҳрро аз дасти шоҳи Ошур халос менамоям ва ин шаҳрро ҳимоя мекунам.+ 7 Аломат аз ҷониби Яҳува, яъне аломати он ки Яҳува суханашро иҷро мекунад, чунин аст:+ 8 инак, ман сояеро, ки бар зинапояи* Оҳоз мефарояд, даҳ зина ақиб мегардонам”».+ Ҳамин тавр ҳам шуд: офтоб ақиб гашту сояе, ки аллакай бар зинапоя фаромада буд, даҳ зина қафо рафт.
9 Ин аст суханоне, ки Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо дар бистари беморӣ ва баъд аз шифо ёфтанаш навишт:
10 Ман гуфтам: «Дар миёнсолиям
Бояд аз дарвозаҳои гӯр гузарам.
Аз солҳои боқимондаи худ маҳрум мешавам».
11 Ман гуфтам: «Ёҳ*, Ёҳро дигар дар замини зиндаҳо нахоҳам дид.+
Вақте ба сокинони макони нобудӣ ҳамроҳ шавам,
Дигар ба рӯйи одамизод нигоҳ нахоҳам кард.
12 Манзили ман чун хаймаи чӯпониест,
Ки ҷамъ карда, гирифта мешавад.+
Чуноне ки бофанда порчаи матоъро мепечонад, ончунон ҳаётамро печонидаам.
Ӯ риштаи умри маро чун торҳои дастгоҳи бофандагӣ меканад.
Аз субҳ то шом ту маро нобуд месозӣ.+
13 Худро то саҳар ором месозам.
Ӯ чун шер тамоми устухонҳои маро мешиканад.
Аз субҳ то шом ту маро нобуд месозӣ.+
Чашмонам хастаҳолона боло менигаранд:+
“Эй Яҳува, дар азоби сахтам, ба ман мадад кун!”+
15 Чӣ гӯям?! Ӯ ба ман гуфт ва амал кард.
Дарду азобамро* дар ёд дошта
Тамоми солҳои умрам бо сари хам роҳ хоҳам рафт.
16 “Эй Яҳува, бо онҳо* ҳар инсон
Ва рӯҳи ман низ зинда аст.
Ту маро шифо медиҳӣ ва зинда нигаҳ медорӣ.+
17 Ба ҷойи осоиштагӣ ман азият доштам,
Аммо ту аз рӯйи муҳаббати худ
Ҷони маро аз чоҳи ҳалокат нигаҳ доштӣ.+
Ту ҳамаи гуноҳҳои маро ба пушти худ партофтӣ*.+
Онҳое, ки ба қабр фурӯ мераванд, наметавонанд ба вафодории ту умед банданд.+
19 Зинда, фақат зинда, туро ҳамд мегӯяд,
Чуноне ки ман имрӯз мегӯям.
Падар метавонад ба писаронаш вафодории туро нақл кунад.+
20 Эй Яҳува, маро наҷот деҳ!
21 Ишаъё гуфт: «Кулчае аз анҷири хушк биёред ва онро ба болои пучак гузоред, то ки ӯ шифо ёбад».+ 22 Пеш аз ин Ҳизқиё пурсида буд: «Аломати он ки ман ба хонаи Яҳува меравам, чист?»+