3 Подшоҳон
15 Дар соли 18-уми шоҳ Ёробъоми+ писари Набот Абиём подшоҳи Яҳудо шуд.+ 2 Ӯ дар Ерусалим се сол ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Маъкои+ набераи Абишолӯм буд. 3 Абиём тамоми гуноҳҳои бобоёнашро, ки пеш аз ӯ карда буд, ба амал меовард ва дилаш мисли дили падараш Довуд пурра бо Худояш Яҳува набуд*. 4 Вале Худояш Яҳува ба хотири Довуд+ дар Ерусалим ба ӯ чароғе дод+ ва баъд аз ӯ писарашро подшоҳ карду Ерусалимро боқӣ гузошт, 5 зеро Довуд он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал овард ва ғайр аз рафторе, ки нисбати Уриёи ҳиттӣ кард,+ тамоми рӯзҳои умраш аз ягон фармудаи Худо сар натофт. 6 Байни Раҳабъом ва Ёробъом тамоми рӯзҳои умри ӯ ҷанг буд.+
7 Воқеаҳои дигари ҳаёти Абиём, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.+ Дар байни Абиём ва Ёробъом низ ҷанг буд.+ 8 Абиём ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва ӯро дар Шаҳри Довуд гӯронданд. Ба ҷойи ӯ писараш Осо+ подшоҳ шуд.+
9 Дар соли 20-уми Ёробъоми подшоҳи Исроил Осо бар Яҳудо ҳукмронӣ намуданро сар кард. 10 Ӯ дар Ерусалим 41 сол ҳукмронӣ кард. Бибии ӯ Маъкои+ набераи Абишолӯм буд. 11 Осо мисли бобояш Довуд он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал овард.+ 12 Ӯ мардони танфурӯшро* аз мамлакат пеш кард+ ва ҳамаи бутҳои ҳаромеро*, ки бобоёнаш сохта буданд, дур кард.+ 13 Ӯ ҳатто бибиаш Маъкоро+ аз маликагӣ маҳрум кард, зеро вай барои парастиши Ашера* бути ҳароме сохта буд. Осо ин бути ҳаромро бурида, дар водии Қидрӯн+ сӯзонид.+ 14 Вале баландиҳо барҳам дода нашуданд.+ Бо вуҷуди ин дили Осо тамоми умраш пурра бо Яҳува буд*. 15 Ӯ чизҳоеро, ки худашу падараш ба Худо бахшида буданд* — нуқра, тилло ва ашёи гуногунро, ба хонаи Яҳува овард.+
16 Дар байни Осо ва Баъшои+ подшоҳи Исроил доимо ҷанг буд. 17 Боре Баъшои подшоҳи Исроил бар зидди Яҳудо баромад ва Роморо*+ бино кард, то ки касе назди* Осои подшоҳи Яҳудо нараваду наояд.+ 18 Он гоҳ Осо тамоми нуқраву тиллоеро, ки дар ганҷинаҳои хонаи Яҳува ва ганҷинаҳои қасри подшоҳ боқӣ монда буд, гирифта, ба дасти ходимонаш дод. Ӯ онҳоро ба назди Бин-Ҳадади писари Табриммӯни писари Ҳезйӯни подшоҳи Арам*,+ ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт: 19 «Ману ту ва падари ману падари ту аҳду паймон баста будем. Ман ба ту нуқраву тиллоро туҳфа мефиристам. Ту бошӣ, аҳду паймони худро бо Баъшои подшоҳи Исроил бишкан, то ӯ аз ман дур шавад». 20 Бин-Ҳадад ба шоҳ Осо гӯш дода сарони лашкарашро бар зидди шаҳрҳои Исроил фиристод ва онҳо Ийӯн,+ Дон,+ Обил-Байт-Маако, тамоми Кинерӯт ва тамоми замини Нафтолиро забт карданд. 21 Баъшо хабари инро шунида дарҳол бино кардани Роморо* бас кард ва дар Тирсо+ зист. 22 Баъд аз ин шоҳ Осо аҳли Яҳудоро, як кас намонда, ҷамъ кард ва онҳо сангу чӯби Роморо, ки Баъшо дар сохтмон истифода мекард, кашонда бурданд ва шоҳ Осо бо он сангу чӯб Ҷабъаи+ Бинёмин ва Мисфоро*+ сохт.
23 Воқеаҳои дигари ҳаёти Осо, дар бораи тамоми қудрати ӯ, тамоми корҳои ӯ ва шаҳрҳое*, ки ӯ бино кард, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст. Осо дар пиронсолиаш ба дарди по гирифтор шуд.+ 24 Оқибат ӯ ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва бо онҳо дар Шаҳри Довуди падараш гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Еҳушофот+ подшоҳ шуд.
25 Дар соли дуюми Осои подшоҳи Яҳудо Нодоби+ писари Ёробъом подшоҳи Исроил шуд ва ӯ ду сол бар Исроил ҳукмронӣ кард. 26 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард, ӯ ба падараш пайравӣ менамуд+ ва мисли Исроил, ки падараш ба гуноҳ тела дода буд, гуноҳ мекард.+ 27 Баъшои писари Аҳиё, ки аз хонадони Иссокор буд, қасди ҷони ӯро кард. Баъшо ӯро дар Ҷибтӯн,+ ки дар дасти фалиштиён буд, ҳангоме ки Нодоб ва тамоми Исроил Ҷибтӯнро муҳосира мекарданд, кушт. 28 Баъшо ӯро дар соли сеюми Осои шоҳи Яҳудо кушт ва ба ҷояш подшоҳ шуд. 29 Ҳамин ки ӯ подшоҳ шуд, тамоми хонадони Ёробъомро кушт ва касеро аз Ёробъом зинда намонд. Ӯ онҳоро мувофиқи сухане, ки Яҳува ба воситаи бандааш, Аҳиёи шилӯнӣ, гуфта буд, аз як сар нест кард.+ 30 Ин аз он сабаб ба амал омад, ки Ёробъом гуноҳ карда ва Исроилро ба гуноҳ тела дода Яҳува, Худои Исроилро, сахт ба ғазаб оварда буд. 31 Воқеаҳои дигари ҳаёти Нодоб, тамоми корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Исроил навишта шудааст. 32 Дар байни Осо ва Баъшои подшоҳи Исроил доимо ҷанг буд.+
33 Дар соли сеюми Осои подшоҳи Яҳудо Баъшои писари Аҳиё дар Тирсо бар тамоми Исроил подшоҳ шуд ва 24 сол ҳукмронӣ кард.+ 34 Вале ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал меовард,+ ӯ ба Ёробъом пайравӣ менамуд ва мисли Исроил, ки Ёробъом ба гуноҳ тела дода буд, гуноҳ мекард.+