4 Мӯсо
19 Яҳува боз ба Мӯсову Ҳорун гуфт: 2 «Ин аст қонуне, ки Яҳува фармудааст: “Ба исроилиён бигӯ, ки гови сурхи солиму беайберо,+ ки бар гарданаш ҳанӯз юғ* гузошта нашудааст, назди ту биёранд. 3 Ин говро ба Элъозори коҳин диҳед. Ӯ онро аз хаймагоҳ берун мебарорад ва говро назди ӯ мекушанд. 4 Элъозори коҳин бо ангушти худ аз хуни гов гирифта, онро ба тарафи хаймаи ҷомеъ ҳафт бор мепошад.+ 5 Худи говро бошад, пеши назари ӯ месӯзонанд. Пӯст, гӯшт ва хуни он бо ахлоташ сӯзонда мешавад.+ 6 Коҳин чӯби дарахти сидра, кокутӣ+ ва матои арғувониро гирифта, ба оташе, ки говро дар он месӯзонанд, мепартояд. 7 Пас аз ин коҳин бояд либосашро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва баъди ин ӯ метавонад ба хаймагоҳ биёяд, аммо ӯ то бегоҳ нопок мемонад.
8 Касе, ки говро сӯзондааст, бояд либоси худро бо об бишӯяд ва худаш дар об шустушӯ кунад ва ӯ то бегоҳ нопок мемонад.
9 Бигзор шахси поке хокистари говро+ ҷамъ оварда, берун аз хаймагоҳ, дар ҷойи тозае, гузорад ва мардуми Исроил онро нигоҳ доранд, то онро ба об омехта карда, он обро барои пок сохтан истифода намоянд.+ Ин қурбонии гуноҳ аст. 10 Касе, ки хокистари говро ҷамъ мекунад, бояд либоси худро бишӯяд ва ӯ то бегоҳ нопок мемонад.
Ин барои исроилиён ва ғарибе, ки дар миёни онҳост, амри бардавом аст.+ 11 Ҳар кӣ ба ҷасади мурдае бирасад, ҳафт рӯз нопок мемонад.+ 12 Чунин шахс бояд худро дар рӯзи сеюм бо он об пок созад ва дар рӯзи ҳафтум ӯ пок мешавад. Аммо, агар ӯ худро дар рӯзи сеюм пок насозад, дар рӯзи ҳафтум пок намешавад. 13 Ҳар касе, ки ба ҷасади мурдае бирасад ва худро пок насозад, хаймаи муқаддаси Яҳуваро+ нопок сохтааст ва бояд аз миёни халқи Исроил решакан шавад.+ Ӯ нопок мемонад, зеро бар ӯ оби поксозӣ+ пошида нашудааст. Нопокии ӯ бар ӯст.
14 Вақте касе дар хайма мемирад, бояд мувофиқи ин қонун амал карда шавад: ҳар касе, ки ба хайма медарояд ва ҳар касе, ки аллакай дар он хайма аст, ҳафт рӯз нопок мемонад. 15 Ҳар зарфи кушодае, ки сарпӯшаш ба он баста нашудааст, нопок аст.+ 16 Ҳар кӣ дар саҳро ба каси бо шамшер кушташуда, ба ҷасаде ё устухони одам ё ба қабре бирасад, ҳафт рӯз нопок мемонад.+ 17 Барои шахсе, ки нопок шудааст, бояд каме аз хокистари қурбонии гуноҳ, ки сӯзонида шуд, гирифта, ба зарфе андозанд ва бар он оби соф бирезанд. 18 Сипас шахси поке+ кокутиро+ гирифта, онро ба об тар мекунад ва бар хайма, бар ҳамаи зарфҳо, бар касоне, ки дар хайма буданд, ва ба касе, ки ба устухон ё одами кушташуда ё ба ҷасад ё қабре расидааст, мепошад. 19 Шахси пок онро дар рӯзи сеюм ва ҳафтум бар шахсе, ки нопок шудааст, мепошад ва ӯро дар рӯзи ҳафтум аз гуноҳ пок месозад.+ Сипас шахси нопок бояд либоси худро бишӯяд ва дар об шустушӯ кунад ва бегоҳ пок мешавад.
20 Аммо шахси нопоке, ки худро пок намесозад, бояд аз миёни ҷамоат решакан шавад,+ чунки вай муқаддасгоҳи Яҳуваро нопок сохтааст. Оби поксозӣ бар вай пошида нашудааст, аз ин рӯ вай нопок аст.
21 Ин аст амри бардавом барои онҳо: касе, ки оби поксозиро пошад, бояд либосҳои худро бишӯяд. Ҳар касе, ки ба оби поксозӣ+ расад, то бегоҳ нопок мемонад. 22 Агар каси нопок ба чизе расад, он нопок мешавад ва ҳар кӣ ба ин чиз даст расонад, то бегоҳ нопок мемонад”».+