Айюб
23 Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Ҳатто имрӯз гардан нафуроварда шикоят мекунам.+
Аз оҳу воҳ қувватам тамом шудааст.
3 Кошки медонистам Худоро дар куҷо ёбам!+
Агар медонистам, ба ҷойгоҳи ӯ мерафтам,+
4 Бо даъвои худ дар пеши ӯ ҳозир мешудам
Ва бо даҳони пур аз далел сухан мегуфтам,
5 Ба ҷавобаш гӯш меандохтам
Ва ба суханонаш диққат медодам.
6 Оё дар ин ҳол ӯ бо қуввати бузургаш бо ман зӯрозмоӣ хоҳад кард?
Не, ӯ, бешак, гапи маро гӯш мекунад.+
7 Дар он ҷо росткор масъалаи худро бо ӯ ҳал мекунад
Ва Доварам маро ба таври ҳамешагӣ сафед мекунад.
8 Вале, агар ҳозир сӯйи шарқ равам, ӯро намебинам
Ва, агар баргашта биёям, ӯро намеёбам.
9 Вақте ӯ аз тарафи чапам коре ба амал меорад, ба назарам наметобад.
Ба тарафи рост мегардад, аммо ӯро намебинам.
10 Вале ӯ медонад, ки ман кадом роҳро интихоб кардаам.+
Ман аз тафтишаш мегузарам ва мисли тиллои холис тоза мешавам.+
11 Пойи ман аз пайи қадамҳои ӯ рафтааст.
Ман бо роҳи ӯ рафтаам ва ба ҳеҷ тараф майл накардаам.+
12 Аз амрҳои даҳонаш дур нарафтаам,
Гуфтаҳои ӯро+ ҳатто беш аз он чӣ аз ман талаб кардааст, нигоҳ доштаам.
13 Вақте ӯ ба чизе азм кунад, кист, ки ӯро боздорад?+
Ӯ ҳар он чӣ дилаш хоҳад, мекунад.+
14 Ӯ ҳар чиро, ки дар ҳаққи ман ният кардааст, ба амал меорад
Ва мисли ин ниятҳои бисёре дорад.
15 Барои ҳамин ман хеле хавотирам, ки ӯ бар сарам чӣ меорад.
Вақте дар борааш фикр кунам, тарсам зиёд мешавад.
16 Аз тарси Худо дилам суст шудааст
Ва ваҳми Худои Тавоно* маро зер кардааст.
17 Лекин маро ҳанӯз торикӣ хомӯш накардааст
Ва сиёҳие, ки рӯямро пӯшонидааст, даҳонамро набастааст.