Доварон
17 Дар кӯҳистони Эфроим+ марде мезист, ки номаш Мико буд. 2 Ӯ ба модараш гуфт: «Ту касеро, ки 1100 сиқл нуқраатро гирифтааст, дуои бад кардӣ ва ман инро шунидам. Он нуқра дар дасти ман аст — ман онро гирифта будам». Модараш ба вай гуфт: «Яҳува туро баракат диҳад, писарам». 3 Ӯ 1100 сиқл нуқраро ба модараш дод, лекин вай гуфт: «Ман ҳатман ин нуқраро ба Яҳува мебахшаму онро ба дасти ту медиҳам, то ки ҳайкали тарошида ва рехтае бисозӣ.+ Бигзор он аз ту бошад».
4 Баъд аз он ки ӯ нуқраро ба модараш баргардонд, модараш 200 сиқл нуқраро ба заргар дод ва ӯ як ҳайкали тарошида ва як ҳайкали рехтае сохт, ки дар хонаи Мико гузошта шуданд. 5 Мико бутхонае дошт. Ӯ пешбанде дӯхт,+ бутҳо*+ сохт ва яке аз писаронашро барои хизмати он ҷо коҳин* таъйин кард*.+ 6 Дар он рӯзҳо дар Исроил подшоҳе набуд+ ва ҳар кас, ҳамон тавре ки дар назараш дуруст буд, амал мекард.+
7 Дар Байт-Лаҳми+ Яҳудо ҷавоне аз хонадони Яҳудо буд. Ӯ левизода буд+ ва якчанд вақт дар он ҷо зист. 8 Вале баъд ин мард аз шаҳри Байт-Лаҳми Яҳудо рафт ва барои худ ҷойи зисти дигаре ҷустуҷӯ намуд. Ҳангоми сафар ӯ ба кӯҳистони Эфроим, ба хонаи Мико,+ омад. 9 Мико ба вай гуфт: «Ту аз куҷо омадӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Ман левизодае аз Байт-Лаҳми Яҳудо ҳастам ва барои худ ҷойи зист мекобам». 10 Мико ба ӯ гуфт: «Бо ман бимон ва барои ман чун маслиҳатгар* ва коҳин хизмат бикун. Ман ба ту соле даҳ сиқл нуқра ва ҳамчунин хӯроку сарулибос медиҳам». Инро шунида левизода ба хонаи ӯ даромад. 11 Бо ҳамин он левизода розӣ шуд, ки бо он мард бимонад, ва мисли яке аз писаронаш шуд. 12 Мико он левизодаро барои худ коҳин таъйин намуд+ ва ӯ дар хонаи Мико зиндагӣ мекард. 13 Мико гуфт: «Акнун ман медонам, ки Яҳува ба ман некӣ мекунад, чунки левизода коҳини ман шуд».