3 Мӯсо
3 Агар шахс аз говони худ ба Яҳува қурбонии осоиштагӣ орад,+ бояд чорпои солимро қурбон кунад, хоҳ он наргов бошад, хоҳ модагов. 2 Ӯ бояд дасташро бар сари ҳадияи худ монад ва он назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ кушта шавад. Он гоҳ коҳинон, писарони Ҳорун, бояд хуни онро гирдогирди қурбонгоҳ пошанд. 3 Ӯ аз қурбонии осоиштагӣ бояд инҳоро чун қурбоние, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонида мешавад, пешкаш кунад:+ чарбуеро,+ ки дар атрофи рӯдаҳо аст, тамоми чарбуеро, ки ба рӯдаҳо часпидааст 4 ва ду гурдаро, ки дар қисми миён ҷойгиранд, бо чарбуе, ки бар онҳост. Ӯ бо гурдаҳо бояд ҳамчунин пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ҷудо кунад.+ 5 Писарони Ҳорун бояд ҳамаи инро бар болои қурбонии сӯхтание монанд, ки он бар ҳезуми қурбонгоҳ, дар болои оташ, гузошта шудааст, ва онро сӯзонанду дуд кунанд.+ Ин қурбонии хушбӯест*, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонида мешавад.+
6 Агар шахс аз рамаи худ барои Яҳува қурбонии осоиштагӣ биёрад, бигзор чорпои солимеро пешкаш кунад, хоҳ он нар бошад, хоҳ мода.+ 7 Агар ӯ қӯчқори ҷавонеро қурбонӣ оварданӣ бошад, бигзор онро ба ҳузури Яҳува биёрад. 8 Сипас шахс бояд дасти худро бар сари қурбонии худ гузорад ва он назди хаймаи ҷомеъ кушта шавад. Писарони Ҳорун хуни онро гирдогирди қурбонгоҳ мепошанд. 9 Ӯ чарбуи қурбонии осоиштагиро ҳамчун ҳадияе, ки дар оташ сӯзонида мешавад, барои Яҳува меорад.+ Ӯ тамоми думбаро то думғоза, чарбуеро, ки дар атрофи рӯдаҳо аст, тамоми чарбуеро, ки ба рӯдаҳо часпидааст 10 ва ду гурдаро, ки дар қисми миён ҷойгиранд, бо чарбуе, ки бар онҳост, ҷудо мекунад. Ӯ бо гурдаҳо ҳамчунин пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ҷудо мекунад.+ 11 Коҳин онро чун ҳиссае* барои Яҳува бар оташ сӯзонида, дуд мекунад.+
12 Агар қурбонии ӯ буз бошад, бигзор онро ба ҳузури Яҳува биёрад. 13 Сипас шахс бояд дасти худро бар сари қурбонии худ гузорад ва он назди хаймаи ҷомеъ кушта шавад ва писарони Ҳорун хуни онро гирдогирди қурбонгоҳ мепошанд. 14 Ӯ бояд инҳоро чун қурбоние, ки пеши Яҳува бар оташ сӯзонида мешавад, пешкаш кунад: чарбуеро, ки дар атрофи рӯдаҳо аст, тамоми чарбуеро, ки ба рӯдаҳо часпидааст,+ 15 ва ду гурдаро, ки дар қисми миён ҷойгиранд, бо чарбуе, ки бар онҳост. Ӯ бо гурдаҳо бояд ҳамчунин пардаи чарбуеро, ки бар ҷигар аст, ҷудо кунад. 16 Коҳин онҳоро чун ҳиссае*, чун қурбонии хушбӯй*, бар оташ сӯзонида, дуд мекунад. Тамоми чарбу аз они Яҳува аст.+
17 Ин барои тамоми насли шумо, дар ҳама ҷойҳои зистатон, амри бардавом аст: ҳеҷ гуна чарбу ва ҳеҷ гуна хун+ нахӯред”».