Нолаҳо
5 Эй Яҳува, ба хотир биёр, ки ба сарамон чӣ омадааст.
Бингар ва нанги моро бубин.+
2 Меросамон ба дасти бегонагон гузаштааст, хонаҳоямон ба дасти мардуми ғайр.+
3 Мо ятим шудаем, модаронамон мисли бева гаштаанд.+
4 Оби худро пул дода менӯшем+ ва ҳезуми худро бо музд ба даст меорем.
5 Кам мондааст, ки дунболагиронамон моро дастгир кунанд,
Хаста шудаем, вале намемонанд, ки нафас рост кунем.+
6 Мо сӯйи Миср+ ва Ошур+ дасти ниёз дароз кардем, то нони хӯрданӣ ёбем.
7 Бобоёни гуноҳкорамон мурдаанд, аммо бори хатояшонро мо мекашем.
8 Хизматгорон хӯҷаини мо шуданд ва касе нест, ки моро аз дасти онҳо раҳо кунад.
9 Ҷон дар хатар гузошта, аз шамшери биёбон тарсида, нон меёбем.+
10 Аз азоби гуруснагӣ пӯстамон мисли танӯр тафсидааст.+
11 Занонро дар Сион, бокирагонро дар Яҳудо таҷовуз кардаанд.+
12 Миронро аз дасташон овехтаанд+ ва пиронро эҳтиром намекунанд.+
13 Ҷавонон дастосро* мебардоранд ва писарон зери бори ҳезум меафтанд.
14 Пирон аз назди дарвозаҳо рафтаанд+ ва ҷавонон дигар мусиқӣ наменавозанд.+
15 Хушӣ аз диламон рафтааст ва рақсамон ба мотам табдил ёфтааст.+
16 Тоҷ аз сарамон афтидааст. Вой бар мо, зеро гуноҳ кардаем!
17 Аз ин рӯ диламон бемор+ ва чашмонамон бенур гаштааст,+
18 Охир, Сион харобазор гардидааст+ ва макони рӯбоҳон шудааст.
19 Аммо ту, эй Яҳува, то абад тахтнишинӣ,
Тахти ту ҷовидонист.+
20 Чаро моро фаромӯш кардӣ ва дурудароз тарк намудӣ?+
21 Моро ба сӯят баргардон, эй Яҳува, ва мо бо ҷону дил бармегардем.+
Рӯзҳоямонро мисли пештара гардон.+
22 Аммо ту моро тамоман рад кардаӣ
Ва ҳанӯз бар мо дарғазабӣ.+