ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 3 Подшоҳон 2
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 3 Подшоҳон

      • Довуд ба Сулаймон дастур медиҳад (1–9)

      • Довуд мемирад; Сулаймон бар тахт мешинад (10–12)

      • Нақшаи Адӯниё бо марги ӯ меанҷомад (13–25)

      • Абётор ронда мешавад; Юоб кушта мешавад (26–35)

      • Шимъӣ кушта мешавад (36–46)

3 Подшоҳон 2:2

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 31:6; Юш 1:6; 1Вқ 28:20
  • +3Пш 3:7

3 Подшоҳон 2:3

Эзоҳҳо

  • *

    Ё «Шариати».

  • *

    Ё «бохирадона амал мекунӣ».

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 17:18–20; Пг 12:13

3 Подшоҳон 2:4

Эзоҳҳо

  • *

    Ҷон — ниг. ба луғат.

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 6:5; 4Пш 20:3; 23:3; 2Вқ 17:3; Мт 22:37
  • +2Пш 7:12, 16; 3Пш 8:25; 1Вқ 17:11; Зб 132:11, 12

3 Подшоҳон 2:5

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 3:27, 30
  • +2Пш 17:25; 20:10; 1Вқ 2:17
  • +4Мс 35:33; 2Пш 3:28

3 Подшоҳон 2:6

Эзоҳҳо

  • *

    Ибр. «шеол». Ниг. ба луғат, ба калимаи «гӯр».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 3:29; 3Пш 2:31–34

3 Подшоҳон 2:7

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 19:31
  • +2Пш 15:14
  • +2Пш 17:27–29

3 Подшоҳон 2:8

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 17:24
  • +2Пш 16:5–7
  • +2Пш 19:23

3 Подшоҳон 2:9

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 22:28
  • +3Пш 2:44, 46

3 Подшоҳон 2:10

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 5:7; 1Вқ 11:7; 29:26, 27; Крн 2:29

3 Подшоҳон 2:11

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 12:23
  • +2Пш 5:4, 5

3 Подшоҳон 2:12

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 7:8, 12; 1Вқ 29:23; 2Вқ 1:1; Зб 89:36, 37; 132:12

3 Подшоҳон 2:15

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «рӯйҳои худро сӯйи ман карда буд».

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 1:5, 25
  • +1Вқ 22:9

3 Подшоҳон 2:17

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 1:1, 3

3 Подшоҳон 2:22

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 16:21
  • +1Вқ 3:1, 2, 5
  • +2Пш 8:16
  • +3Пш 1:7

3 Подшоҳон 2:24

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 22:9, 10
  • +2Пш 7:11; 1Вқ 17:10
  • +3Пш 1:51, 52

3 Подшоҳон 2:25

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 8:18; 3Пш 1:8; 1Вқ 27:5

3 Подшоҳон 2:26

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 22:20; 3Пш 1:7
  • +Юш 21:8, 18; Ир 1:1
  • +1Пш 23:6; 2Пш 15:24; 1Вқ 15:11, 12
  • +1Пш 22:22, 23

3 Подшоҳон 2:27

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 18:1
  • +1Пш 2:31; 3:12

3 Подшоҳон 2:28

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 21:29
  • +2Пш 18:14
  • +3Пш 1:7

3 Подшоҳон 2:31

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 9:6; 2Мс 21:14; 4Мс 35:33; 5Мс 19:13; 3Пш 2:5

3 Подшоҳон 2:32

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 3:26, 27
  • +2Пш 2:8
  • +2Пш 20:10
  • +2Пш 17:25

3 Подшоҳон 2:33

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 3:29

3 Подшоҳон 2:35

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 11:24; 27:5
  • +1Пш 2:35; 1Вқ 6:50, 53; 12:28; 16:37, 39; 24:3

3 Подшоҳон 2:36

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 2:8

3 Подшоҳон 2:37

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 15:23; 4Пш 23:6; Юҳ 18:1

3 Подшоҳон 2:39

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 21:10; 27:2

3 Подшоҳон 2:42

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 2:38

3 Подшоҳон 2:44

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 16:5, 13
  • +Зб 7:16; Пнм 5:22

3 Подшоҳон 2:45

Оятҳои иловагӣ

  • +Зб 21:6; 72:17

3 Подшоҳон 2:46

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 2:8, 9
  • +2Вқ 1:1; Пнм 16:12

Асосӣ

3 Подш. 2:25Мс 31:6; Юш 1:6; 1Вқ 28:20
3 Подш. 2:23Пш 3:7
3 Подш. 2:35Мс 17:18–20; Пг 12:13
3 Подш. 2:45Мс 6:5; 4Пш 20:3; 23:3; 2Вқ 17:3; Мт 22:37
3 Подш. 2:42Пш 7:12, 16; 3Пш 8:25; 1Вқ 17:11; Зб 132:11, 12
3 Подш. 2:52Пш 3:27, 30
3 Подш. 2:52Пш 17:25; 20:10; 1Вқ 2:17
3 Подш. 2:54Мс 35:33; 2Пш 3:28
3 Подш. 2:62Пш 3:29; 3Пш 2:31–34
3 Подш. 2:72Пш 19:31
3 Подш. 2:72Пш 15:14
3 Подш. 2:72Пш 17:27–29
3 Подш. 2:82Пш 17:24
3 Подш. 2:82Пш 16:5–7
3 Подш. 2:82Пш 19:23
3 Подш. 2:92Мс 22:28
3 Подш. 2:93Пш 2:44, 46
3 Подш. 2:102Пш 5:7; 1Вқ 11:7; 29:26, 27; Крн 2:29
3 Подш. 2:111Вқ 12:23
3 Подш. 2:112Пш 5:4, 5
3 Подш. 2:122Пш 7:8, 12; 1Вқ 29:23; 2Вқ 1:1; Зб 89:36, 37; 132:12
3 Подш. 2:153Пш 1:5, 25
3 Подш. 2:151Вқ 22:9
3 Подш. 2:173Пш 1:1, 3
3 Подш. 2:222Пш 16:21
3 Подш. 2:221Вқ 3:1, 2, 5
3 Подш. 2:222Пш 8:16
3 Подш. 2:223Пш 1:7
3 Подш. 2:241Вқ 22:9, 10
3 Подш. 2:242Пш 7:11; 1Вқ 17:10
3 Подш. 2:243Пш 1:51, 52
3 Подш. 2:252Пш 8:18; 3Пш 1:8; 1Вқ 27:5
3 Подш. 2:261Пш 22:20; 3Пш 1:7
3 Подш. 2:26Юш 21:8, 18; Ир 1:1
3 Подш. 2:261Пш 23:6; 2Пш 15:24; 1Вқ 15:11, 12
3 Подш. 2:261Пш 22:22, 23
3 Подш. 2:27Юш 18:1
3 Подш. 2:271Пш 2:31; 3:12
3 Подш. 2:281Вқ 21:29
3 Подш. 2:282Пш 18:14
3 Подш. 2:283Пш 1:7
3 Подш. 2:311Мс 9:6; 2Мс 21:14; 4Мс 35:33; 5Мс 19:13; 3Пш 2:5
3 Подш. 2:322Пш 3:26, 27
3 Подш. 2:322Пш 2:8
3 Подш. 2:322Пш 20:10
3 Подш. 2:322Пш 17:25
3 Подш. 2:332Пш 3:29
3 Подш. 2:351Вқ 11:24; 27:5
3 Подш. 2:351Пш 2:35; 1Вқ 6:50, 53; 12:28; 16:37, 39; 24:3
3 Подш. 2:363Пш 2:8
3 Подш. 2:372Пш 15:23; 4Пш 23:6; Юҳ 18:1
3 Подш. 2:391Пш 21:10; 27:2
3 Подш. 2:423Пш 2:38
3 Подш. 2:442Пш 16:5, 13
3 Подш. 2:44Зб 7:16; Пнм 5:22
3 Подш. 2:45Зб 21:6; 72:17
3 Подш. 2:463Пш 2:8, 9
3 Подш. 2:462Вқ 1:1; Пнм 16:12
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
  • 34
  • 35
  • 36
  • 37
  • 38
  • 39
  • 40
  • 41
  • 42
  • 43
  • 44
  • 45
  • 46
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
3 Подшоҳон 2:1–46

3 Подшоҳон

2 Вақте рӯзҳои умри Довуд ба охир мерасид, ӯ ба писараш Сулаймон чунин дастур дод: 2 «Рӯзи марги ман наздик аст, пас, қавӣ+ ва мард бош.+ 3 Бо роҳҳои Худоят Яҳува равона шав ва фармудаҳо, амрҳо, ҳукмҳо ва ёдовариҳояшро, ки дар Тавроти* Мӯсо навишта шудаанд,+ ба ҷо оварда вазифаатро дар пеши ӯ иҷро кун. Он гоҳ ҳар коре кунӣ ва ҳар ҷое равӣ, комёб мешавӣ*. 4 Яҳува ваъдаи зеринеро, ки ба ман дода буд, иҷро хоҳад кард: “Агар писаронат ба роҳи худ диққат диҳанд ва бо тамоми дили худ ва ҷони* худ пеши ман содиқона роҳ раванд,+ насли ту ҳаргиз аз тахти Исроил маҳрум намешавад”.+

5 Ту ҳамчунин нағз медонӣ, ки Юоби писари Саруё дар ҳаққи ман, дар ҳаққи ду сарлашкари Исроил — Абнири+ писари Нир ва Амосои+ писари Етер, чӣ кор кард. Ӯ онҳоро кушт ва дар замони тинҷиву амонӣ хуни ҷанг рехта,+ камарбандеро, ки дар камараш буд, ва кафшеро, ки дар пояш буд, бо хуни ҷанг олуда кард. 6 Хирадмандона амал кун ва намон, ки мӯйи сафедаш орому осуда ба гӯр* равад.+

7 Ба писарони Барзилойи+ ҷилъодӣ бошад, меҳру вафо кун ва бигзор онҳо дар байни касоне бошанд, ки дар сари дастархони ту нон мехӯранд, зеро, вақте аз дасти бародарат Абшолӯм гурехтам,+ онҳо дар бари ман буданд.+

8 Ҳамчунин Шимъии писари Ҷерои бинёминӣ, ки аз Баҳурим аст, дар назди туст. Ӯ маро, дар рӯзе ки ба Маҳаноим мерафтам,+ бо дашномҳои сахт дашном дод,+ аммо, вақте ба пешвозам назди Урдун омад, ман ба номи Яҳува ба ӯ қасам хӯрдам, ки ӯро шамшер зада намекушам.+ 9 Акнун ӯро беҷазо намон,+ зеро ту марди бохирад ҳастӣ ва медонӣ, ки бо ӯ чӣ кор кунӣ. Мӯйи сафеди ӯро хунолуд гардонда ба гӯр бифирист».+

10 Довуд ором гирифта бо бобоёни худ бихобид ва ӯро дар Шаҳри Довуд гӯрониданд.+ 11 Рӯзҳои ҳукмронии Довуд бар Исроил 40 сол буд. Ӯ 7 сол дар Ҳебрӯн+ ва 33 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард.+

12 Сулаймон ба тахти падараш Довуд нишаст ва подшоҳии ӯ рафта-рафта устувор гашт.+

13 Пас аз чанде Адӯниёи писари Ҳаҷҷит назди Батшобаъ, модари Сулаймон, омад. Батшобаъ пурсид: «Тинҷист?» Ӯ ҷавоб дод: «Тинҷӣ». 14 Адӯниё гуфт: «Ба ту гап дорам». Батшобаъ гуфт: «Гап зан». 15 Ӯ гуфт: «Ту нағз медонӣ, ки подшоҳӣ бояд аз они ман мешуд, ва тамоми Исроил интизор буд*, ки ман подшоҳ мешавам,+ лекин подшоҳӣ ба ман неву ба бародарам расид, зеро ин аз ҷониби Яҳува буд.+ 16 Вале акнун аз ту як хоҳиш дорам, онро рад накун». Батшобаъ гуфт: «Бигӯ». 17 Ӯ гуфт: «Илтимос, аз шоҳ Сулаймон хоҳиш кун, ки Абишаги+ шунемиро ба ман ба занӣ диҳад, зеро ӯ хоҳиши туро рад намекунад». 18 Батшобаъ гуфт: «Майлаш! Ман бо подшоҳ дар бораи ту гап мезанам».

19 Батшобаъ ба назди шоҳ Сулаймон омад, то бо ӯ дар бораи Адӯниё гап занад. Подшоҳ дарҳол ба пешвози модараш хест ва ба ӯ таъзим кард. Сипас подшоҳ ба тахти худ нишаст ва фармуд, ки барои модараш тахт биёранд, то аз тарафи рости вай шинад. 20 Батшобаъ гуфт: «Аз ту хоҳиши хурде дорам, онро рад накун». Подшоҳ дар ҷавоб гуфт: «Бигӯ, модарам, хоҳиши туро рад намекунам». 21 Ӯ гуфт: «Иҷозат деҳ, ки Абишаги шунемиро ба бародарат Адӯниё ба занӣ диҳанд». 22 Инро шунида шоҳ Сулаймон ба модараш гуфт: «Чаро ту Абишаги шунемиро барои Адӯниё хостгорӣ мекунӣ? Ҳамин қадар мондааст, ки подшоҳиро низ барояш биталабӣ,+ зеро ӯ бародари калонии ман аст+ ва Абётори коҳину Юоби+ писари Саруё тарафдори ӯянд».+

23 Он гоҳ шоҳ Сулаймон ба номи Яҳува қасам хӯрда гуфт: «Бигзор Худо маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар Адӯниё инро бар зарари ҷони худ нагуфта бошад! 24 Акнун ба номи Яҳува, Худои зинда, ки мувофиқи ваъдааш маро устувор гардонда,+ бар тахти падарам Довуд шинондааст ва бароям хонадоне барпо кардааст,+ қасам мехӯрам, ки Адӯниё имрӯз кушта мешавад».+ 25 Шоҳ Сулаймон дарҳол Баноёи+ писари Еҳуёдоъро фиристод ва ӯ рафта, Адӯниёро зарба зад ва ӯ мурд.

26 Баъд аз ин подшоҳ ба Абётори+ коҳин гуфт: «Ба киштзори худ, ба Анотӯт,+ бирав! Ту сазовори марг ҳастӣ, лекин ман имрӯз туро ба қатл намерасонам, зеро ту дар пеши падарам Довуд сандуқи Парвардигорамон Яҳуваро мебардоштӣ+ ва дар ҳамаи азобҳои падарам ба ӯ шарик будӣ».+ 27 Сулаймон Абёторро ронд, то дигар коҳини Яҳува набошад, ва сухане, ки Яҳува дар Шилӯ+ бар зидди хонадони Элӣ гуфта буд,+ иҷро гашт.

28 Вақте ин хабар ба гӯши Юоб расид, ӯ сӯйи хаймаи Яҳува+ гурехт ва аз шохҳои қурбонгоҳ дошт (зеро Юоб Абшолӯмро тарафдорӣ накарда бошад ҳам,+ Адӯниёро тарафдорӣ карда буд).+ 29 Ба шоҳ Сулаймон хабар дода гуфтанд: «Юоб ба хаймаи Яҳува гурехтааст ва дар назди қурбонгоҳ аст». Сулаймон Баноёи писари Еҳуёдоъро фиристода, гуфт: «Рафта, ӯро бикуш». 30 Баноё ба хаймаи Яҳува рафт ва ба Юоб гуфт: «Подшоҳ чунин мегӯяд: “Баро!”» Аммо вай ҷавоб дод: «Не, ман дар ҳамин ҷо мемирам». Баноё баргашта, ба подшоҳ хабар дод: «Юоб чунин гуфт, ӯ ба ман чунин ҷавоб дод». 31 Подшоҳ ба ӯ гуфт: «Аз рӯйи гуфтааш бикун. Ӯро кушта, бигӯрон ва хунеро, ки Юоб ноҳақ рехтааст, аз ман ва хонадони падарам дур соз.+ 32 Яҳува хуни ӯро бар сари худи ӯ баргардонад, зеро ӯ ба падарам чизе нагуфта ду нафари аз худаш росткортар ва беҳтар — Абнири+ писари Нир, сарлашкари Исроил,+ ва Амосои+ писари Етер, сарлашкари Яҳудоро,+ зарба зада бо шамшер кушт. 33 Хуни онҳо бар сари Юоб ва бар сари наслаш ба сурати абадӣ баргардад,+ вале барои Довуд, насли ӯ, хонадони ӯ ва тахти ӯ аз ҷониби Яҳува то абад осоиштагӣ бод!» 34 Баноёи писари Еҳуёдоъ рафт ва Юобро зарба зада кушт ва ӯро дар назди хонааш, ки дар биёбон буд, гӯронданд. 35 Пас аз ин подшоҳ Баноёи+ писари Еҳуёдоъро ба ҷойи ӯ бар сари лашкар гузошт ва Содӯқи+ коҳинро ба ҷойи Абётор таъйин намуд.

36 Подшоҳ Шимъиро+ ба назди худ хонда, гуфт: «Дар Ерусалим барои худ хонае бисоз ва дар он сокин шав ва аз он ҷо ба ягон ҷойи дигар берун нарав. 37 Дар рӯзе ки берун равӣ ва аз водии Қидрӯн гузарӣ,+ бидон, ки ҳатман хоҳӣ мурд. Хунат бар сари худи ту хоҳад буд». 38 Шимъӣ ба подшоҳ гуфт: «Гапат ҳақ аст. Бандаат ҳамон тавре мекунад, ки хоҷаам подшоҳ гуфт». Шимъӣ рӯзҳои зиёд дар Ерусалим зист.

39 Вале баъди гузаштани се сол ду ғуломи Шимъӣ ба назди Окиши+ писари Маъко, подшоҳи Ҷат, гурехтанд. Ба Шимъӣ гуфтанд: «Ғуломонат дар Ҷатанд». 40 Шимъӣ даррав харашро зин зада, ба назди Окиш ба Ҷат равона шуд, то ғуломонашро биёбад. Вақте Шимъӣ бо ғуломонаш аз Ҷат баргашт, 41 ба Сулаймон хабар доданд, ки Шимъӣ аз Ерусалим баромада, ба Ҷат рафта буд ва баргашт. 42 Он гоҳ подшоҳ Шимъиро даъват карда, гуфт: «Магар ман туро ба номи Яҳува қасам дода огоҳ накардам: “Дар рӯзе ки аз ин ҷо ба ягон ҷойи дигар берун равӣ, бидон, ки ҳатман хоҳӣ мурд”? Магар ту ба ман нагуфтӣ: “Гапат ҳақ аст. Ман ба он гӯш медиҳам”?+ 43 Пас, чаро қасаматро дар пеши Яҳува шикастӣ ва амри маро ба ҷо наовардӣ?» 44 Подшоҳ ба Шимъӣ гуфт: «Ту дар дили худ медонӣ, ки ба падарам Довуд чӣ қадар бадӣ кардаӣ,+ ва Яҳува ин бадиатро ба сари худи ту бармегардонад.+ 45 Аммо шоҳ Сулаймон баракат меёбад+ ва тахти Довуд дар пеши Яҳува то абад устувор мемонад». 46 Сипас подшоҳ ба Баноёи писари Еҳуёдоъ дар бораи Шимъӣ амр фармуд ва ӯ рафта, Шимъиро зарба зад ва ӯ мурд.+

Ҳамин тавр подшоҳӣ дар дасти Сулаймон устувор гардид.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан