Наҳемё
11 Мирони халқ дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд,+ боқимондаи халқ бошад, қуръа+ партофт, ки аз ҳар даҳ оилае, ки дар шаҳрҳои дигар зиндагӣ мекунад, як оила омада, дар Ерусалим, дар шаҳри муқаддас, сокин шавад. 2 Халқ ҳамаи онҳоеро, ки бо ихтиёри худ дар Ерусалим сокин шуданд, дуои нек кард.
3 Инҳоянд сардорони вилоят, ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд. (Боқимондаи Исроил, коҳинон, левизодагон, хизматгузорони ибодатгоҳ*+ ва писарони хизматгорони Сулаймон+ дар шаҳрҳои дигари Яҳудо, ҳар яке дар шаҳри худ, дар мулки худ, зиндагӣ мекард.+
4 Дар Ерусалим ҳамчунин баъзе аз мардуми Яҳудо ва Бинёмин зиндагӣ мекарданд.) Аз мардуми Яҳудо: Атоёи писари Узиёи писари Закарёи писари Амарёи писари Шафатёҳуи писари Маҳалалили яке аз писарони Форас+ 5 ва Маасиёҳуи писари Борухи писари Колҳузаи писари Ҳазоёи писари Адоёи писари Юриби писари Закарёи писари Шолаҳ. 6 Ҳамаи писарони Форас, ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд, 468 нафар буда, ҳамаашон мардони кордон буданд.
7 Аз мардуми Бинёмин: Саллуи+ писари Машулломи писари Юиди писари Фадоёи писари Қӯлоёи писари Маасиёҳуи писари Итиили писари Ишаъё 8 ва баъд аз ӯ Ҷаббай ва Саллай — ҳамагӣ 928 нафар. 9 Юили писари Зикрӣ нозири онҳо буд ва Яҳудои писари Ҳаснуо дар шаҳр баъд аз ӯ дуюм буд.
10 Аз коҳинон: Ядоёи писари Юриб, Ёкин,+ 11 Сароёи писари Ҳилқиёҳуи писари Машулломи писари Содӯқи писари Мароюти писари Аҳитуб,+ ки сардори хонаи Худо буд, 12 ва бародаронашон, ки хизмати хонаро ба ҷо меоварданд,— 822 нафар ва Адоёи писари Ерӯҳоми писари Фалалёи писари Амсии писари Закарёи писари Фашҳури+ писари Малкиё 13 ва бародаронаш, сарварони хонаводаҳо,— 242 нафар ва Амашсайи писари Азаръили писари Аҳзайи писари Машиллимӯти писари Иммир 14 ва бародаронаш, ки мардони пурқувват ва далер буданд,— 128 нафар. Нозири онҳо Забдиил буд, ки аз оилаи обрӯманд буд.
15 Аз левизодагон: Шамаъёҳуи+ писари Ҳашшуби писари Азриқоми писари Ҳашабёи писари Буннӣ 16 ва Шабтаю+ Юзобод,+ ки сардори левизодагон буданд ва корҳои беруни хонаи Худоро ба зимма доштанд, 17 ва Маттанёи+ писари Микои писари Забдии писари Осаф,+ ки сардори сарояндагон буда, дар вақти дуо васфу ситоиш гуфтанро роҳбарӣ мекард,+ Бақбуқиё, ки дар байни бародаронаш сардори дуюм буд, ва Абдои писари Шамуаи писари Ҷололи писари Едутун.+ 18 Ҳамаи левизодагоне, ки дар шаҳри муқаддас зиндагӣ мекарданд, 284 нафар буданд.
19 Дарбонон: Аққуб, Талмӯн+ ва бародаронашон, ки назди дарвозаҳо посбонӣ мекарданд, 172 нафар буданд.
20 Исроилиёни боқимонда, коҳинон ва левизодагон дар шаҳрҳои дигари Яҳудо, ҳар яке дар шаҳри меросии худ, зиндагӣ мекард. 21 Хизматгузорони ибодатгоҳ*+ дар Ӯфал+ зиндагӣ мекарданд ва Сиҳову Ҷишфо сардори онҳо буданд.
22 Уззии писари Бонии писари Ҳашабёи писари Маттанёи+ писари Микои яке аз писарони Осаф, ки сароянда буданд, дар Ерусалим нозири левизодагон буд ва корҳои хонаи Худоро назорат мекард. 23 Подшоҳ дар бораи сарояндагон фармон баровард+ ва мувофиқи он онҳоро ҳар рӯз бо чизҳои лозима таъмин мекарданд. 24 Фатаҳёи писари Машизабъил, ки яке аз писарони Зораҳи писари Яҳудо буд, дар ҳар кори вобаста ба халқ маслиҳатгари подшоҳ буд.
25 Маҳалҳои аҳолинишин бо саҳроҳояшон, ки баъзе аз мардуми Яҳудо он ҷо зиндагӣ мекарданд, инҳоянд: Қирят-Арбаъ+ ва шаҳракҳои тобеаш*, Дибӯн ва шаҳракҳои тобеаш, Еқабсиил+ ва маҳалҳояш, 26 Ешуа, Мӯлодо,+ Байт-Фолат,+ 27 Ҳасар-Шуол,+ Баир-Шобаъ ва шаҳракҳои тобеаш, 28 Сиқлоҷ,+ Макуна ва шаҳракҳои тобеаш, 29 Эйн-Риммӯн,+ Соръо,+ Ярмут, 30 Зонӯаҳ,+ Адуллом ва маҳалҳояш, Локиш+ ва саҳроҳояш ва ҳамчунин Азеқо+ ва шаҳракҳои тобеаш. Онҳо аз Баир-Шобаъ то водии Ҳиннӯм+ ҷойгир шуданд.
31 Мардуми Бинёмин дар ҷойҳои зерин ҷойгир шуданд: Ҷабъа,+ Михмос, Ой, Байт-Ил+ ва шаҳракҳои тобеаш, 32 Анотӯт,+ Нуб,+ Ананё, 33 Ҳосӯр, Ромо,+ Ҷиттоим, 34 Ҳодид, Сабӯим, Набаллот, 35 Лӯд, Уну,+ водии ҳунармандон. 36 Баъзе гурӯҳҳои левизодагон аз Яҳудо ба мулки Бинёмин кӯчиданд.