Забур
Суруди болобароӣ. Таронаи Довуд.
Чизҳои бузургро ҳавас намекунам+
Ва чизҳои дастнорасро орзу надорам,
2 Балки нафсамро орому хомӯш кардаам,+
Мисли кӯдаки аз сина ҷудошудае, ки дар бағали модараш аст.
Ман мисли кӯдаки аз сина ҷудошуда қонеъ ҳастам.
3 Эй Исроил, ба Яҳува умед банд,+
Аз ҳозир то абад.