5 Мӯсо
3 Баъд мо гашта, бо роҳи Бошон равона шудем. Ӯҷ, подшоҳи Бошон, бо тамоми одамонаш ба пешвозамон баромад, то назди Эдрей бо мо биҷангад.+ 2 Яҳува ба ман гуфт: “Аз ӯ натарс, чунки ман ӯро бо тамоми халқаш ва заминаш ба дастат месупорам ва ту бо ӯ ҳамон тавре амал мекунӣ, ки бо подшоҳи амӯриён Сиҳӯн, ки дар Ҳешбӯн зиндагӣ мекард, карда будӣ”. 3 Он гоҳ Худоямон Яҳува ҳамчунин Ӯҷ, подшоҳи Бошонро, бо тамоми халқаш ба дасти мо супурд ва мо ӯро зарба задем, ба тавре ки касе аз одамонаш зинда намонд. 4 Мо ҳама шаҳрҳои ӯро забт кардем. Ягон шаҳре намонд, ки аз онҳо нагирифта бошем: 60 шаҳр, тамоми минтақаи Арҷуб, яъне қаламрави Ӯҷи Бошонро.+ 5 Ҳамаи ин шаҳрҳо ҳисордор буданд ва деворҳои баланд, дарвозаҳою ғалақаҳо доштанд. Ғайр аз ин, шаҳрҳои беҳисори зиёде буд. 6 Лекин мо онҳоро ба нестӣ супурдем,+ ҳамон тавре ки бо Сиҳӯн, подшоҳи Ҳешбӯн, карда будем. Мо ҳар як шаҳрро бо мардон, занон ва кӯдаконаш ба нестӣ супурдем.+ 7 Лекин чорворо ҳамроҳи ғанимати шаҳрҳо барои худ гирифтем.
8 Он вақт мо замини ду подшоҳи амӯриро,+ ки дар минтақаи Урдун буданд, гирифтем, аз водии Арнӯн то кӯҳи Ҳермӯн+ 9 (сидӯниён кӯҳи Ҳермӯнро Сирюн меномиданд, амӯриён бошанд, Сенир), 10 ҳама шаҳрҳои паҳнкӯҳ, тамоми Ҷилъод ва тамоми Бошонро то Салко ва Эдрей,+ ки шаҳрҳои подшоҳии Ӯҷ дар Бошон буданд. 11 Аз рафоиён фақат Ӯҷ, подшоҳи Бошон, боқӣ монда буд. Тобути ӯ аз оҳан* буд ва то ҳол дар Раббаи писарони Аммӯн мебошад. Дарозии он аз рӯйи гази намунавӣ нуҳ газ* ва бараш чор газ буд. 12 Мо заминҳоеро соҳиб шудем, ки аз Арӯэри+ назди водии Арнӯн тӯл кашида, нисфи кӯҳистони Ҷилъодро дар бар мегиранд. Шаҳрҳои он ҷоро ман ба реубениён ва ҷодиён додам.+ 13 Боқимондаи Ҷилъод ва тамоми Бошонро, ки қаламрави Ӯҷ буд, ба нисфи қабилаи Менашше+ додам. Тамоми минтақаи Арҷуб, ки ба Бошон дохил мешавад, замини рафоиён ном дошт.
14 Ёири+ писари Менашше тамоми минтақаи Арҷубро+ то сарҳади замини ҷашуриён ва маъхогиён+ гирифт ва қишлоқҳои Бошонро ба номи худаш Ҳаввӯт-Ёир*+ гузошт, ки то имрӯз чунин аст. 15 Ба Мокир+ Ҷилъодро додам. 16 Ба реубениён ва ҷодиён+ аз Ҷилъод то водии Арнӯн (миёнаи водӣ сарҳади он аст), то водии Яббӯқ, ки сарҳади замини аммӯниён аст, 17 ва ҳамчунин Аробо, Урдун ва сарҳадро, аз Кинерӯт то баҳри Аробо, яъне баҳри Намак*, ки дар доманаи нишебиҳои Фисҷа, дар тарафи шарқ,+ ҷойгир аст, додам.
18 Он вақт ман ба шумо чунин фармудам: “Худоятон Яҳува ин заминро ба шумо дод, то онро соҳиб шавед. Тамоми мардони далери шумо ба даст яроқ гирифта, пешопеши бародаронатон, исроилиён, ба он тараф мегузаранд.+ 19 Танҳо занон, фарзандон ва чорвоятон (медонам, ки шумо чорвои зиёде доред) дар шаҳрҳое, ки ба шумо додаам, мемонанд, 20 то даме ки Яҳува ба бародарони шумо осоиш бахшад, чуноне ки ба шумо бахшидааст, ва онҳо низ заминеро, ки Худоятон Яҳува дар он тарафи Урдун ба онҳо медиҳад, соҳиб шаванд. Пас аз ин ҳар яки шумо ба замине, ки ба шумо додаам, бармегардед”.+
21 Он вақт ман ба Юшаъ+ фармуда гуфтам: “Ту бо чашмони худ дидӣ, ки Худоятон Яҳува бо ин ду подшоҳ чӣ кор кард. Яҳува бо ҳамаи подшоҳоне, ки ту ба он тарафи дарё гузашта, бо онҳо меҷангӣ, чунин хоҳад кард.+ 22 Аз онҳо натарсед, зеро Худоятон Яҳува ба ҷойи шумо меҷангад”.+
23 Он вақт ман Яҳуваро зориву илтиҷо карда гуфтам: 24 “Эй Яҳува, Парвардигоро, ту ба бандаат бузургӣ ва дасти пурзӯратро+ нишон медиҳӣ. Магар дар осмон ё замин худое ҳаст, ки мисли ту корҳои бузург ба амал оварда тавонад?+ 25 Илтимос, иҷозат деҳ, ки аз дарё гузарам ва замини хуберо, ки дар он тарафи Урдун аст, ин кӯҳистони зебо ва Лубнонро, бубинам”.+ 26 Вале Яҳува ҳанӯз ҳам аз пушти шумо аз ман дарғазаб буд+ ва маро гӯш накард. Яҳува ба ман гуфт: “Бас кун! Дую дубора дар ин бора ба ман гап назан. 27 Ба қуллаи Фисҷа баро,+ чашмонатро ба тарафи ғарб, шимол, ҷануб ва шарқ баланд кун ва ин заминро бо чашмонат бубин, чунки ту аз Урдун нахоҳӣ гузашт.+ 28 Ба ҷойи худат Юшаъро таъйин кун,+ ӯро қавӣ ва устувор гардон, зеро пешопеши ин мардум аз дарё ӯ мегузарад+ ва заминеро, ки ту мебинӣ, ба онҳо тақсим мекунад”. 29 Тамоми ин вақт мо дар водие, ки дар рӯ ба рӯйи Байт-Фаӯр+ аст, зиндагӣ мекардем.