4 Мӯсо
35 Яҳува бо Мӯсо дар даштҳои Мӯоб, назди Урдун,+ дар рӯ ба рӯйи Ериҳӯ сухан ронда гуфт: 2 «Ба исроилиён бифармо, то ба левизодагон аз мероси худ шаҳрҳо барои зиндагӣ кардан ва чарогоҳҳои гирдогирди онҳоро бидиҳанд.+ 3 Онҳо дар шаҳрҳо зиндагӣ хоҳанд кард ва чарогоҳҳо барои гову молашон, дигар чорпоёнашон ва молу мулкашон хоҳад буд. 4 Чарогоҳҳое, ки шумо ба онҳо медиҳед, бояд 1000-газӣ* аз ҳар тарафи девори шаҳр сӯйи берун тӯл кашанд. 5 Берун аз шаҳр, аз тарафи шарқӣ 2000 газ, аз тарафи ҷанубӣ 2000 газ, аз тарафи ғарбӣ 2000 газ ва аз тарафи шимолӣ 2000 газ ҳисоб кунед ва шаҳр бояд дар миёна бошад. Ин чарогоҳҳои шаҳрҳояшон мешавад.
6 Ба левизодагон чунин шаҳрҳоро бидиҳед: 6 шаҳри гурезгоҳ+ барои гурехтани одамкуш+ ва 42 шаҳри дигар. 7 Ба левизодагон ҳамагӣ 48 шаҳр ҳамроҳи чарогоҳҳояшон бидиҳед.+ 8 Ин шаҳрҳое, ки шумо ба онҳо медиҳед, бояд аз мероси исроилиён бошад.+ Аз сершумор бисёртар бигиреду аз камшумор камтар.+ Бигзор ҳар қабила мувофиқи меросе, ки мегирад, ба левизодагон аз замини худ шаҳрҳо бидиҳад».
9 Яҳува суханашро давом дода, ба Мӯсо гуфт: 10 «Бо исроилиён сухан ронда, ба онҳо бигӯй: “Шумо аз Урдун гузашта, ба замини Канъон+ медароед. 11 Барои худ ҳамон шаҳрҳоеро гурезгоҳ интихоб кунед, ки ба он ҷо гурехтан осон бошад. Ба ин шаҳрҳои гурезгоҳатон бояд шахсе гурезад, ки касеро нохост куштааст.+ 12 Ин шаҳрҳо барои одамкуш гурезгоҳ бошанд, то ӯ, пеш аз он ки ҷамоат ӯро мурофиа кунад,+ аз дасти хунхоҳ+ кушта нашавад. 13 Шаш шаҳри гурезгоҳ бояд бо ҳамин мақсад дода шаванд. 14 Бигзор аз ин тарафи Урдун се шаҳри гурезгоҳ бошад+ ва се шаҳри дигар дар замини Канъон.+ 15 Ин шаш шаҳр барои ҳар касе, ки нохост одам куштааст, барои исроилиён, ғарибон+ ва муҳоҷироне, ки дар миёни шумоянд, гурезгоҳ бошанд.+
16 Аммо, агар ӯ касеро бо олати оҳанине бизанаду вай бимирад, ӯ одамкуш аст. Одамкуш бояд ҳатман кушта шавад.+ 17 Агар ӯ касеро бо санге бизанад, ки шахс аз зарбаи он мурда тавонад, ва вай бимирад, ӯ одамкуш аст. Одамкуш бояд ҳатман кушта шавад. 18 Агар ӯ шахсро бо олати чӯбине бизанад, ки шахс аз зарбаи он мурда тавонад, ва вай бимирад, ӯ одамкуш аст. Одамкуш бояд ҳатман кушта шавад.
19 Хунхоҳ худаш бояд одамкушро бикушад. Вақте хунхоҳ одамкушро бубинад, худаш ӯро мекушад. 20 Агар шахс касеро аз бадбинӣ тела диҳад ва вай бимирад ё бо нияти бад+ чизе ба вай партояд 21 ва ё аз бадбинӣ ӯро бо дасташ бизанад ва вай бимирад, ӯ одамкуш аст. Ӯ ҳатман бояд кушта шавад. Хунхоҳ одамкушро, ҳамин ки бо вай дучор ояд, мекушад.
22 Валекин чунин шуданаш мумкин аст, ки шахс нохост ва бе ягон бадбинию қасди бад+ каси дигареро тела диҳад ё ба вай чизе партояд 23 ё ӯро надида бар вай санге афтонад ва ӯ бимирад, дар сурате ки вай душман ё бадхоҳи он шахси мурда набуд. 24 Дар чунин ҳолат ҷамоат бояд миёни шахсе, ки одам куштааст, ва миёни хунхоҳ мувофиқи ин ҳукмҳо доварӣ кунад.+ 25 Ҷамоат бояд одамкушро аз дасти хунхоҳ халос кунад ва ӯро ба шаҳри гурезгоҳ, ки ӯ ба он ҷо гурехта буд, баргардонад ва вай бояд дар он ҷо то мурдани саркоҳине, ки бо равғани муқаддас тадҳин шудааст*,+ бимонад.
26 Вале, агар одамкуш берун аз ҳудуди шаҳр барояд, яъне берун аз шаҳри гурезгоҳе, ки ба он гурехта рафтааст, 27 ва, агар хунхоҳ ӯро берун аз ҳудуди шаҳр ёфта кушад, гуноҳе бар гардани хунхоҳ нахоҳад буд. 28 Охир, он шахс бояд то марги саркоҳин дар шаҳри гурезгоҳ бимонад. Баъди марги саркоҳин ӯ метавонад ба замини меросиаш баргардад.+ 29 Шумо бояд аз насл ба насл дар ҳама ҷойҳои зисти худ аз рӯйи ҳамин қонунҳо доварӣ кунед.
30 Ҳар касе одам бикушад, бояд барои одамкушияш+ бо гувоҳии шоҳидон+ кушта шавад. Аммо ҳеҷ касро набояд бо гувоҳии як шоҳид кушт. 31 Шумо набояд барои халос кардани ҷони одамкуше, ки сазовори марг аст, товон қабул кунед — чунин шахс бояд ҳатман кушта шавад.+ 32 Ҳамчунин шумо набояд барои шахсе, ки одам куштаасту ба шаҳри гурезгоҳ паноҳ овардааст, товон қабул кунед, то ӯ пеш аз марги саркоҳин баргашта, дар замини худ зиндагиро давом диҳад.
33 Заминеро, ки дар он зиндагӣ мекунед, нопок насозед, зеро хун заминро нопок месозад.+ Барои хуни бар замин рехтаи шахс ғайр аз хуни касе, ки онро рехтааст, товони дигаре нест.+ 34 Заминеро, ки дар он зиндагӣ мекунед ва ман дар он ҷо ҳастам, нопок насозед, зеро ман, Яҳува, дар миёни халқи Исроил ҳузур дорам”».+