1 Мӯсо
5 Ин аст китоби таърихи Одам: дар рӯзе ки Худо Одамро офарид, ӯро монанди Худо офарид.+ 2 Ӯ онҳоро марду зан офарид.+ Дар рӯзи офарида шуданашон+ онҳоро баракат дод ва одам номид.
3 Одам 130 сол зиндагӣ кард ва баъд писаре ба монанди худ ва ба сурати худ ба дунё овард ва ӯро Шет+ номид. 4 Баъди таваллуди Шет Одам 800 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 5 Одам ҳамагӣ 930 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.+
6 Шет 105 сол зиндагӣ кард ва Анӯшро+ ба дунё овард. 7 Баъди таваллуди Анӯш Шет 807 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 8 Шет ҳамагӣ 912 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
9 Анӯш 90 сол зиндагӣ кард ва Қенонро ба дунё овард. 10 Баъди таваллуди Қенон Анӯш 815 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 11 Анӯш ҳамагӣ 905 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
12 Қенон 70 сол зиндагӣ кард ва Маҳалалилро+ ба дунё овард. 13 Баъди таваллуди Маҳалалил Қенон 840 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 14 Қенон ҳамагӣ 910 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
15 Маҳалалил 65 сол зиндагӣ кард ва Ёрадро+ ба дунё овард. 16 Баъди таваллуди Ёрад Маҳалалил 830 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 17 Маҳалалил ҳамагӣ 895 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
18 Ёрад 162 сол зиндагӣ кард ва Ҳанӯхро+ ба дунё овард. 19 Баъди таваллуди Ҳанӯх Ёрад 800 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 20 Ёрад ҳамагӣ 962 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
21 Ҳанӯх 65 сол зиндагӣ кард ва Матушолаҳро+ ба дунё овард. 22 Баъди таваллуди Матушолаҳ Ҳанӯх боз 300 сол бо Худо роҳ рафт ва писарону духтарон ба дунё овард. 23 Ҳанӯх ҳамагӣ 365 сол зиндагӣ кард. 24 Ҳанӯх бо Худо роҳ мерафт+ ва баъд аз назар гум шуд, чунки Худо ӯро гирифт.+
25 Матушолаҳ 187 сол зиндагӣ кард ва Ломакро+ ба дунё овард. 26 Баъди таваллуди Ломак Матушолаҳ 782 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 27 Матушолаҳ ҳамагӣ 969 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
28 Ломак 182 сол зиндагӣ кард ва писаре ба дунё овард. 29 Номи ӯро Нӯҳ*+ монд ва гуфт: «Ӯ моро аз меҳнати пуразоб ва пурмашаққати дастонамон, дар замине, ки Яҳува онро лаънат хондааст,+ сабукӣ* мебахшад». 30 Баъди таваллуди Нӯҳ Ломак 595 сол зиндагӣ кард ва писарону духтарон ба дунё овард. 31 Ломак ҳамагӣ 777 сол зиндагӣ кард ва баъд мурд.
32 Баъди 500-сола шуданаш Нӯҳ соҳиби се фарзанд гардид: Сом,+ Ҳом+ ва Ёфат.+