Нолаҳо
א [Алиф]
2 Яҳува духтари Сионро бо абри ғазабаш пӯшонидааст.
Ӯ зебоии Исроилро аз осмон ба замин афкандааст.+
Ӯ қадамгоҳи* худро+ дар рӯзи ғазабаш фаромӯш кардааст.
ב [Бет]
2 Яҳува бераҳмона тамоми хонаҳои Яъқубро фурӯ бурдааст.
Дар хашмаш ҳисорҳои духтари Яҳудоро хароб намудааст.+
Ӯ подшоҳӣ+ ва миронашро+ ба замин яксон карда хор кардааст.
ג [Гимел]
3 Дар оташи ғазабаш тамоми қуввати Исроилро барҳам додааст.
Ҳангоми ҳамлаи душман дасти ёрӣ дароз накардааст.+
Ғазабаш мисли оташе, ки чизҳои гирду атрофро фурӯ мебарад,
Яъқубро сӯзонидааст.+
ד [Далет]
4 Ӯ камонашро мисли душман зеҳ* кардааст ва дасти росташро мисли бадхоҳ барои зарба задан бардоштааст.+
Онҳоеро, ки ба чашм азиз буданд, нобуд сохтааст.+
Оташи ғазабашро ба хаймаи духтари Сион+ фурӯ рехтааст.+
ה [Ҳе]
5 Яҳува душмани мо гаштааст,+
Ӯ Исроилро фурӯ бурдааст.
Тамоми бурҷҳои* онро вайрон кардааст.
Ҳамаи ҳисорҳояшро хароб намудааст.
Мотаму нолаи духтари Яҳудоро зиёд кардааст.
ו [Вов]
6 Ӯ хаймаи худро мисли каппаи боғе вайрон кардааст.+
Ба иди худ хотима бахшидааст.+
Яҳува тавре кардааст, ки рӯзҳои ид ва шанбе дар Сион фаромӯш шаванд,
Дар оташи ғазабаш подшоҳу коҳинро хор кардааст.+
ז [Зайин]
7 Яҳува қурбонгоҳашро рад намудааст,
Ӯ аз муқаддасгоҳаш ҳазар кардааст.+
Деворҳои қалъаҳои мустаҳкамашро ба дасти душманон супурдааст.+
Онҳо дар хонаи Яҳува мисли рӯзи ид овозашонро баланд мекунанд.+
ח [Хет]
8 Яҳува ният кардааст, ки деворҳои духтари Сионро хароб созад,+
Ӯ деворҳои онро бо таноб чен кардааст.+
Дасташро аз хароб кардан бознадоштааст.
Хокрезу* деворҳоро ба мотам гирифтор кардааст,
Ҳамаашон беқувват гардидаанд.
ט [Тет]
9 Дарвозаҳояш ба замин фурӯ ғалтидаанд.+
Ӯ ғалақаҳояшро вайрон карда, шикастааст.
Подшоҳу миронаш дар байни халқҳо пароканда шудаанд.+
Касе шариатро* риоя намекунад ва ҳатто пайғамбаронашон аз Яҳува рӯъёе намегиранд.+
י [Йод]
10 Пирони духтари Сион дар замин хомӯш нишастаанд.+
Онҳо хок бар сар карда, палос* пӯшидаанд.+
Бокирагони Ерусалим рӯ ба замин ниҳодаанд.
כ [Каф]
11 Чашмонам аз ашк камнур гаштаанд.+
Дарунам дар сӯзу гудоз аст.
Ҷигарам рехтааст, зеро духтарам — халқам, шикаст хӯрдааст,+
Кӯдакону ширмаконаш дар майдонҳои шаҳр аз ҳуш рафтаанд.+
ל [Ламед]
12 Онҳо аз модаронашон мепурсанд: «Ку нону шароб?»,+
Дар ҳоле ки мисли захмдорон дар майдонҳои шаҳр беҳуш шудаанд
Ва дар дасти модаронашон нимҷон гардидаанд.
מ [Мим]
13 Чиро ба ту шоҳид биёрам
Ё чиро ба ту монанд кунам, эй духтари Ерусалим?
Туро ба чӣ баробар кунам, то тасаллият диҳам, эй духтари бокираи Сион?
Шикасти ту мисли баҳр бузург аст.+ Кист, ки туро шифо диҳад?+
נ [Нун]
14 Рӯъёҳои пайғамбаронат дурӯғ ва ҳеҷ буданд,+
Онҳо хатоятро ба ту маълум накарданд, то аз асирӣ наҷотат диҳанд,+
Балки рӯъёҳои дурӯғ ва хабарҳои гумроҳкунанда мерасонданд.+
ס [Самех]
15 Ҳамаи раҳгузаронат масхараомез қарсак мезананд.+
Онҳо аҳволи духтари Ерусалимро дида бо ҳайрат ҳуштак мекашанд+ ва сар ҷунбонда мегӯянд:
«Оё ин ҳамон шаҳре нест, ки онро “камоли зебоӣ ва шодии тамоми замин” мегуфтанд?»+
פ [Пе]
16 Ҳамаи душманонат бар ту даҳон кушодаанд.
Онҳо ҳуштак мекашанд ва дандонҳояшонро ғиҷиррос зада мегӯянд:
«Мо ӯро фурӯ бурдем.+
Ана рӯзе, ки интизораш будем!+ Омадани ин рӯзро бо чашмонамон дидем!»+
ע [Айин]
17 Яҳува нияташро ба ҷо овардааст,+ ӯ суханашро иҷро намудааст,+
Он чизеро, ки аз қадим фармуда буд.+
Ӯ бераҳмона хароб кардааст,+
Гузоштааст, ки душман бар ту тантана кунад ва бадхоҳонат бар ту дастболо шаванд.
צ [Тсаде]
18 Мардумат сӯйи Яҳува фарёд мезананд, эй девори духтари Сион.
Бигзор аз чашмонат шабу рӯз ҷӯйбори ашк бирезад.
Ба худат осоиш надеҳ, бигзор чашмонат дам нагиранд.
ק [Коф]
19 Бархез! Шабонгаҳ дар аввали поси шаб фиғон бардор.
Дилатро пеши Яҳува мисли об холӣ бикун,
Даст ба дуо бардошта, барои ҷони фарзандонат илтиҷо кун,
Барои онҳое, ки дар сари ҳар кӯча аз гушнагӣ беҳуш мешаванд.+
ר [Реш]
20 Бубин, эй Яҳува! Ба халқат, ки нисбаташ бераҳмона амал намудӣ, назар андоз.
Оё дуруст аст, ки занон фарзандони худ, тифлони солими худро, бихӯранд?+
Оё равост, ки коҳинону пайғамбарон дар муқаддасгоҳи Яҳува кушта шаванд?+
ש [Шин]
21 Писарбачаву пирамард дар кӯчаҳо мурда хоб рафтаанд,+
Духтарон ва ҷавонмардонам аз шамшер афтодаанд.+
Ту онҳоро дар рӯзи ғазабат куштаӣ ва бераҳмона ба қатл расондаӣ.+
ת [Тав]
22 Ту даҳшатҳоро аз ҳар тараф ҷамъ овардаӣ, мисли он ки мардумро ба ид даъват карда бошӣ.+
Дар рӯзи ғазаби Яҳува ҳеҷ кас гурехта ё наҷот ёфта натавонист.+
Душманам онҳоеро, ки зодаву* парвариш кардаам, нобуд сохтааст.+