Юшаъ
4 Ҳамин ки тамоми мардум аз Урдун гузаштанд, Яҳува ба Юшаъ гуфт: 2 «Аз миёни халқ 12 мардро бигир, сари ҳар қабила якнафарӣ.+ 3 Ба онҳо чунин дастур бидеҳ: “Аз қаъри Урдун, аз ҷое ки кафи пойҳои коҳинон истода буданд,+ 12 санг бигиред ва онҳоро, дар ҷое ки шабро рӯз мекунед, гузоред”».+
4 Юшаъ 12 нафареро, ки аз миёни исроилиён, сари ҳар қабила якнафарӣ, таъйин карда буд, даъват намуд 5 ва ба онҳо гуфт: «Аз пеши сандуқи Худоятон Яҳува, ки дар мобайни Урдун аст, гузаред ва ҳар яке сари ҳар қабила бар китфи худ як санг бигиред, 6 то дар миёни шумо аломате бошанд. Дар оянда, вақте фарзандонатон аз шумо пурсанд: “Барои чӣ шумо ин сангҳоро гузоштед?”,+ 7 ба онҳо бигӯед: “Обҳои Урдун дар пеши сандуқи аҳди Яҳува бозистоданд.+ Вақте он аз Урдун мегузашт, обҳои Урдун бозистоданд. Ин сангҳо барои халқи Исроил ёдгории бардавом хоҳанд буд”».+
8 Исроилиён ҳар он чиро, ки Юшаъ фармуда буд, ба ҷо оварданд. Онҳо, ҳамон тавре ки Яҳува ба Юшаъ фармуда буд, аз миёни Урдун 12 сангро сари ҳар қабила яктогӣ гирифтанд ва онҳоро, дар ҷое ки шабро рӯз карданӣ буданд, гузоштанд.
9 Юшаъ 12 санги дигарро дар мобайни Урдун, дар ҷое ки пойи коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоштанд, истода буд, гузошт.+ Ин сангҳо то ҳол дар он ҷо мебошанд.
10 То даме ки ҳама фармудаҳое, ки Яҳува ба воситаи Юшаъ ба халқ дода буд, мувофиқи ҳар он чизе, ки Мӯсо ба Юшаъ фармуда буд, иҷро нашуданд, коҳиноне, ки сандуқи аҳдро мебардоштанд, дар миёни Урдун истоданд, мардум бошад, шитобон аз дарё мегузашт. 11 Вақте тамоми халқ аз дарё гузашт, коҳинон дар пеши назари мардум бо сандуқи Яҳува аз дарё гузаштанд.+ 12 Реубениён, ҷодиён ва ними қабилаи Менашше, ҳамон тавре ки Мӯсо ба онҳо фармуда буд,+ бо сафи ҷангӣ пешопеши исроилиён гузаштанд.+ 13 Тахминан 40 000 сарбози яроқдор пеши назари Яҳува аз дарё ба даштҳои Ериҳӯ гузашт.
14 Дар он рӯз Яҳува Юшаъро пеши назари ҳамаи исроилиён сарбаланд намуд+ ва ӯ тамоми умраш мисли Мӯсо дар назари онҳо обрӯву эҳтироми зиёде дошт*.+
15 Сипас Яҳува ба Юшаъ гуфт: 16 «Ба коҳиноне, ки сандуқи шаҳодатро+ мебардоранд, амр фармо, ки аз Урдун бароянд». 17 Юшаъ ба коҳинон фармуд: «Аз Урдун бароед». 18 Вақте коҳиноне, ки сандуқи аҳди Яҳуваро мебардоштанд,+ аз миёни Урдун баромаданд ва кафи пояшон ба хушкии соҳил расид, обҳои Урдун ба маҷрои худ баргаштанд ва мисли пештара аз соҳилҳо зада баромаданд.+
19 Дар рӯзи даҳуми моҳи якум мардум аз Урдун баромаданд ва дар Ҷилҷол, дар канори шарқии Ериҳӯ, хайма заданд.+
20 Дувоздаҳ сангеро, ки онҳо аз Урдун гирифта буданд, Юшаъ дар Ҷилҷол гузошт.+ 21 Ӯ ба исроилиён гуфт: «Агар дар оянда фарзандонатон аз шумо пурсанд: “Ин сангҳо барои чист?”,+ 22 ба фарзандони худ фаҳмонда бигӯед: “Исроил аз ҷойи хушки Урдун гузашта буд.+ 23 Он вақт Худоятон Яҳува дар пеши исроилиён дарёи Урдунро хушк карда буд, то онҳо аз он гузашта тавонанд, ҳамон тавре ки Худоятон Яҳува баҳри Сурхро хушк кард ва мо аз он гузаштем.+ 24 Ӯ ин корро аз он сабаб кард, то ҳамаи халқҳои рӯйи замин бидонанд, ки то чӣ андоза дасти Яҳува пурзӯр аст+ ва шумо аз Худоятон Яҳува ҳамеша тарсон бошед”».