ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 2 Воқеанома 20
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

Шарҳи мухтасари 2 Воқеанома

      • Халқҳои атроф бар зидди Яҳудо мебароянд (1–4)

      • Еҳушофот аз Яҳува мадад мепурсад (5–13)

      • Ҷавоби Яҳува (14–19)

      • Худо халқашро наҷот медиҳад (20–30)

      • Поёни ҳукмронии Еҳушофот (31–37)

2 Воқеанома 20:1

Эзоҳҳо

  • *

    Ё, эҳтимол, «маӯниён».

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 3:14; 2Пш 8:2; Зб 83:2, 6
  • +1Мс 19:36–38

2 Воқеанома 20:2

Эзоҳҳо

  • *

    Аз афташ, баҳри Мурда.

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 15:1
  • +Юш 15:20, 62

2 Воқеанома 20:3

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «ба он рӯ овард».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 19:1, 3

2 Воқеанома 20:4

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 4:29–31

2 Воқеанома 20:6

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 8:23; Мт 6:9
  • +1Вқ 29:11; Дн 4:17
  • +1Вқ 29:12; Иш 40:15, 17; Дн 4:35

2 Воқеанома 20:7

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 12:7; Нҳё 9:7, 8; Иш 41:8; Яқ 2:23

2 Воқеанома 20:8

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 2:4

2 Воқеанома 20:9

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 6:20
  • +3Пш 8:33, 34; 2Вқ 6:28–30

2 Воқеанома 20:10

Оятҳои иловагӣ

  • +1Мс 36:8
  • +4Мс 20:17, 18; 5Мс 2:5, 9, 19

2 Воқеанома 20:11

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 11:23, 24; Зб 83:2, 4

2 Воқеанома 20:12

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 11:27, 28; Зб 7:6
  • +4Пш 6:15, 16
  • +2Вқ 14:11; Зб 25:15; 62:1

2 Воқеанома 20:13

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «писарони».

2 Воқеанома 20:15

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 1:29, 30; Юш 11:4, 6; 2Вқ 32:7, 8

2 Воқеанома 20:17

Оятҳои иловагӣ

  • +Иш 30:15
  • +2Мс 14:13, 14; 15:2; 1Пш 2:1; 1Вқ 16:23; Нлҳ 3:26
  • +5Мс 31:8; Юш 10:25
  • +4Мс 14:9; 2Вқ 15:2

2 Воқеанома 20:19

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 23:12
  • +1Вқ 15:16

2 Воқеанома 20:20

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 11:5, 6
  • +2Мс 14:31; 19:9

2 Воқеанома 20:21

Оятҳои иловагӣ

  • +1Вқ 15:16
  • +2Мс 34:6

2 Воқеанома 20:22

Оятҳои иловагӣ

  • +Дв 7:22; 1Пш 14:20

2 Воқеанома 20:23

Оятҳои иловагӣ

  • +5Мс 2:5
  • +2Мс 14:25; Ҳз 38:21

2 Воқеанома 20:24

Эзоҳҳо

  • *

    Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 20:16
  • +2Мс 14:30; Зб 110:5, 6; Иш 37:36

2 Воқеанома 20:25

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 12:35; 4Пш 7:15, 16

2 Воқеанома 20:26

Эзоҳҳо

  • *

    Дар матни асл «баракат доданд».

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 17:14, 15; 1Пш 7:12

2 Воқеанома 20:27

Оятҳои иловагӣ

  • +1Пш 2:1; Зб 20:5; 30:1

2 Воқеанома 20:28

Оятҳои иловагӣ

  • +2Пш 6:5; 1Вқ 16:5
  • +4Мс 10:8; 1Вқ 13:8; 2Вқ 29:26
  • +Зб 116:19

2 Воқеанома 20:29

Оятҳои иловагӣ

  • +2Мс 15:13, 14; Юш 9:3, 9; 2Вқ 17:10

2 Воқеанома 20:30

Оятҳои иловагӣ

  • +Юш 23:1; 2Пш 7:1; 2Вқ 15:15

2 Воқеанома 20:31

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 22:41, 42

2 Воқеанома 20:32

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:11
  • +2Вқ 17:3, 4; 19:2, 3

Индексҳо

  • Роҳнамо

    Бурҷи дидбонӣ,

    3.2017, саҳ. 20

2 Воқеанома 20:33

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 15:14; 22:43; 2Вқ 17:1, 6
  • +3Пш 18:21

2 Воқеанома 20:34

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 16:1; 2Вқ 19:2
  • +2Вқ 16:7

2 Воқеанома 20:35

Оятҳои иловагӣ

  • +4Пш 1:2, 16

2 Воқеанома 20:36

Оятҳои иловагӣ

  • +3Пш 10:22, 23
  • +4Мс 33:1, 35; 5Мс 2:8; 3Пш 9:26

2 Воқеанома 20:37

Оятҳои иловагӣ

  • +2Вқ 19:2; Зб 127:1
  • +3Пш 22:48

Асосӣ

2 Воқ. 20:1Дв 3:14; 2Пш 8:2; Зб 83:2, 6
2 Воқ. 20:11Мс 19:36–38
2 Воқ. 20:2Юш 15:1
2 Воқ. 20:2Юш 15:20, 62
2 Воқ. 20:32Вқ 19:1, 3
2 Воқ. 20:45Мс 4:29–31
2 Воқ. 20:63Пш 8:23; Мт 6:9
2 Воқ. 20:61Вқ 29:11; Дн 4:17
2 Воқ. 20:61Вқ 29:12; Иш 40:15, 17; Дн 4:35
2 Воқ. 20:71Мс 12:7; Нҳё 9:7, 8; Иш 41:8; Яқ 2:23
2 Воқ. 20:82Вқ 2:4
2 Воқ. 20:92Вқ 6:20
2 Воқ. 20:93Пш 8:33, 34; 2Вқ 6:28–30
2 Воқ. 20:101Мс 36:8
2 Воқ. 20:104Мс 20:17, 18; 5Мс 2:5, 9, 19
2 Воқ. 20:11Дв 11:23, 24; Зб 83:2, 4
2 Воқ. 20:12Дв 11:27, 28; Зб 7:6
2 Воқ. 20:124Пш 6:15, 16
2 Воқ. 20:122Вқ 14:11; Зб 25:15; 62:1
2 Воқ. 20:155Мс 1:29, 30; Юш 11:4, 6; 2Вқ 32:7, 8
2 Воқ. 20:17Иш 30:15
2 Воқ. 20:172Мс 14:13, 14; 15:2; 1Пш 2:1; 1Вқ 16:23; Нлҳ 3:26
2 Воқ. 20:175Мс 31:8; Юш 10:25
2 Воқ. 20:174Мс 14:9; 2Вқ 15:2
2 Воқ. 20:191Вқ 23:12
2 Воқ. 20:191Вқ 15:16
2 Воқ. 20:202Вқ 11:5, 6
2 Воқ. 20:202Мс 14:31; 19:9
2 Воқ. 20:211Вқ 15:16
2 Воқ. 20:212Мс 34:6
2 Воқ. 20:22Дв 7:22; 1Пш 14:20
2 Воқ. 20:235Мс 2:5
2 Воқ. 20:232Мс 14:25; Ҳз 38:21
2 Воқ. 20:242Вқ 20:16
2 Воқ. 20:242Мс 14:30; Зб 110:5, 6; Иш 37:36
2 Воқ. 20:252Мс 12:35; 4Пш 7:15, 16
2 Воқ. 20:262Мс 17:14, 15; 1Пш 7:12
2 Воқ. 20:271Пш 2:1; Зб 20:5; 30:1
2 Воқ. 20:282Пш 6:5; 1Вқ 16:5
2 Воқ. 20:284Мс 10:8; 1Вқ 13:8; 2Вқ 29:26
2 Воқ. 20:28Зб 116:19
2 Воқ. 20:292Мс 15:13, 14; Юш 9:3, 9; 2Вқ 17:10
2 Воқ. 20:30Юш 23:1; 2Пш 7:1; 2Вқ 15:15
2 Воқ. 20:313Пш 22:41, 42
2 Воқ. 20:323Пш 15:11
2 Воқ. 20:322Вқ 17:3, 4; 19:2, 3
2 Воқ. 20:333Пш 15:14; 22:43; 2Вқ 17:1, 6
2 Воқ. 20:333Пш 18:21
2 Воқ. 20:343Пш 16:1; 2Вқ 19:2
2 Воқ. 20:342Вқ 16:7
2 Воқ. 20:354Пш 1:2, 16
2 Воқ. 20:363Пш 10:22, 23
2 Воқ. 20:364Мс 33:1, 35; 5Мс 2:8; 3Пш 9:26
2 Воқ. 20:372Вқ 19:2; Зб 127:1
2 Воқ. 20:373Пш 22:48
  • Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
  • 7
  • 8
  • 9
  • 10
  • 11
  • 12
  • 13
  • 14
  • 15
  • 16
  • 17
  • 18
  • 19
  • 20
  • 21
  • 22
  • 23
  • 24
  • 25
  • 26
  • 27
  • 28
  • 29
  • 30
  • 31
  • 32
  • 33
  • 34
  • 35
  • 36
  • 37
Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
2 Воқеанома 20:1–37

2 Воқеанома

20 Баъд аз ин мӯобиён+ ва аммӯниён+ бо чанде аз аммӯнимиён* берун омаданд, то бо Еҳушофот биҷанганд. 2 Ба Еҳушофот хабар доданд: «Аз тарафи баҳр*, аз Адӯм,+ бар зидди ту мардуми бисёре омада истодааст ва онҳо то Ҳасасӯн-Томор, яъне Эйн-Ҷадӣ,+ расидаанд». 3 Инро шунида Еҳушофот тарсид ва азм намуд*, ки Яҳуваро ҷӯё шавад.+ Ӯ дар тамоми Яҳудо рӯзадорӣ эълон кард. 4 Мардуми Яҳудо ҷамъ омад, ки аз Яҳува пурсон шавад.+ Онҳо аз тамоми шаҳрҳои Яҳудо омаданд, ки аз Яҳува маслиҳат пурсанд.

5 Сипас Еҳушофот назди хонаи Яҳува, дар пеши саҳни нав, дар миёни ҷамоати Яҳудо ва Ерусалим истода, 6 гуфт:

«Эй Яҳува, Худои бобоёнамон, охир, ту Худое ҳастӣ, ки дар осмонӣ+ ва бар тамоми подшоҳиҳои халқҳо ҳукмронӣ мекунӣ.+ Қудрату тавоноӣ дар дасти туст ва касе пеши ту истодагӣ карда наметавонад.+ 7 Эй Худои мо, магар ту сокинони ин заминро аз пеши халқат Исроил ронда, онро то абад ба насли дӯстат Иброҳим надодаӣ?+ 8 Онҳо дар ин замин сокин шуданд ва бароят ба номи ту муқаддасгоҳе сохта,+ гуфтанд: 9 “Агар ба сари мо мусибате — шамшер, ҳукми ҷазо, вабо ё қаҳтӣ, ояд ва мо пеши ин хона ва пеши ту (зеро номи ту бар ин хона аст)+ биистему дар азоби худ туро зора кунем, моро бишнав ва наҷот деҳ”.+ 10 Ҳоло мардуми Аммӯн, Мӯоб ва кӯҳистони Сеир+ дар ин ҷоянд. Ҳангоме ки Исроил аз замини Миср берун меомад, ту нагузоштӣ ба заминашон дарояд. Барои ҳамин Исроил аз пешашон бирафт ва онҳоро нест накард.+ 11 Акнун бошад, онҳо ба ивази некӣ бадӣ карда, ба ин ҷо омадаанд, то моро аз мулке, ки ба мо мерос додаӣ, пеш кунанд.+ 12 Эй Худои мо, онҳоро доварӣ намо.+ Мо дар пеши ин мардуми сершуморе, ки бар зидди мо омадааст, нотавон ҳастем ва чӣ кор карданамонро намедонем,+ чашмони мо сӯйи туст».+

13 Он вақт аҳли Яҳудо бо занону фарзандони* худ, аз он ҷумла кӯдакон, дар пеши Яҳува меистод.

14 Он гоҳ рӯҳи Яҳува дар миёни ҷамоат Яҳазиили писари Закарёи писари Баноёи писари Яиили писари Маттанёро, левизодаеро аз писарони Осаф, фаро гирифт. 15 Вай гуфт: «Гӯш диҳед, эй аҳли Яҳудо, эй сокинони Ерусалим ва шоҳ Еҳушофот! Яҳува ба шумо чунин мегӯяд: “Аз ин мардуми сершумор натарсед ва ба воҳима наафтед, зеро ин на ҷанги шумо, балки ҷанги Худост.+ 16 Пагоҳ сӯйи онҳо фароед. Онҳо бо ағбаи Сис меоянд ва шумо онҳоро дар канори водӣ, ки назди биёбони Яруил аст, мебинед. 17 Ба шумо лозим намеояд, ки биҷангед. Бархезед, биистед+ ва бубинед, ки чӣ тавр Яҳува шуморо наҷот медиҳад.+ Эй Яҳудо ва Ерусалим, натарс ва ба воҳима наафт.+ Пагоҳ бар зидди онҳо бароед ва Яҳува бо шумо хоҳад буд”».+

18 Ҳамон лаҳза Еҳушофот рӯ ба замин афтида саҷда намуд ва аҳли Яҳудову Ерусалим пеши Яҳува ба замин афтиданд, то ба Яҳува саҷда кунанд. 19 Сипас левизодагоне, ки аз насли Қаҳот+ ва Қӯраҳ буданд, бархестанд, то Яҳува, Худои Исроилро, бо тамоми овоз ситоиш намоянд.+

20 Онҳо саҳари барвақт хеста, берун омаданд, то сӯйи биёбони Тақӯо+ раванд. Ҳамин ки онҳо баромаданд, Еҳушофот истода, гуфт: «Эй Яҳудо ва сокинони Ерусалим, ба ман гӯш диҳед! Ба Худоятон Яҳува имон дошта бошед, то устувор бимонед, ва ба пайғамбарони ӯ бовар кунед,+ он гоҳ шумо комёб хоҳед шуд».

21 Ӯ бо мардум маслиҳат карда, сарояндагонро таъйин кард,+ то либоси поку муқаддас дар тан пешопеши сарбозон равона шаванд ва дар васфи Яҳува сароида бигӯянд: «Яҳуваро шукр гӯед, зеро меҳру вафои ӯ то абад аст».+

22 Ҳангоме ки онҳо шодона ҳамду сано сароидан гирифтанд, Яҳува бар зидди мардуми Аммӯн, Мӯоб ва кӯҳистони Сеир, ки ба Яҳудо омаданд, камин гузошт ва онҳо якдигарро куштанд.+ 23 Аммӯниён ва мӯобиён бо сокинони кӯҳистони Сеир+ ҷангиданд, то онҳоро несту нобуд кунанд, ва, вақте кори онҳоро тамом карданд, якдигарро куштанд.+

24 Вақте аҳли Яҳудо ба бурҷи* биёбон+ расид, сӯйи он мардум нигоҳ карда, ҷасадҳои афтидаи онҳоро дид+ ва касе аз онҳо зинда намонда буд. 25 Он гоҳ Еҳушофот бо халқе, ки ҳамроҳаш буд, барои гирифтани ғанимат омад. Онҳо молу мулк, сарулибос ва чизҳои қиматбаҳои бисёреро дида, барои худ ҷамъ карданд, ба тавре ки дигар бардошта натавонистанд.+ Онҳо се рӯз ғанимат ҷамъ карданд, чунки он хеле бисёр буд. 26 Дар рӯзи чорум онҳо дар водии Барака ҷамъ шуда, Яҳуваро ҳамду сано гуфтанд*. Барои ҳамин он ҷоро водии Барака номиданд+ ва то ба имрӯз он чунин ном дорад.

27 Баъд аз ин тамоми мардони Яҳудо ва Ерусалим бо сарварии Еҳушофот хурсандӣ карда, ба Ерусалим баргаштанд, зеро Яҳува душманонашонро шикаст дода, онҳоро шод кард.+ 28 Онҳо бо садои созҳои торӣ ва чангу+ карнай+ ба Ерусалим даромада, ба хонаи Яҳува+ рафтанд. 29 Тамоми подшоҳиҳоро тарси Худо фаро гирифт, зеро шуниданд, ки бо душманони Исроил Яҳува ҷангида буд.+ 30 Дар қаламрави Еҳушофот тинҷиву амонӣ пойдор шуд ва Худояш ба ӯ аз ҳар тараф оромӣ бахшид.+

31 Еҳушофот бар Яҳудо ҳукмронӣ мекард. Ӯ дар 35-солагиаш подшоҳ шуд ва 25 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари вай Азубои духтари Шилҳӣ буд.+ 32 Ӯ бо роҳи падараш Осо+ мерафт ва аз он дур нашуд. Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба ҷо меовард.+ 33 Аммо баландиҳо барҳам дода нашуданд+ ва мардум ҳанӯз дили худро омода накарда буд, ки Худои бобоёнашонро биҷӯяд.+

34 Воқеаҳои дигари ҳаёти Еҳушофот, аз аввал то охир, дар навиштаҳои Еҳуи+ писари Ҳанонӣ,+ ки дар Китоби шоҳони Исроил оварда шудаанд, навишта шудааст. 35 Пас аз ин Еҳушофоти шоҳи Яҳудо бо Аҳазёи шоҳи Исроил, ки корҳои бад мекард,+ паймон баст. 36 Ӯ бо вай шарик шуд, то киштиҳое созад, ки ба Таршиш+ мераванд, ва онҳо дар Эсюн-Ҷобар киштӣ сохтанд.+ 37 Аммо Элиезери писари Дӯдовоҳу, ки аз Морешо буд, дар ҳаққи Еҳушофот пешгӯйӣ карда гуфт: «Азбаски ту бо Аҳазё паймон бастӣ, Яҳува коратро вайрон мекунад».+ Он киштиҳо шикаста+ то ба Таршиш нарасиданд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан