КИТОБИ ПАЙҒАМБАР ДОНИЁЛ
1 Дар соли сеюми ҳукмронии подшоҳи Яҳудо — Еҳуёқим,+ подшоҳи Бобил — Набукаднесар, ба Ерусалим омада, онро муҳосира кард.+ 2 Яҳува Еҳуёқим, подшоҳи Яҳудо, ва ҳамчунин баъзе ашёи хонаи Худои ҳақиқиро ба дасти подшоҳи Бобил супурд+ ва ӯ онҳоро ба замини Шинъор*,+ ба хонаи худои худ, оварда, дар хазинахонаи худояш гузошт.+
3 Подшоҳ ба Ашфаназ, сардори ходимони дарбор, фармуд, ки баъзеи исроилиён, аз он ҷумла шоҳзодагон ва фарзандони калоншавандагони онҳоро, биёрад.+ 4 Ӯ бояд ҷавонони* бенуқсону зебо, соҳиби хирад, дониш ва ақлу фаҳмро ҷамъ меовард,+ ҷавононеро, ки дар дарбори шоҳ хизмат карда тавонанд. Ӯ бояд ба онҳо хат ва забони калдониёнро таълим медод. 5 Ҳамчунин подшоҳ барои онҳо хӯроки ҳаррӯзаро аз ҳар гуна нозу неъмати дастархонаш ва шаробе, ки менӯшид, таъйин намуд. Ӯ амр фармуд, ки онҳоро се сол таълим диҳанд* ва баъди гузаштани ин муҳлат онҳо дар дарбори шоҳ хизмат кунанд.
6 Дар байни онҳо аз қабилаи Яҳудо Дониёл*,+ Ҳананё*, Мишоил* ва Азарё*+ буданд. 7 Сардори ходимони дарбор ба онҳо номҳои дигар дод*. Ӯ Дониёлро Балтшасар,+ Ҳананёро Шадрак, Мишоилро Мешак ва Азарёро Абдунаҷу+ номид.
8 Аммо Дониёл дар дилаш қарор кард, ки худро бо хӯроки подшоҳ ва шаробе, ки ӯ менӯшад, нопок насозад. Ӯ аз сардори ходимони дарбор иҷозат пурсид, ки худро ин тавр нопок насозад. 9 Он гоҳ Худо тавре кард, ки Дониёл дар назари сардори ходимони дарбор писанд афтод ва ӯ ба вай марҳамат кард.+ 10 Аммо ӯ ба Дониёл гуфт: «Ман аз хоҷаи худ подшоҳ, ки ба шумо хӯроку нӯшокӣ таъйин кардааст, метарсам. Мабодо ӯ бубинад, ки рангу рӯйи шумо аз дигар ҷавонони* ҳамсолатон бадтар аст. Он гоҳ ман дар пеши подшоҳ гунаҳкор мешавам». 11 Вале Дониёл ба посбоне, ки сардори ходимони дарбор ӯро бар Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё таъйин карда буд, гуфт: 12 «Илтимос, бандагонатро бисанҷ: ба мо даҳ рӯз барои хӯрдан сабзавот ва барои нӯшидан об бидеҳ 13 ва баъд рангу рӯйи моро бо рангу рӯйи ҳамсолонамон, ки нозу неъмати подшоҳро мехӯранд, муқоиса кун. Сипас бо мо мувофиқи он чӣ мебинӣ, амал намо».
14 Посбон ин пешниҳодро қабул кард ва онҳоро даҳ рӯз санҷид. 15 Баъди даҳ рӯз онҳо аз дигар ҷавононе, ки хӯроки подшоҳро мехӯрданд, беҳтару бардамтар менамуданд. 16 Аз ин рӯ посбон хӯрок ва шароби онҳоро гирифта, ба ҷойи ин чизҳо ба онҳо сабзавот додан гирифт. 17 Худо ба ин чор ҷавон* дониш ва фаҳмиши ҳар навъ хат ва хирадро ато кард. Ба Дониёл бошад, фаҳмиши ҳама гуна рӯъёҳо ва хобҳо ато шуда буд.+
18 Дар охири муҳлате, ки подшоҳ барои ҷавонон муқаррар карда буд,+ сардори ходимони дарбор онҳоро назди Набукаднесар овард. 19 Вақте подшоҳ бо ҷавонон суҳбат кард, дид, ки ҳеҷ кадоми онҳо ба Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё баробар нест,+ ва онҳо хизмати худро дар дарбори подшоҳ давом доданд. 20 Дар ҳар масъалае, ки подшоҳ аз онҳо мепурсид ва ҳалли он хираду фаҳмиш металабид, маълум мешуд, ки онҳо аз тамоми коҳинони ҷодугар ва афсунгароне,+ ки дар мамлакати ӯ буданд, даҳ маротиба беҳтаранд. 21 Дониёл то соли якуми ҳукмронии подшоҳ Куруш+ дар он ҷо монд.
2 Дар соли дуюми подшоҳии худ Набукаднесар якчанд хоб дид ва ӯ* чунон беқарор гардид,+ ки хобаш парид. 2 Он гоҳ подшоҳ фармон дод, то коҳинони ҷодугар, афсунгарон, ҷодугарон ва калдониёнро* ҷамъ биёранд, то хобҳои подшоҳро бигӯянд. Онҳо назди подшоҳ омаданд+ 3 ва подшоҳ ба онҳо гуфт: «Ман хобе дидам ва беқарор гаштаам*, зеро мехоҳам бифаҳмам чӣ хобе дидаам». 4 Калдониён ба подшоҳ бо забони арамӣ*+ ҷавоб доданд: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Хобро ба бандагонат бигӯ, то мо онро таъбир кунем».
5 Подшоҳ ба калдониён ҷавоб дод: «Сухани охирини ман чунин аст: агар хобро ба ман нагӯед ва таъбири онро ба ман маълум насозед, шуморо пора-пора мекунанд ва хонаатонро ҳоҷатхонаи мардум* месозанд. 6 Аммо, агар хобро ба ман бигӯед ва таъбирашро баён кунед, шуморо соҳиби туҳфа, мукофот ва шарафи бузурге мегардонам.+ Пас, хоб ва таъбири онро ба ман бигӯед».
7 Онҳо бори дуюм ҷавоб доданд: «Бигзор подшоҳ хобро ба бандагонаш бигӯяд ва мо таъбири онро баён месозем».
8 Подшоҳ дар ҷавоб гуфт: «Ман хуб медонам, ки шумо вақтро кашол медиҳед, зеро сухани охирини маро шунидаед. 9 Агар хобро ба ман маълум насозед, барои ҳамаи шумо як ҷазо аст. Аммо шумо забон як кардаед, ки то дигар шудани вазъият маро фанду фиреб диҳед. Аз ин рӯ хобро ба ман бигӯед ва ман мефаҳмам, ки шумо метавонед таъбири онро низ баён кунед».
10 Калдониён ба подшоҳ ҷавоб доданд: «Дар рӯйи замин ҳеҷ одаме нест, ки ин гуфтаи подшоҳро ба амал оварда тавонад, зеро ҳеҷ подшоҳи бузург ё ҳокиме чунин чизро аз коҳини ҷодугаре, афсунгаре ё калдоние талаб накардааст. 11 Подшоҳ чизи душвореро талаб мекунад ва ҳеҷ касе нест, ки ин кор аз дасташ биёяд, ба ҷуз худоён, ки бо одамони миранда* ҳамзист нестанд».
12 Аз ин хашму ғазаби подшоҳ ҷӯш зад ва ӯ фармон дод, ки ҳама донишмандони Бобилро нест кунанд.+ 13 Вақте фармон бароварда шуд ва донишмандон бояд кушта мешуданд, Дониёл ва рафиқонашро ҷустуҷӯ карданд, то онҳоро низ бикушанд.
14 Он гоҳ Дониёл ақлу фаросатро кор фармуда, бо эҳтиёт бо Арюки сардори посбонони подшоҳ, ки барои куштани донишмандони Бобил фиристода шуд, гап зад. 15 Ӯ аз Арюк, ки хизматгори дарбори подшоҳ буд, пурсид: «Сабабаш чӣ бошад, ки подшоҳ чунин фармони сахт баровардааст?» Арюк буду шуди воқеаро ба Дониёл нақл кард.+ 16 Он гоҳ Дониёл омада, аз подшоҳ илтимос кард, ки ба вай вақт диҳад, то таъбири хобро ба подшоҳ бигӯяд.
17 Сипас Дониёл ба хонаи худ рафт ва ба рафиқони худ Ҳананё, Мишоил ва Азарё инро хабар дод. 18 Ӯ аз онҳо хоҳиш намуд, то онҳо ба Худои осмон дуо гӯянд, ки бар онҳо раҳм намояд ва ин сирро ба онҳо ошкор кунад ва Дониёлу рафиқонаш ҳамроҳи дигар донишмандони Бобил нест нашаванд.
19 Он шаб сир дар рӯъё ба Дониёл ошкор шуд.+ Дониёл Худои осмонро васфу ситоиш карда, 20 чунин гуфт:
«Номи Худо аз азал то абад муборак бод,
Зеро хирад ва қудрат аз они ӯст.+
21 Ӯ вақтҳо ва замонҳоро тағйир медиҳад,+
Подшоҳонро сарнагун мекунад ва таъйин месозад,+
Ба хирадмандон хирад ва ба оқилон дониш медиҳад.+
23 Туро, эй Худои бобоёнам, шукр ва ситоиш мекунам,
Зеро ту ба ман хираду қудрат ато кардаӣ.
Ҳоло ту ба ман он чиро, ки аз ту хоҳиш карда будем, ошкор намудӣ,
Ту ба мо масъалаи подшоҳро маълум кардӣ».+
24 Сипас Дониёл назди Арюк, ки подшоҳ ба вай куштани ҳама донишмандони Бобилро фармуда буд, рафт+ ва ба вай гуфт: «Аз донишмандони Бобил ҳеҷ касро нобуд насоз. Маро пеши подшоҳ бибар ва ман таъбири хобро ба подшоҳ мегӯям».
25 Арюк дарҳол Дониёлро пеши подшоҳ бурд ва гуфт: «Ман аз миёни асирони яҳудӣ шахсеро ёфтам,+ ки хоби подшоҳро таъбир карда метавонад». 26 Он гоҳ подшоҳ ба Дониёл, ки Балтшасар+ ном дошт, гуфт: «Оё метавонӣ хоберо, ки дидам, бигӯӣ ва онро таъбир намоӣ?»+ 27 Дониёл ба подшоҳ ҷавоб дод: «Ҳеҷ як донишманд, афсунгар, коҳини ҷодугар ё толеъбин* наметавонад ба подшоҳ сирреро, ки ӯ мепурсад, ошкор кунад.+ 28 Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост.+ Ӯ ба подшоҳ Набукаднесар маълум кардааст, ки дар рӯзҳои охир чӣ рӯй медиҳад. Ин аст хоби ту ва инҳоянд рӯъёҳое, ки ту бар бистарат дидӣ.
29 Эй подшоҳ, вақте дар бистарат хоб будӣ, ту дар бораи чизҳое, ки дар оянда бояд рӯй диҳанд, фикру хаёл кардӣ ва Ошкоркунандаи розҳо туро аз он чизҳое, ки бояд рӯй диҳанд, хабардор кард. 30 Ба ман ин роз на аз сабаби он ошкор шудааст, ки назар ба ҳамаи зиндаҳо хиради бештар дорам, балки, барои он ки таъбири хоб ба подшоҳ маълум шавад ва ӯ фикру хаёли дилашро бидонад.+
31 Ту, эй подшоҳ, ҳайкали бузургеро дидӣ. Ин ҳайкал, ки хеле бузург ва дурахшон буд, дар рӯ ба рӯйи ту меистод ва намудаш даҳшатовар буд. 32 Сари ҳайкал аз тиллои тоза,+ сина ва бозуҳояш аз нуқра,+ шикам ва ронҳояш аз мис+ буд, 33 соқҳояш аз оҳан,+ пойҳояш бошад, қисман аз оҳану қисман аз гил+ буд. 34 Ту то даме нигоҳ кардӣ, ки санге, бе он ки дасти одамӣ расида бошад, аз кӯҳ канда шуд, ва пойҳои оҳанин ва гилини ҳайкалро зада, пора-пора кард.+ 35 Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло, якбора гард-гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо намонд. Аммо санге, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи калоне табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.
36 Чунин аст хоб ва ҳозир таъбирашро ба подшоҳ баён мекунем. 37 Ту, эй подшоҳ, шоҳаншоҳе ҳастӣ, ки Худои осмон ба ту подшоҳӣ, қудрат, тавоноӣ ва ҷалол бахшидааст.+ 38 Ӯ ба дасти ту тамоми одамизодро, дар куҷое ки онҳо зиндагӣ накунанд, додааст ва ба дасти ту ҷонварони саҳро ва мурғони ҳаворо супурдааст. Ӯ бар тамоми ҷонзод туро ҳоким таъйин кардааст+ — он сари тилло туӣ.+
39 Аммо баъди ту подшоҳии дигаре ба миён меояд,+ ки аз подшоҳии ту пасттар мешавад, баъд дигаре, подшоҳии сеюм, ки аз мис мешавад ва бар тамоми замин ҳукм меронад.+
40 Подшоҳии чорум мисли оҳан+ қавӣ мешавад, зеро, чи тавре ки оҳан ҳама чизро пора-пора ва гард-гард месозад, ҳамон тавр он подшоҳӣ ҳамаи он подшоҳиҳоро шикаста, майда-майда мекунад.+
41 Ту пойҳо ва ангуштонро дидӣ, ки қисман аз гили кӯзагар ва қисман аз оҳан буданд — ин подшоҳии тақсимшудаест, ки як андоза қуввати оҳан дар он хоҳад буд, зеро ту оҳани бо гили мулоим омехтаро дидӣ. 42 Азбаски ин ангуштони пойҳо қисман аз оҳан ва қисман аз гил буданд, ин подшоҳӣ қисман қавӣ ва қисман суст мешавад. 43 Он ки ту оҳани бо гили мулоим омехтаро дидӣ, маънои онро дорад, ки оҳанаш бо насли одамизод омехта мешавад, лекин ба ҳамдигар намечаспанд, ҳамон тавре ки оҳан бо гил омехта намешавад.
44 Дар замони он подшоҳон Худои осмон подшоҳие барпо мекунад,+ ки ҳеҷ гоҳ барҳам намехӯрад.+ Ин подшоҳӣ ба халқи дигаре дода намешавад.+ Он ҳамаи ин подшоҳиҳоро несту нобуд месозад ва аз байн мебарад,+ худаш бошад, то абад мемонад,+ 45 зеро ту дидӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасти одамизоде ба он расида бошад, ва оҳан, мис, гил, нуқра ва тиллоро гард-гард кард.+ Худои Бузург подшоҳро аз он чӣ дар оянда рӯй медиҳад, огоҳ кардааст.+ Ин хоб дуруст ва таъбири он ҳаққ асту рост».
46 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар дар пеши Дониёл рӯй ба замин ниҳода таъзим кард ва амр дод, ки барои ӯ туҳфа ва бухур оранд. 47 Подшоҳ ба Дониёл гуфт: «Дар ҳақиқат, Худои шумо — Худои худоён, Ҳукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳост, зеро ту ин сирро ошкор карда тавонистӣ».+ 48 Подшоҳ Дониёлро сарафроз кард ва ба ӯ туҳфаҳои қиматбаҳои зиёде дод, ӯро ҳокими тамоми вилояти Бобил ва сардори ҳамаи донишмандони Бобил таъйин кард.+ 49 Бо хоҳиши Дониёл подшоҳ назорати корҳои вилояти Бобилро ба Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу+ супурд. Дониёл бошад, дар дарбори подшоҳ хизмат мекард.
3 Подшоҳ Набукаднесар ҳайкали тиллоие сохт, ки баландияш 60 газ* ва бараш 6 газ* буд. Ӯ онро дар водии Дуро, дар вилояти Бобил, барпо намуд. 2 Сипас подшоҳ Набукаднесар фармуд, то шаҳрбонон*, нозирон, ҳокимон, маслиҳатгарон, хазинадорон, доварон, қозиён ва тамоми сардорони вилоятҳо ба маросими боз кардани ҳайкале, ки подшоҳ Набукаднесар барпо карда буд, биёянд.
3 Шаҳрбонон, нозирон, ҳокимон, маслиҳатгарон, хазинадорон, доварон, қозиён ва тамоми сардорони вилоятҳо ба маросиме, ки подшоҳ Набукаднесар барпо кард, ҷамъ омада, дар рӯ ба рӯйи ҳайкал истоданд. 4 Ҷорчӣ* бо овози баланд эълон кард: «Ба шумо, эй одамони ҳар гуна халқҳо, миллатҳо ва забонҳо, чунин фармуда мешавад: 5 вақте садои шох, най, чилтор, чанг, соз, найанбон ва дигар созҳои мусиқиро шунавед, рӯ ба замин афтода, ба ҳайкали тиллоие, ки подшоҳ Набукаднесар барпо кардааст, саҷда намоед. 6 Ҳар касе, ки рӯ ба замин ниҳода саҷда накунад, дарҳол ба оташдони фурӯзону тафсон партофта мешавад».+ 7 Вақте овози шох, най, чилтор, чанг, соз ва дигар созҳои мусиқӣ садо дод, тамоми халқҳо, миллатҳо ва забонҳо рӯ ба замин афтода, ба ҳайкали тиллоие, ки подшоҳ Набукаднесар барпо карда буд, саҷда намуданд.
8 Он вақт баъзе аз калдониён омада, яҳудиёнро айбдор намуданд. 9 Онҳо ба подшоҳ Набукаднесар гуфтанд: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! 10 Ту, эй подшоҳ, фармон додӣ, ки ҳар касе садои шох, най, чилтор, чанг, соз, найанбон ва дигар созҳои мусиқиро бишнавад, бояд рӯ ба замин афтода, ба ҳайкали тиллоӣ саҷда кунад 11 ва ҳар кӣ ба замин афтода, саҷда накунад, ба оташдони фурӯзону тафсон партофта шавад.+ 12 Аммо баъзе яҳудиёне, ки ту бар вилояти Бобил таъйин намудӣ, яъне Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу,+ туро, эй подшоҳ, писанд намекунанд. Онҳо худоёни туро парастиш намекунанд ва намехоҳанд ба ҳайкали тиллоие, ки ту барпо намудаӣ, саҷда баранд».
13 Он гоҳ Набукаднесар ба хашму ғазаб омада, фармон дод, то Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро биёранд. Вақте онҳоро назди подшоҳ оварданд, 14 Набукаднесар ба онҳо гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, оё рост аст, ки шумо худоёни маро намепарастед+ ва ба ҳайкали тиллоие, ки барпо намудаам, саҷда кардан намехоҳед? 15 Ҳоло бошад, агар баробари шунидани садои шох, най, чилтор, чанг, соз, найанбон ва дигар созҳои мусиқӣ рӯ ба замин афтода, саҷда кунед, хуб. Вале, агар саҷда накунед, шумо ҳамон дам ба оташдони фурӯзону тафсон партофта мешавед. Он гоҳ кадом худо шуморо аз дасти ман халос карда метавонад?»+
16 Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу ба подшоҳ чунин ҷавоб доданд: «Эй подшоҳ Набукаднесар! Моро ҳоҷат нест, ки дар ин бора ба ту ҷавоб диҳем. 17 Агар кор то ба ин дараҷа расад, Худои мо, ки ӯро мепарастем, метавонад моро аз оташдони фурӯзону тафсон наҷот диҳад ва аз дасти ту низ, эй подшоҳ, халос кунад.+ 18 Ҳатто агар ин тавр накунад, ба ту маълум бод, эй подшоҳ, ки мо худоёни туро намепарастем ва ба ҳайкали тиллоие, ки ту барпо намудаӣ, саҷда намекунем».+
19 Он гоҳ Набукаднесар чунон бар Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу дарғазаб шуд, ки рангу рӯяш дигаргун гашт* ва фармуд*, то оташдонро аз ҳарвақта дида ҳафт баробар бештар тафсонанд. 20 Ӯ ба чанд нафар мардони пурзӯри лашкари худ фармон дод, то Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро баста, ба оташдони фурӯзону тафсон партоянд.
21 Онҳоро, дар ҳолате ки ҷомаҳо, куртаҳо, кулоҳҳо ва дигар либосашон дар танашон буд, бандубаст карданд ва ба оташдони фурӯзону тафсон партофтанд. 22 Азбаски подшоҳ чунин фармони сахт дода буд ва оташдон чанд карат зиёд тафсонда шуда буд, касоне, ки Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро гирифта оварданд, аз алангаи оташ мурданд. 23 Вале ин се нафар, Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, дар ҳолате ки бандубаст шуда буданд, ба оташдони фурӯзону тафсон афтиданд.
24 Он гоҳ подшоҳ Набукаднесар ба ҳарос омада, саросемавор аз ҷояш хест ва ба амалдорони худ гуфт: «Магар мо се нафарро бандубаст карда, ба оташ напартофта будем?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Бале, эй подшоҳ». 25 Ӯ гуфт: «Охир, ман чор мардро мебинам, ки дар миёни оташ бемалол гардиш мекунанд ва ба онҳо зараре нарасидааст. Чорумашон бошад, мисли писари худоён аст».
26 Набукаднесар ба даҳани оташдони тафсон наздик шуда, гуфт: «Эй Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, бандагони Худои Таоло,+ ин ҷо бароед!» Он гоҳ Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу аз миёни оташ берун омаданд. 27 Шаҳрбонон, нозирон, ҳокимон ва амалдорони подшоҳ, ки дар он ҷо ҷамъ шуда буданд,+ диданд, ки оташ бар бадани онҳо асаре накардааст,+ ҳатто як тори мӯяшон насӯхтааст, ҷомаҳояшон мисли пештара аст ва онҳо ҳатто бӯйи дуд намекунанд.
28 Он гоҳ Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Чӣ бузург аст Худои Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу,+ ки фариштаи худро фиристод ва бандагонашро наҷот дод! Онҳо ба ӯ такя карданд ва ба амри подшоҳ зид баромаданд ва тайёр буданд бимиранду худои дигареро ғайр аз Худои худ парастиш накунанд.+ 29 Аз ин рӯ ман амр мефармоям, ки, агар касе аз ягон халқ, миллат ва ё забон бар зидди Худои Шадрак, Мешак ва Абдунаҷу, чизе бигӯяд, пора-пора карда шавад ва хонаашро ба ҳоҷатхонаи мардум* табдил диҳанд, зеро ҳеҷ худое нест, ки мисли ӯ наҷот диҳад».+
30 Пас аз ин подшоҳ Шадрак, Мешак ва Абдунаҷуро дар вилояти Бобил бузург гардонд.+
4 «Ин аст хабари подшоҳ Набукаднесар ба ҳама одамони рӯйи замин, аз тамоми халқҳо, миллатҳо ва забонҳо: сулҳу осоиштагии шумо афзун бод! 2 Мехоҳам ҳамаи аломатҳо ва муъҷизаҳоеро, ки Худои Таоло нисбати ман ба амал овард, ба шумо эълон намоям. 3 Чӣ бузурганд аломатҳо ва чӣ аҷоибанд муъҷизаҳои ӯ! Подшоҳии ӯ подшоҳии ҷовидонист ва ҳукмронии ӯ аз насл ба насл аст.+
4 Ман, Набукаднесар, дар хонаи худ зиндагии тинҷу осуда доштам ва дар қасри худ бароҳат умр ба сар мебурдам. 5 Ман хобе дидам, ки маро ба тарс овард. Вақте бар бистари худ хоб будам, тасвирҳо ва рӯъёҳои сарам маро ба ҳарос оварданд.+ 6 Аз ин рӯ амр фармудам, ки тамоми донишмандони Бобилро назди ман оранд, то онҳо таъбири хобамро бигӯянд.+
7 Он вақт коҳинони ҷодугар, афсунгарон, калдониён* ва толеъбинон+ омаданд. Вақте ман хобамро ба онҳо нақл кардам, онҳо таъбири онро гуфта натавонистанд.+ 8 Ниҳоят Дониёл, ки ба хотири худои ман+ Балтшасар+ номида шудаасту рӯҳи худоёни муқаддас бар ӯст,+ омад ва ман хобро ба ӯ нақл карда гуфтам:
9 “Эй Балтшасар, ки сардори коҳинони ҷодугар ҳастӣ,+ ман нағз медонам, ки рӯҳи худоёни муқаддас бар туст+ ва ҳеҷ сирре нест, ки ошкор карданаш бароят душвор бошад.+ Пас, рӯъёҳоеро, ки дар хоб дидам, ба ман бифаҳмон ва таъбири онро ба ман бигӯ.
10 Дар рӯъёҳои сарам, бар бистари худ, ман дарахтеро+ дар байни замин дидам, ки қадаш хеле ва хеле баланд буд.+ 11 Ин дарахт калону бақувват шуд ва сари он ба осмон расид ва он аз гӯшаву канори замин намоён буд. 12 Баргҳои он зебо ва мевааш фаровон буд ва он барои ҳама ғизо медод. Ҷонварони саҳро дар сояи он паноҳ меёфтанд ва парандагони осмон дар шохаҳояш лона месохтанд ва тамоми ҷонзод аз он ғизо мегирифт.
13 Вақте бар бистари худ ин рӯъёҳоро медидам, дидбонеро, хабаррасони муқаддасеро, дидам, ки аз осмон мефаромад.+ 14 Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт: “Ин дарахтро бурида партоед,+ шохаҳояшро буред, баргҳояшро афшонед ва меваашро чош диҳед! Бигзор ҷонварони саҳро аз зери он гурезанд ва парандагон аз шохаҳояш дур шаванд. 15 Аммо кундаашро бо решаҳояш дар замин бимонед ва онро бо бандҳои оҳанину мисин миёни алафи саҳро бибандед. Бигзор он аз шабнами осмон тар шавад ва ҳиссааш бо ҳайвонҳо байни алафи замин бошад.+ 16 Бигзор ақли* инсонии ӯ ба ақли ҳайвонӣ табдил дода шавад ва бигзор ҳафт замон+ бар ӯ гузарад.+ 17 Ин мувофиқи фармони дидбонон+ ва талаби хабаррасонҳои муқаддас аст, то зиндагон бидонанд, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст+ ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад ва бар он ҳатто шахси камтаринро таъйин карда метавонад”.
18 Ин аст хобе, ки ман, подшоҳ Набукаднесар, дидам. Акнун ту, эй Балтшасар, таъбири онро ба ман бигӯ, зеро ягон донишманди подшоҳии ман таъбири хобро ба ман гуфта натавонист.+ Ту бошӣ, ин корро карда метавонӣ, зеро рӯҳи худоёни муқаддас бар туст”.
19 Он вақт Дониёл, ки Балтшасар+ ном дорад, лаҳзае ба ташвиш афтод ва фикрҳояш ӯро ба тарс оварданд.
Подшоҳ гуфт: “Эй Балтшасар, бигзор хоб ва таъбири он туро ба тарсу ҳарос наандозад”.
Балтшасар дар ҷавоб гуфт: “Эй хоҷаам, кош ин хоб ба бадхоҳонат ва таъбираш ба душманонат дахл медошт.
20 Дарахте, ки дар хоб дидӣ, дарахте, ки калону бақувват шуд ва сараш ба осмон расиду аз гӯшаву канори замин намоён буд,+ 21 дарахте, ки баргҳои зебову меваи фаровон дошт ва барои ҳама ғизо медод ва ҷонварони саҳро зери он паноҳ меёфтанду парандагони осмон дар шохаҳояш лона месохтанд,+ 22 туӣ, эй подшоҳ. Ту бузургу пурзӯр шудаӣ ва шукӯҳу ҷалолат зиёд гашта, то ба осмон расидааст+ ва подшоҳиат то гӯшаву канори замин аст.+
23 Подшоҳ дидбонеро, хабаррасони муқаддасеро,+ дид, ки аз осмон фаромада, мегуфт: “Ин дарахтро бурида нобуд созед, аммо кундаашро бо решаҳояш дар замин бимонед ва онро бо бандҳои оҳанин ва мисин миёни алафи саҳро бибандед. Бигзор он аз шабнами осмон тар шавад ва ҳиссааш бо ҷонварони саҳро бошад, то даме ки ҳафт замон бар ӯ бигзарад”.+ 24 Ин аст таъбири хоб, эй подшоҳ: фармони Худои Таоло чунин аст, ки ин чиз бояд бар сари хоҷаам подшоҳ биёяд. 25 Ту аз назди одамон ронда мешавӣ ва дар миёни ҷонварони саҳро зиндагӣ мекунӣ, хӯрокат мисли хӯроки буққаҳо алаф мешавад. Туро шабнами осмон тар мекунад+ ва ҳафт замон+ бар ту мегузарад,+ то даме тан гирӣ, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад.+
26 Аммо онҳо гуфтанд, ки кунда ва решаҳои дарахт бояд дар замин бимонад,+ аз ин рӯ, вақте тан гирӣ, ки Худо аз осмон ҳукмронӣ мекунад, подшоҳиат ба ту баргардонида мешавад. 27 Пас, эй подшоҳ, бигзор маслиҳати ман ба ту писанд ояд. Аз гуноҳҳоят гашта, ба росткорӣ рӯ ор ва бадкориро аз худ дур карда, ба камбағал раҳму шафқат кун. Агар ин тавр кунӣ, шояд ки, некуаҳволиат давом ёбад”».+
28 Ҳамаи ин бо подшоҳ Набукаднесар рӯй дод.
29 Дувоздаҳ моҳ пас подшоҳ дар Бобил, бар боми қасри шоҳонаи худ, гаштугузор карда, 30 чунин мегуфт: «Оё ин Бобили бузург нест, ки ман онро бо қуввату тавоноии худ бино намудаам, то зеби хонаи шоҳӣ ва ҷалоли шукӯҳу шавкати ман бошад?!»
31 Ҳанӯз подшоҳ гапашро тамом накарда, садое аз осмон баромад: «Ба ту, эй подшоҳ Набукаднесар, чунин гуфта мешавад: “Подшоҳӣ аз ту гирифта мешавад+ 32 ва ту аз миёни одамон ронда мешавӣ. Ту бо ҷонварони саҳро зиндагӣ мекунӣ ва хӯрокат мисли хӯроки буққа алаф мешавад ва ҳафт замон бар ту мегузарад, то даме тан бигирӣ, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва онро ба ҳар касе хоҳад, медиҳад”».+
33 Ҳамон лаҳза ин суханон иҷро шуданд. Подшоҳ Набукаднесар аз миёни одамон ронда шуд. Ӯ мисли буққаҳо алаф мехӯрд ва шабнами осмон бадани ӯро тар мекард, то даме ки мӯйҳояш мисли болҳои уқоб дароз ва нохунҳояш мисли чанголи парандагон калон шуданд.+
34 «Дар охири он вақт+ ман, Набукаднесар, чашмонамро сӯйи осмон бардоштам ва ақлам ба ман баргашт. Ман Худои Таолоро васфу ситоиш кардам ва Худои абадиро ҳамд хонда ҷалол додам, зеро ҳукмронии ӯ ҷовидонист ва подшоҳии ӯ аз насл ба насл аст.+ 35 Тамоми сокинони замин дар назари ӯ ҳеҷанд. Ӯ дар миёни лашкари осмон ва сокинони замин аз рӯйи хости худ амал мекунад ва касе нест, ки пеши роҳи ӯро бигирад+ ё ба ӯ бигӯяд: “Ин чӣ коре буд, ки кардӣ?”+
36 Он вақт ақлам ба ман баргашт ва ҷалоли подшоҳиам, бузургӣ ва шукӯҳам ба ман баргардонида шуд.+ Амалдорон ва калоншавандагонам боз аз ман маслиҳат пурсидан гирифтанд ва ман аз нав бар подшоҳии худ ҳукмрон шудам ва бузургиям боз ҳам бештар гашт.
37 Акнун ман, Набукаднесар, Подшоҳи осмонро болобардор мекунам ва васфу ситоиш менамоям,+ зеро тамоми корҳои ӯ ҳаққанд ва роҳҳояш одилонаанд+ ва ӯ метавонад касонеро, ки ҳавобаландона роҳ мераванд, паст кунад».+
5 Подшоҳ Балшасар+ барои ҳазор нафар калоншавандагонаш базми пурдабдабае орост ва дар пеши онҳо шароб нӯшид.+ 2 Дар ҳолати мастӣ Балшасар фармон дод, ки зарфҳои тилло ва нуқраеро, ки падараш Набукаднесар аз ибодатгоҳи Ерусалим гирифта буд,+ биёранд, то подшоҳ, калоншавандагон, сурриягон ва занонаш аз онҳо бинӯшанд. 3 Он гоҳ зарфҳои тиллоеро, ки аз Ерусалим, аз муқаддасгоҳи хонаи Худо, гирифта шуда буд, оварданд ва подшоҳ, калоншавандагон, сурриягон ва занонаш аз онҳо нӯшиданд. 4 Онҳо шароб менӯшиданд ва худоёнеро, ки аз тилло, нуқра, мис, оҳан, чӯб ва санг буданд, ҳамду сано мехонданд.
5 Ҳамон лаҳза ангуштҳои дасти одам пайдо шуд ва дар рӯ ба рӯйи чароғпоя, дар андоваи девори қасри подшоҳ, навиштан гирифт ва подшоҳ пушти дастеро, ки менавишт, дид. 6 Он гоҳ рангу рӯйи подшоҳ канд, дилашро ваҳм фаро гирифт, ронҳояш суст шуданд+ ва зонуҳояш ба ларза даромаданд.
7 Подшоҳ бо овози баланд фарёд зад, ки афсунгарон, калдониён* ва толеъбинонро наздаш биёранд.+ Подшоҳ ба донишмандони Бобил гуфт: «Ба касе, ки ин навиштаҷотро бихонаду маънояшро ба ман бифаҳмонад, ҷомаи бунафшранг мепӯшонанд, бар гарданаш гарданбанди тиллоӣ меовезанд+ ва ӯ дар мамлакат ҳокими сеюм мешавад».+
8 Он гоҳ тамоми донишмандони дарбор ҷамъ омаданд, лекин онҳо натавонистанд он навиштаҷотро хонанд ё ба подшоҳ маънидод кунанд.+ 9 Подшоҳ Балшасар аз ин сахт тарсид ва рангу рӯяш канд, калоншавандагонаш бошанд, ошуфтаву парешон шуданд.+
10 Малика суханони подшоҳ ва калоншавандагонашро шунида, ба базмгоҳ даромад. Малика гуфт: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Бигзор фикру андешаҳои дилат туро ба тарсу ҳарос наоранд ва рангу рӯят наканад. 11 Дар мамлакати ту шахсе* ҳаст, ки рӯҳи худоёни муқаддас бар ӯст. Дар рӯзҳои падарат вай соҳиби дониш, фаҳм ва хиради худоён буд.+ Падарат Набукаднесар ӯро сардори коҳинони ҷодугар, афсунгарон, калдониён* ва толеъбинон таъйин карда буд.+ Инро, эй подшоҳ, худи падарат карда буд. 12 Дониёл, ки подшоҳ ӯро Балтшасар номида буд,+ соҳиби ақлу заковати олидараҷа* ва донишу фаҳм буда, метавонад хобҳоро таъбир кунад ва муаммову масъалаҳои печдарпечро ҳал кунад.+ Бигзор Дониёлро даъват кунанд ва ӯ ба ту маънои навиштаҷотро бигӯяд».
13 Он гоҳ Дониёлро пеши подшоҳ оварданд. Подшоҳ аз Дониёл пурсид: «Ҳамон Дониёле, ки аз байни асирони яҳудӣ+ асту падарам подшоҳ ӯро аз Яҳудо овардааст, туӣ?+ 14 Ман шунидам, ки рӯҳи худоён бар туст+ ва ту соҳиби донишу фаҳм ва хиради ғайриодӣ ҳастӣ.+ 15 Инак, донишмандон ва афсунгарон пеши ман оварда шуданд, то ин навиштаҷотро бихонанд ва бифаҳмонанд, лекин онҳо онро маънидод карда натавонистанд.+ 16 Ман шунидам, ки ту таъбирдонӣ+ ва метавонӣ масъалаҳои печдарпечро ҳал кунӣ. Агар ту ин навиштаҷотро хонда, маънидод кунӣ, ба ту ҷомаи бунафшранг мепӯшонанд, бар гарданат гарданбанди тиллоӣ меовезанд ва ту дар мамлакат ҳокими сеюм мешавӣ».+
17 Дониёл ба подшоҳ ҷавоб дод: «Ҳадияҳоятро барои худат нигоҳ дор ва туҳфаҳоятро ба дигарон бидеҳ. Аммо ман навиштаҷотро барои подшоҳ мехонам ва онро барояш маънидод мекунам. 18 Эй подшоҳ, Худои Таоло ба падарат Набукаднесар подшоҳӣ, бузургӣ ва шукӯҳу шавкат бахшида буд.+ 19 Ба сабаби бузургие, ки Худо ба ӯ дод, одамони ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва забонҳо аз тарс дар пеши ӯ меларзиданд.+ Ӯ ҳар киро мехост, мекушт ё зинда мемонд ва ҳар киро мехост, сарбаланд ё сарпаст мекард,+ 20 лекин, вақте дилаш мағруру якрав гашт* ва худбоварона амал кард,+ аз тахти подшоҳӣ гирифта шуд ва аз шукӯҳу шавкаташ маҳрум гашт. 21 Ӯ аз миёни одамон ронда шуд ва ақли* инсонияш ба ақли ҳайвонӣ табдил дода шуд ва ӯ дар миёни харони ёбоӣ зиндагӣ мекард. Ӯ мисли буққаҳо алаф мехӯрд, баданаш аз шабнами осмон тар мешуд, то даме тан гирифт, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва бар он ҳар касеро хоҳад, таъйин мекунад.+
22 Лекин ту, писари ӯ Балшасар, ҳарчанд ҳамаи инро медонистӣ, дили худро хоксор нагардондӣ. 23 Ту бар зидди Худованди осмон баромадӣ+ ва амр фармудӣ, ки зарфҳои хонаи ӯро ба ту оранд.+ Ту ҳамроҳи калоншавандагонат, сурриягон ва занонат аз онҳо шароб нӯшидӣ ва худоёнеро, ки аз нуқра, тилло, мис, оҳан, чӯб ва санганду чизеро намебинанд, намешунаванд ва намедонанд,+ васфу ситоиш кардӣ, аммо Худоеро, ки нафас ва ҳамаи роҳҳоят дар дасти ӯст,+ ҷалол надодӣ. 24 Барои ҳамин ӯ дастеро фиристод, то ин суханонро бинависад.+ 25 Ин навиштаҷот чунин аст: МЕ́НЕ, МЕ́НЕ, ТЕ́ҚЕЛ ва ПА́РСИН.
26 Маънои ин суханон чунин аст: МЕ́НЕ — Худо рӯзҳои подшоҳии туро шумурдааст ва ба он хотима бахшидааст.+
27 ТЕ́ҚЕЛ — ту дар тарозу баркашида шудаӣ ва вазнат аз ҳад кам баромадааст.
28 ПЕ́РЕС — подшоҳият тақсим шуда, ба Модаю Порс* дода шудааст».+
29 Он гоҳ Балшасар фармон дод ва ба Дониёл ҷомаи бунафшранг пӯшонданд, бар гарданаш гарданбанди тиллоӣ овехтанд ва эълон карданд, ки ӯ дар мамлакат ҳокими сеюм мешавад.+
30 Худи ҳамон шаб подшоҳи калдониён, Балшасар, кушта шуд+ 31 ва Дориюши+ мод дар синни тақрибан 62-солагӣ подшоҳиро қабул кард.
6 Подшоҳ Дориюш дуруст шуморид, ки бар тамоми мамлакат 120 шаҳрбонро* таъйин кунад.+ 2 Ӯ бар онҳо се вазирро таъйин кард, ки яке аз онҳо Дониёл буд.+ Шаҳрбонон+ ба онҳо ҳисобот медоданд, то подшоҳ зараре набинад. 3 Дониёл аз дигар вазирон ва шаҳрбонон фарқ карда меистод, зеро ӯ соҳиби ақлу заковати олидараҷа* буд,+ ва подшоҳ ният дошт, ки ӯро сарбаланд гардонда бар тамоми мамлакат таъйин намояд.
4 Он вақт вазирон ва шаҳрбонон баҳона меҷустанд, ки Дониёлро дар кори давлатдорӣ айбдор кунанд, аммо барои ин сабаб намеёфтанд ва дар кораш ягон беинсофие намедиданд, зеро ӯ шахси боваринок буд ва дар кори худ ягон зарра бепарвоӣ намекард ва ба ҳеҷ гуна беинсофӣ даст намезад. 5 Онҳо мегуфтанд: «Дар ин Дониёл ягон айбе ёфта наметавонем, магар ин ки аз сабаби риояи қонуни Худояш дар ӯ айбе ёбем».+
6 Пас, он вазирон ва шаҳрбонон ҳамакаса назди подшоҳ даромаданду гуфтанд: «Эй подшоҳ Дориюш, то абад зинда бош! 7 Ҳамаи вазирони мамлакат, нозирон, шаҳрбонон, маслиҳатгарони подшоҳ ва ҳокимон маслиҳатро ба як ҷо монданд, ки аз номи подшоҳ ҳукм ва фармони манъ бароранд, то ҳар кӣ дар давоми 30 рӯз ғайр аз ту, эй подшоҳ, аз худо ё одаме дуову илтиҷо кунад, ба чоҳи шерон партофта шавад.+ 8 Пас, бигзор подшоҳ ин фармонро тасдиқ намояд ва ба он имзо гузорад,+ то ба он, мувофиқи қонуни Модаю Форс, ки бекор карда намешавад, ягон тағйироте дароварда нашавад».+
9 Подшоҳ Дориюш ин ҳукм ва фармони манъро имзо кард.
10 Вақте Дониёл фаҳмид, ки ин фармонро имзо кардаанд, зуд ба хонаи худ рафт. Тирезаҳои болохонаи ӯ сӯйи Ерусалим кушода мешуданд+ ва ӯ рӯзе се маротиба сари зону нишаста, ба Худо дуо мегуфт ва ӯро васфу ситоиш мекард, ҳамон тавре ки пеш аз ин ҳам доимо мекард. 11 Он вақт он мардон ба хонаи Дониёл зада даромаданд ва диданд, ки ӯ аз Худои худ зориву илтиҷо мекунад, ки лутфу марҳамат намояд.
12 Онҳо назди подшоҳ омада, ба ӯ фармони манъро хотиррасон карданд: «Магар ту, эй подшоҳ, фармони манъро имзо накардаӣ, ки ҳар касе, ки дар давоми 30 рӯз ғайр аз ту аз ягон худо ё одаме дуову илтиҷо кунад, бояд ба чоҳи шерон партофта шавад?» Подшоҳ ҷавоб дод: «Бале, он ҳукм мувофиқи қонуни Модаю Форс, ки бекор карда намешавад, тасдиқ шудааст».+ 13 Онҳо дарҳол ба подшоҳ ҷавоб гардонда гуфтанд: «Эй подшоҳ, Дониёл, ки аз асирони яҳудист,+ на туро писанд мекунад, на фармони манъеро, ки ту имзо кардаӣ, балки рӯзе се маротиба дуо мегӯяд».+ 14 Вақте подшоҳ инро шунид, хеле ғамгин гашт ва дар фикри халос кардани Дониёл шуд. Ӯ то нишастани офтоб барои халос кардани Дониёл ҳама кӯшишро ба харҷ дод. 15 Оқибат он мардон ҳамакаса назди подшоҳ даромада, гуфтанд: «Бидон, эй подшоҳ, ки мувофиқи қонуни Модаю Форс ягон фармони манъ ё ҳукме, ки подшоҳ баровардааст, дигар карда намешавад».+
16 Пас подшоҳ фармон дод, ки Дониёлро оварда, ба чоҳи шерон партоянд.+ Подшоҳ ба Дониёл гуфт: «Худои ту, ки ӯро пайваста парастиш мекунӣ, туро наҷот медиҳад». 17 Сипас сангеро оварда, ба даҳани чоҳ гузоштанд ва подшоҳ бо ангуштарини худ ва ангуштарини калоншавандагонаш он сангро муҳр зад, то дар масъалаи Дониёл чизе дигар карда нашавад.
18 Подшоҳ ба қасри худ рафта, тамоми шаб рӯза дошт ва аз ҳар гуна дилхушӣ даст кашид* ва хоб аз чашмонаш гурехт. 19 Баробари дамидани субҳ подшоҳ бархост ва шитобон сӯйи чоҳи шерон равона шуд. 20 Вақте назди чоҳ расид, бо овози ғамгин Дониёлро фарёд карда гуфт: «Эй Дониёл, бандаи Худои зинда! Оё Худоят, ки пайваста ӯро парастиш мекунӣ, туро аз шерон наҷот дода тавонист?» 21 Дониёл дарҳол ба подшоҳ ҷавоб дод: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! 22 Худои ман фариштаашро фиристод ва даҳони шеронро баст+ ва онҳо ба ман зараре нарасонданд,+ зеро дар назари ӯ айбе дар ман ёфт нашуд. Дар ҳаққи ту низ, эй подшоҳ, бадие накардаам».
23 Подшоҳ аз ин хеле шод гашт ва фармуд, ки Дониёлро аз чоҳи шерон бароранд. Вақте Дониёлро аз чоҳ бароварданд, диданд, ки ба ӯ ҳеҷ зараре нарасидааст, зеро ӯ ба Худои худ таваккал мекард.+
24 Подшоҳ фармуд, то он мардонеро, ки Дониёлро айбдор намуда буданд, биёранд ва ҳамроҳи писарону занонашон ба чоҳи шерон партоянд. Ҳанӯз онҳо ба таги чоҳ нарасида, шерон ба онҳо дарафтоданд ва устухонҳояшонро тиккаю пора карданд.+
25 Сипас подшоҳ Дориюш ба ҳамаи одамони рӯйи замин, ба тамоми халқҳо, миллатҳо ва забонҳо навишт:+ «Сулҳу осоиштагии шумо афзун бод! 26 Ман амр мефармоям, ки ҳамаи онҳое, ки дар саросари қаламрави ман зиндагӣ мекунанд, аз Худои Дониёл тарсону ларзон бошанд,+ зеро ӯ Худои зинда ва ҷовидонист. Подшоҳии ӯ ҳаргиз барҳам намехӯрад ва ҳукмрониаш абадист.+ 27 Ӯ халос мекунад,+ наҷот медиҳад ва дар осмону замин аломатҳову муъҷизаҳо ба амал меорад.+ Ӯ Дониёлро аз чанголи шерон халос кард».
28 Ин Дониёл дар подшоҳии Дориюш+ ва подшоҳии Куруши форс+ комёб мегардид.
7 Дар соли якуми Балшасар,+ подшоҳи Бобил, Дониёл бар бистари худ хобе ва рӯъёҳое дид.+ Сипас ӯ хобро навишт;+ ӯ ҳар он чиро, ки дид, баён кард. 2 Дониёл гуфт:
«Шабона дар рӯъё чор боди осмонро дидам, ки баҳри бузургро ба талотум меоварданд.+ 3 Аз он баҳр чор ҳайвони бузургҷуссае+ баромаданд, ки аз ҳамдигар фарқ доштанд.
4 Якумаш монанди шер буд+ ва болҳои уқобро дошт.+ Ман дидам, ки болҳояш канда шуданду он аз замин бардошта шуд ва мисли одам бар ду пой гузошта шуд ва дили одамӣ ба вай дода шуд.
5 Инак, ҳайвони дуюм ба хирс монанд буд.+ Як пояш бардошта шуд ва дар даҳони вай, байни дандонҳояш, се қабурға буд ва ба он чунин гуфта шуд: “Бархез ва гӯшти бисёре бихӯр!”+
6 Баъди ин ман ҳайвони дигареро дидам, ки мисли паланг буд+ ва бар тахтапушташ чор боли паранда дошт. Ин ҳайвон чор калла дошт+ ва ба вай қудрат дода шуд, ки подшоҳӣ кунад.
7 Баъд дар рӯъёҳои шаб ҳайвони чорумро дидам, ки бадҳайбату даҳшатовар ва беҳад бақувват буд ва он дандонҳои калони оҳанӣ дошт. Вай мехӯрду зеру забар мекард ва боқимондаро поймол менамуд.+ Вай аз ҳамаи ҳайвонҳое, ки пеш аз вай буданд, фарқ мекард ва даҳ шох дошт. 8 Дар ҳоле ки ба шохҳо нигоҳ мекардам, як шохи дигари майдае+ аз миёни онҳо баромад ва аз шохҳои аввала сетояш аз пеши он канда гирифта шуд. Ин шох чашмоне мисли чашмони одамизод дошт ва дар он даҳоне буд, ки суханони ҳавобаландона мегуфт*.+
9 Ман боз дидам, ки тахтҳо гузошта шуданд ва Қадимулайём+ нишаст.+ Либоси ӯ мисли барф сафед буд+ ва мӯйҳояш мисли пашми тоза буданд. Тахти ӯ мисли шуълаҳои оташ буд, чархҳои он бошад, мисли оташи сӯзон.+ 10 Аз пеши ӯ дарёи оташ ҷорӣ шуда, берун меомад.+ Ҳазорон ҳазор ба ӯ хизмат мекарданд ва миллионҳо дар наздаш меистоданд.+ Доварӣ+ сар шуд ва китобҳо кушода шуданд.
11 Ман нигоҳ карда истодам, зеро суханони ҳавобаландонаеро, ки шох мегуфт*, мешунидам.+ Ман дидам, ки ҳайвон кушта шуд ва ҷасадашро дар оташи сӯзон партофта, нобуд карданд. 12 Ҳайвонҳои+ боқимонда бошанд, аз ҳокимияти худ маҳрум шуданд, вале ба умри онҳо замоне ва муҳлате илова карда шуд.
13 Дар рӯъёҳои шаб ман боз дидам, ки касе мисли фарзанди одам+ бо абрҳои осмон меомад ва ба ӯ иҷозат дода шуд, ки ба Қадимулайём+ наздик шавад, ва вайро назди Ӯ оварданд. 14 Ба ӯ ҳокимият,+ шукӯҳ+ ва подшоҳӣ дода шуд, то одамони ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва забонҳо ба ӯ хизмат кунанд.+ Ҳукмронии ӯ абадист ва ҳаргиз аз байн намеравад ва подшоҳии ӯ нест намешавад.+
15 Рӯҳи ман, Дониёл, андарунам нороҳат шуд, чунки рӯъёҳои сарам маро ба ҳарос оварданд.+ 16 Ман ба яке аз онҳое, ки дар он ҷо меистоданд, наздик шудам, то маънои аслии ин чизҳоро бипурсам. Ӯ ба ман ҷавоб дод ва ин чизҳоро маънидод кард:
17 “Ин чор ҳайвони калон+ чор подшоҳе мебошанд, ки аз замин бармехезанд.+ 18 Лекин покони Ҳаққи Таоло+ подшоҳиро соҳиб мешаванд+ ва он то абад, то абадулобод, аз они онҳо мешавад”.+
19 Баъд ман хостам дар бораи ҳайвони чорум, ки аз ҳамаи дигар ҳайвонҳо фарқ мекард, бисёртар фаҳмам; он беҳад бадҳайбат буд: дандонҳояш оҳанӣ ва чанголаш мисин буд, вай мехӯрду зеру забар мекард ва боқимондаашро поймол менамуд.+ 20 Ман ҳамчунин хостам дар бораи даҳ шохе,+ ки бар сараш буд, ва боз як шохе, ки баромаду дар пешаш се шох афтоданд,+ бисёртар фаҳмам, яъне ҳамон шохе, ки чашму даҳон дошт ва ҳавобаландона сухан меронд* ва аз дигарон калонтар буд.
21 Ман дидам, ки он шох бо покон ҷангида бар онҳо дастболо мешуд,+ 22 то даме ки Қадимулайём+ омад ва бар фоидаи покони Ҳаққи Таоло+ ҳукм бароварда шуд ва вақти муқарраршуда расид, ки покон подшоҳиро соҳиб шаванд.+
23 Ӯ чунин гуфт: “Ҳайвони чорум подшоҳии чорумест, ки дар замин пайдо мешавад. Он аз ҳамаи дигар подшоҳон фарқ хоҳад дошт ва тамоми заминро хоҳад хӯрд ва поймол намуда, зеру забар хоҳад кард.+ 24 Даҳ шох бошад, маънои онро дорад, ки аз ин подшоҳӣ даҳ подшоҳ бармехезанд ва подшоҳи дигаре баъди онҳо бармехезад, ки аз подшоҳони аввала фарқ мекунад ва се подшоҳро сарпаст месозад.+ 25 Вай бар зидди Худои Таоло сухан хоҳад ронд+ ва пайваста ба покони Ҳаққи Таоло зулму ситам хоҳад кард. Вай замонҳо ва қонунро тағйир доданӣ мешавад ва онҳо то замоне, замонҳо ва ним замон* ба дасти ӯ супурда мешаванд.+ 26 Лекин доварӣ сар шуд ва ҳокимият аз вай гирифта шуд, то вай пурра несту нобуд гардад.+
27 Подшоҳӣ, ҳокимият ва шукӯҳи подшоҳиҳое, ки зери тамоми осмонанд, ба покони Ҳаққи Таоло дода шудааст.+ Подшоҳии онҳо абадист+ ва тамоми ҳокимиятҳо ба онҳо хизмату итоат хоҳанд кард”.
28 Поёни сухан ин ҷост. Фикрҳои ман, Дониёл, маро чунон ба ташвиш оварданд, ки рангу рӯям канд, лекин ман ҳамаи инро дар дилам нигоҳ доштам».
8 Дар соли сеюми ҳукмронии подшоҳ Балшасар+ ман, Дониёл, бори дигар рӯъё дидам.+ 2 Вақте рӯъё медидам, дар қалъаи* Шушан,+ вилояти Элом,+ будам. Ҳангоми дидани рӯъё ман назди рӯди Улой будам. 3 Вақте чашмонамро бардоштам, дар назди рӯд қӯчқореро+ дидам, ки ду шох дошт.+ Ду шохи он дароз буд, вале як шохаш аз дигараш баландтар буд ва шохи баландтараш дертар баромад.+ 4 Ман дидам, ки қӯчқор сӯйи ғарб, шимол ва ҷануб шох мезанад ва ҳеҷ ҳайвони ваҳшӣ наметавонад пеши вай истодагӣ намояд ва ё касе нест, ки аз дасти вай халос кунад.+ Он ҳар чӣ мехост, мекард ва калонигарӣ менамуд.
5 Ман нигоҳ мекардам ва дидам, ки нарбузе+ аз тарафи ғарб* меояд ва тамоми рӯйи заминро тай карда, пояш ба замин намерасад. Дар миёни чашмони он нарбуз шохи намоёне буд.+ 6 Он сӯйи қӯчқоре меомад, ки ду шох дошту онро назди рӯд истода дидам. Он нарбуз бо шиддати хашм сӯйи қӯчқор медавид.
7 Ман медидам, ки он ба қӯчқор наздик мешавад ва пур аз хашму ғазаб аст. Он нарбуз қӯчқорро зарба зада, ду шохашро шикаст ва қӯчқор дигар қувват надошт бар зидди вай биистад. Вай қӯчқорро ба замин партофта, поймол намуд ва касе набуд, ки қӯчқорро аз дасташ халос кунад.
8 Сипас нарбуз бисёр калонигариву бодигӣ кард, вале, ҳамин ки пурзӯр шуд, шохи калонаш шикаст ва ба ҷойи он чор шохи намоён баромаданд, ки ба чор боди осмон нигаронида шуда буданд.+
9 Аз якеи он шохҳо шохи хурде баромад ва он хеле калон шуд. Он шох сӯйи ҷануб, шарқ* ва сӯйи Зеби замин+ нигаронида шуда буд. 10 Он чунон бузург шуд, ки то ба лашкари осмон расид ва як қисми лашкару ситорагонро ба замин афканда, онҳоро поймол намуд. 11 Он ҳатто калонигарӣ карда, худро аз Сарвари лашкар боло гирифт ва қурбонии доимӣ аз вай гирифта шуд ва макони муқаддасгоҳи вай сарнагун гардид.+ 12 Лашкар ҳамроҳи қурбонии доимӣ ба дасти он супурда шуд. Ин аз сабаби ҷиноят рӯй дод. Он шох ростиро ба замин меафканд, амал менамуд ва комёб мегашт.
13 Он вақт ман гап задани яке аз муқаддасонро шунидам ва муқаддаси дигаре ба оне, ки сухан меронд, гуфт: «Рӯъё дар бораи қурбонии доимӣ, ҷинояти харобиовар,+ поймол намудани ҷойи муқаддасу лашкар чӣ қадар давом меёбад?» 14 Ӯ ба ман гуфт: «То ба охир расидани 2300 шому саҳар. Пас аз ин ҷойи муқаддас ҳатман ба мақоми худ баргардонда мешавад».
15 Вақте ман, Дониёл, ҳанӯз рӯъёро медидам ва кӯшиш мекардам ба он сарфаҳм равам, ногоҳ дар пешам касе ба монанди одам намудор шуд. 16 Сипас аз миёни Улой+ овози одамеро шунидам, ки гуфт: «Эй Ҷабраил,+ ба ӯ чизи дидаашро бифаҳмон».+ 17 Пас, ӯ, ба ҷое ки ман истода будам, наздик шуд, лекин, вақте ӯ наздик омад, ман чунон ба тарсу ҳарос омадам, ки рӯй ба замин афтодам. Ӯ ба ман гуфт: «Эй фарзанди одам, бидон, ки ин рӯъё барои замони охир аст».+ 18 Лекин, ҳанӯз ӯ бо ман гап мезад ки, ман рӯй ба замин ниҳода, ба хоби сахте рафтам. Ӯ ба ман даст расонд ва маро, дар ҷое ки истода будам, ба по хезонд.+ 19 Сипас ӯ гуфт: «Инак, ман ба ту мефаҳмонам, ки дар охири давраи маҳкумсозӣ чӣ рӯй медиҳад, зеро ин рӯъё барои вақти муқарраршудаи охир аст.+
20 Қӯчқоре, ки ту дидӣ, яъне қӯчқоре, ки ду шох дошт, подшоҳони Модай ва Форс мебошад.+ 21 Нарбузи серпашм подшоҳи Юнон аст+ ва шохи калоне, ки миёни ду чашмаш буд, подшоҳи якуми он аст.+ 22 Он ки шох шикаста шуду ба ҷойи он чор шохи дигар баромад,+ маънои онро дорад, ки аз халқи ӯ чор ҳокимият бармехезад, вале қувваташон ба қуввати ӯ баробар намешавад.
23 Дар охири подшоҳии онҳо, вақте косаи бадкории ҷинояткорон пур шавад, подшоҳи бадҳайбате* бармехезад, ки суханони пардапӯшро мефаҳмад. 24 Ӯ пурзӯр мегардад, вале на ба сабаби қуввати худ. Ӯ ба таври аҷоибе харобӣ меорад ва дар корҳояш комёб мешавад. Ӯ пурқувватон ва мардуми муқаддасро ба ҳалокат мерасонад.+ 25 Ҳамчунин ӯ ҳилаву макрро кор фармуда, комёб мегардад ва дар дилаш худро болобардор мекунад ва дар вақти осоиштагӣ* бисёриҳоро ба ҳалокат мерасонад. Ӯ ҳатто зидди Мири мирон бармехезад, вале бе дасти одамӣ шикаст дода мешавад.
26 Он чӣ дар бораи шомҳову саҳарҳо гуфта шудааст, рост аст ва ту бояд ин рӯъёро пинҳон нигоҳ дорӣ, зеро он ба ояндаи дур дахл дорад».+
27 Аммо ман, Дониёл, хаставу беҳол шудам ва якчанд рӯз бемор будам.+ Баъд ман бархеста, бо корҳои подшоҳ машғул шудам,+ вале аз чизи дидаам ҳайрону пакар будам ва ҳеҷ кас ин рӯъёро фаҳмида наметавонист.+
9 Дар соли аввали Дориюш,+ писари Ахашверуш, ки аз насли модҳо буду бар мамлакати калдониён+ подшоҳ таъйин гардида буд, 2 дар соли аввали ҳукмронии ӯ, ман, Дониёл, аз рӯйи китобҳо* шумораи солҳоеро, ки Ерусалим+ бояд харобазор бимонад ва дар ин бора дар паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё навишта шудааст, пай бурдам: ман фаҳмидам, ки он муддат бояд 70 сол+ давом ёбад. 3 Аз ин рӯ сӯйи Яҳува Худо рӯ овардам ва рӯза гирифта,+ палос* пӯшида ва дар хокистар нишаста, ба ӯ дуо гуфтаму зорӣ кардам. 4 Ман ба Худои худ Яҳува дуо гуфтам ва ба гуноҳҳоямон иқрор шуда, гуфтам:
«Эй Яҳува, Худои осмон! Эй Худои бузургу пурҳашамат! Ту ба касоне, ки туро дӯст медоранд ва амрҳоятро ба ҷо меоранд,+ аҳди худро нигоҳ медорӣ ва меҳру вафо мекунӣ.+ 5 Мо гуноҳ кардаем, ба хато роҳ додаем, бадкорона амал намудаем ва исён кардаем+ ва аз амрҳову ҳукмҳои ту рӯй гардондаем. 6 Мо ба хизматгорони ту, пайғамбарон, ки аз номи ту ба подшоҳони мо, мирони мо, бобоёни мо ва тамоми халқи мо гап мезаданд, гӯш намедодем.+ 7 Росткорӣ аз они туст, эй Яҳува, ва шармандагӣ аз они мост. Имрӯз низ ҳамаи мо дар пеши ту шармандаем — мардуми Яҳудо, сокинони Ерусалим ва ҳамаи исроилиёни наздику дур, дар ҳамаи кишварҳое, ки ту онҳоро барои хиёнаташон пароканда намудаӣ.+
8 Ҳамаи мо дар пеши ту шармандаем, эй Яҳува, подшоҳон, мирон ва бобоёни мо, зеро бар зидди ту гуноҳ кардаем. 9 Аммо Яҳува, Худои мо, дилсӯз ва бахшанда аст+ ва мо бар зидди ӯ исён кардаем.+ 10 Мо ба овози Худоямон Яҳува гӯш надодем ва ба қонунҳои ӯ, ки ба воситаи хизматгоронаш, пайғамбарон, ба мо додааст, итоат накардем.+ 11 Ҳама исроилиён Шариати туро вайрон кардаанд ва аз он рӯй гардонда, ба овози ту гӯш надоданд ва ту лаънат ва қасамеро, ки дар Тавроти* Мӯсо, хизматгори Худо, навишта шудааст, бар сари мо овардӣ,+ зеро мо зидди Худои худ гуноҳ кардаем. 12 Ӯ суханеро, ки дар ҳаққи мо ва роҳбаронамон гуфта буд, иҷро намуд+ ва бар сари мо балои азиме овард. То ба имрӯз зери осмон чизе ба монанди он чӣ бо Ерусалим рӯй дод, нашудааст.+ 13 Ҳамон тавре ки дар Тавроти Мӯсо навишта шудааст, ҳамаи ин балоҳо бар сари мо омадааст,+ аммо мо аз Худоямон Яҳува илтиҷо накардем, ки бар мо раҳм кунад, ва аз роҳи бад нагаштему+ ба ҳақиқати* ту сарфаҳм нарафтем.
14 Яҳува мушоҳида мекард ва ба сари мо бало овард, зеро Яҳува, Худои мо, дар ҳама корҳое, ки кардааст, росткор мебошад, мо бошем, ба овози ӯ гӯш надодем.+
15 Эй Яҳува, Худои мо, Худое, ки халқатро бо дасти пурзӯр аз замини Миср берун овардаӣ+ ва номи худро то ба имрӯз машҳур сохтаӣ,+ мо бар зидди ту гуноҳ кардаем ва бадкорӣ намудаем. 16 Эй Яҳува, аз рӯйи ҳама корҳои одилонаат,+ илтиҷо мекунам, хашму ғазабатро аз шаҳри худ Ерусалим, аз кӯҳи муқаддаси худ, дур соз, зеро аз сабаби гуноҳҳои мо ва хатоҳои бобоёнамон Ерусалим ва халқи ту дар назари ҳама халқҳои гирду атроф, шармсор гаштааст.+ 17 Ҳоло бошад, эй Худои мо, ба дуову илтиҷои бандаат гӯш бидеҳ ва бо нури рӯят муқаддасгоҳи худро, ки хароб гаштааст,+ дурахшон соз.+ Эй Яҳува, ин корро ба хотири худ бикун. 18 Гӯшатро хам кун, эй Худоям, ва бишнав! Чашмони худро бикшо ва ҳоли зори мо ва шаҳреро, ки бо номи ту хонда шудааст, бубин. Мо аз ту на аз сабаби корҳои одилонаи худ илтиҷо мекунем, балки ба сабаби раҳму шафқати бузурги ту.+ 19 Эй Яҳува, бишнав. Эй Яҳува, аз гуноҳамон гузар.+ Эй Яҳува, диққати худро сӯйи мо кун ва амал намо! Эй Худоям, ба хотири худ зудтар амал намо, зеро ин шаҳр ва ин халқ бо номи ту хонда шудаанд».+
20 Ҳанӯз дар дуо ба гуноҳҳои худ ва халқи худ Исроил иқрор мешудам ва аз Худоям Яҳува дар ҳаққи кӯҳи муқаддаси+ ӯ илтиҷо мекардам ки, 21 он мард, Ҷабраил,+ ки ӯро пеш аз ин дар рӯъё дида будам,+ назди ман омад. Инак, қарибии вақти ҳадияи шом буду ман хаставу бемадор будам. 22 Ӯ ба ман фаҳмиш ато намуда, гуфт:
«Эй Дониёл, ман омадаам, то ба ту фаҳму дарк ато кунам. 23 Вақте илтиҷо намуданро сар кардӣ, паёме баромад ва ман омадаам, то онро ба ту бирасонам, зеро ту шахси хеле гаронқадр*+ ҳастӣ. Пас, ин масъаларо фикр кун ва рӯъёро фаҳм намо.
24 Барои халқи ту ва шаҳри муқаддасат+ 70 ҳафта* муқаррар шудааст, то ҷиноят хотима дода шавад, гуноҳ қатъ гардад,+ барои хато товон дода шавад,+ адолати абадӣ барпо гардад,+ рӯъё ва пешгӯйӣ муҳр зада шавад+ ва Макони поктарин тадҳин карда шавад*. 25 Пас, бидон ва бифаҳм, ки аз баромадани фармон оид ба барқарор ва бино кардани Ерусалим+ то омадани Масеҳи*+ Пешво+ 7 ҳафта ва 62 ҳафта* мегузарад.+ Он бо майдону хандақаш барқарор ва бино мешавад, аммо ин дар замонҳои тангӣ рӯй медиҳад.
26 Баъди 62 ҳафта* Масеҳ кушта мешавад+ ва бе ҳеҷ чиз мемонад.+
Халқи пешвое, ки меояд, шаҳр ва ҷойи муқаддасро нест мекунад.+ Оқибати он мисли обхезӣ хоҳад буд. То охир ҷанг мешавад ва ҳукме, ки бароварда шудааст, харобиҳост.+
27 Ӯ* барои бисёриҳо аҳдро ба муддати як ҳафта* нигоҳ медорад. Дар миёнаи он ҳафта ӯ ба қурбонӣ ва ҳадия хотима мебахшад.+
Дар канори чизҳои нафратангез вайронгар хоҳад буд;+ то дами несту нобудшавӣ ҳукме, ки бароварда шудааст, бар харобгардида низ фурӯ рехта мешавад».
10 Дар соли сеюми подшоҳи Форс, Куруш,+ ба Дониёл, ки Балтшасар+ номида мешуд, паёме ошкор гашт. Он паём рост буду дар бораи ҷанги бузург буд. Ӯ маънои ин хабарро фаҳмид ва ба вай фаҳмиш ато шуд, то ба чизҳои дидааш сарфаҳм равад.
2 Дар он рӯзҳо ман, Дониёл, расо се ҳафта мотам доштам.+ 3 То даме ки он се ҳафта нагузашт, ман на хӯроки болаззат хӯрдам, на гӯшту шароб ба даҳон гирифтам ва на равғане ба баданам молидам. 4 Дар рӯзи 24-уми моҳи якум, вақте дар соҳили дарёи бузург, Даҷла*,+ меистодам, 5 чашмонамро бардошта, мардеро дидам, ки ҷомаи катон+ дар тан ва камарбанде аз тиллои Уфоз дар миён дошт. 6 Бадани ӯ мисли забарҷад,+ рӯяш монанди дурахши барқ, чашмонаш мисли шуълаҳои оташ, дасту пояш монанди миси сайқалдор+ ва овозаш мисли садои мардуми сершумор буд. 7 Танҳо ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, одамоне, ки бо ман буданд, онро надиданд.+ Лекин онҳо ба тарсу ҳарос афтоданд ва гурехта, пинҳон шуданд.
8 Сипас ман танҳо мондам. Вақте ин рӯъёи бузургро дидам, мадорам намонду ҳайбату салобатам гум шуд ва ман тамоман беқувват гаштам.+ 9 Он вақт ман овози ӯро шунидам ва рӯ ба замин ниҳода, ба хоби сахте рафтам,+ 10 лекин дасте ба ман расида,+ маро бедор кардан гирифт ва ман бар кафи даст ва зонуҳоям бархестам. 11 Ӯ ба ман гуфт:
«Эй Дониёл, эй шахси хеле гаронқадр*,+ ба суханоне, ки ба ту мегӯям, диққат деҳ ва бархоста, дар ҷоят ист, зеро ман сӯйи ту фиристода шудаам».
Вақте ӯ ин суханонро ба ман гуфт, ман ларзон бархостам.
12 Ӯ ба ман гуфт: «Натарс,+ эй Дониёл, зеро аз рӯзи аввале, ки дили худро барои фаҳмиш моил намудӣ ва худро дар пеши Худо хоксор гардондӣ, суханони ту шунида шуданд ва ман ба хотири суханони ту омадам.+ 13 Аммо мири+ подшоҳии Форс 21 рӯз ба ман муқобилат кард. Он гоҳ Микоил*,+ яке аз мирони аввалин*, ба кумаки ман омад ва ман он ҷо, назди подшоҳони Форс, мондам. 14 Ман омадам, то ту бифаҳмӣ, ки дар айёми охир бо халқи ту чӣ рӯй медиҳад,+ зеро ин рӯъё ба оянда дахл дорад».+
15 Вақте ӯ ин суханонро ба ман мегуфт, ман рӯ ба замин ниҳодам ва аз гап мондам. 16 Он гоҳ касе монанди одамизод, ба лабонам даст расонд+ ва ман даҳон кушода, ба гап даромадам ва ба касе, ки дар пешам меистод, гуфтам: «Эй хоҷаам, аз дидани рӯъё ба ларза омадаам ва тамоман беқувват шудаам.+ 17 Пас, эй хоҷаам, чӣ тавр бандаат метавонад бо ту гап занад?+ Охир, ман қуввате надорам ва дар ман тобу тавоне* намондааст».+
18 Касе, ки монанди одамизод буд, боз ба ман даст расонд ва маро қувват бахшид.+ 19 Сипас ӯ гуфт: «Натарс,+ эй шахси хеле гаронқадр*.+ Осоиштагӣ бо ту бод!+ Қавӣ бош, қавӣ бош!» Вақте ӯ бо ман гап мезад, ман қувват гирифтам ва гуфтам: «Эй хоҷаам, гап зан, зеро ту маро қувват бахшидӣ».
20 Он гоҳ ӯ гуфт: «Оё медонӣ, ки чаро пеши ту омадам? Ҳоло ман бармегардам, то бо мири Форс биҷангам.+ Вақте меравам, мири Юнон меояд. 21 Лекин ман ба ту он чиро, ки дар китоби ҳақиқат навишта шудааст, мегӯям. Касе нест, ки маро дар ин корҳо дастгирӣ кунад, ғайр аз Микоил,+ мири шумо.+
11 Дар соли якуми Дориюши+ мод ман бархостам, то ӯро қувват бахшам ва дастгирӣ кунам. 2 Он чӣ ман ба ту ҳозир мегӯям, ҳақ асту рост:
Инак, боз се подшоҳ дар Форс бармехезанд ва чорумаш аз ҳамаи дигарон дида боигарии бештар ҷамъ меорад. Вақте ӯ аз сабаби боигарияш пурқувват мешавад, ҳамаро ба муқобили подшоҳии Юнон+ бармехезонад.
3 Подшоҳи пурзӯре бармехезад, ки бо қудрати зиёду* ихтиёри худ ҳукмронӣ мекунад.+ 4 Аммо, вақте ӯ бархезад, подшоҳияш шикаст мехӯрад ва сӯйи чор боди осмон тақсим мешавад,+ вале ба наслаш дода намешавад ва қудрати минбаъдаи подшоҳияш мисли замони ҳукмронии ӯ намешавад, зеро подшоҳияш решакан мегардад ва ба дигарон дода мешавад.
5 Подшоҳи ҷануб, яъне яке аз миронаш, пурқудрат мешавад, аммо дигаре аз ӯ пурзӯртар мегардад ва бо қудрати аз ӯ зиёдтар, бо қудрати хеле зиёд, ҳукмронӣ мекунад.
6 Баъд аз якчанд сол онҳо бо якдигар паймон мебанданд ва духтари подшоҳи ҷануб назди подшоҳи шимол меояд, то аҳд банданд. Аммо он духтар қуввати бозуяшро нигаҳ намедорад ва подшоҳ низ устувор намемонад ва қувваи бозуяш низ. Духтари подшоҳ ба дасти дигарон дода мешавад, ҳам ӯ, ҳам касоне, ки ӯро овардаанд, ҳам касе, ки ӯро ба дунё овардааст, ва ҳам касе, ки дар он вақтҳо ба ӯ қувват мебахшид. 7 Навдае, ки аз решаи ӯст, ба ҷойи ӯ бармехезад ва сӯйи лашкар меояд ва бар зидди қалъаи подшоҳи шимол мебарояд ва муқобили онҳо бархоста, дастболо мешавад. 8 Ӯ худоёни онҳо, бутҳои рехтаашон, колои гаронбаҳои нуқрагин ва тиллоии онҳо ва асиронро гирифта, ба Миср меояд. Ӯ дар муддати якчанд сол аз подшоҳи шимол дур меистад. 9 Подшоҳи шимол бошад, бар зидди мамлакати подшоҳи ҷануб меояд, вале баъд ба замини худ бармегардад.
10 Писарони ӯ ба ҷанг тайёрӣ мебинанд ва лашкари сершумору бузурге ҷамъ меоранд. Яке аз онҳо* ба пеш ҳаракат карда, мисли селобе зер карда мегузарад, аммо ӯ бармегардад ва то ба қалъаи худ расидан ҷанг кардан мегирад.
11 Подшоҳи ҷануб дарғазаб шуда, бар зидди ӯ мебарояд ва бо ӯ, яъне бо подшоҳи шимол, меҷангад. Ӯ* мардуми зиёдеро ҷамъ меорад, вале онҳо ба дасти дигарӣ* супурда мешаванду 12 вай онҳоро мебарад. Дили он подшоҳ мағрур мегардад ва ӯ даҳҳо ҳазорро нобуд месозад, аммо аз бартарияш истифода намекунад.
13 Подшоҳи шимол бармегардад ва аз аввала дида лашкари бузургтаре ҷамъ меорад. Дар охири он замонҳо, баъди якчанд сол, ӯ бо лашкари сершуморе меояд, ки бо ҳама чиз таъмин аст. 14 Дар он замонҳо бисёриҳо бар зидди подшоҳи ҷануб бармехезанд.
Авбошони халқи ту бошанд, рӯъёро амалӣ гардонданӣ мешаванд, аммо ба мақсад намерасанд*.
15 Подшоҳи шимол омада, хокрез* мебардорад ва шаҳри ҳисордорро муҳосира карда, забт менамояд. Лашкарҳои ҷануб ва сипоҳи яккачини ӯ истодагӣ карда наметавонанд. Онҳо барои истодагӣ кардан қуввате нахоҳанд дошт. 16 Он касе, ки бар зидди ӯ мебарояд, аз рӯйи хости худ амал менамояд ва ҳеҷ кас бар зидди ӯ баромада наметавонад. Ӯ дар Зеби замин+ меистад ва қуввати нест кардан дар дасташ мешавад. 17 Ӯ рӯ меорад, то бо тамоми қуввати подшоҳияш биёяд, ва бо вай созишнома баста мешавад ва вай комёб мегардад. Ба ӯ иҷозат дода мешавад, ки духтари занонро нобуд созад. Духтари занон истодагӣ карда наметавонад ва бо ӯ намемонад. 18 Ӯ сӯйи соҳилҳо рӯй оварда, бисёр ҷойҳоро забт мекунад. Сарваре, ки аз дасти ӯ нангин шудааст, худро аз нанг озод мекунад, ба тавре ки дигар нангин набошад ва худи ӯро гирифтори нанг месозад. 19 Сипас ӯ сӯйи қалъаҳои замини худаш рӯ меорад ва пешпо хӯрда, меафтад ва дигар ӯро намеёбанд.
20 Ба ҷойи вай шахсе бармехезад, ки ситонандаро* мефиристад, то саросари подшоҳии пуршукӯҳро гардад, аммо пас аз чанд рӯз ӯ шикаст мехӯрад, вале на аз сабаби хашму ғазаб ё ҷанг.
21 Ба ҷойи ӯ шахси нафратангезе бармехезад, вале иззату эҳтироми шоҳонаро ба ӯ намедиҳанд. Ӯ дар вақти осоиштагӣ* меояд ва бо суханони дилфиреб подшоҳиро ба даст меорад. 22 Ӯ лашкарҳои селобро мағлуб мекунад ва онҳо шикаст мехӯранд; Пешвои+ аҳд+ низ шикаст мехӯрад. 23 Азбаски бо ӯ аҳду паймон кардаанд, бо макру фиреб амал мекунад ва бархоста, бо ёрии мардуми камшумор пурзӯр мешавад. 24 Ӯ дар вақти осоиштагӣ* ба ҷойҳои пурсарвати вилоят омада, кореро мекунад, ки падарону бобоёнаш накардаанд. Ӯ ғанимат, чизҳои тороҷшуда ва сарватро дар байни онҳо тақсим мекунад ва бар зидди қалъаҳо ҳилаву тадбир меандешад, аммо фақат ба муддате.
25 Ӯ тамоми қуввату ғайраташро ҷамъ оварда, бо лашкари бузурге бар зидди подшоҳи ҷануб мебарояд. Подшоҳи ҷануб барои ҷанг бо лашкари бениҳоят калону пурзӯр тайёр мешавад. Вале ӯ истодагӣ нахоҳад кард, зеро бар зидди ӯ ҳилаҳо меандешанд. 26 Касоне, ки нозу неъмати ӯро мехӯранд, ӯро шикаст медиҳанд.
Лашкараш бошад, мағлуб мегардад* ва бисёриҳо кушта мешаванд.
27 Ин ду подшоҳ бошанд, дар дил нияти бад хоҳанд дошт. Онҳо дар сари як миз нишаста, ба якдигар дурӯғ хоҳанд гуфт, вале корашон барор намегирад, зеро анҷом дар вақти муқарраршуда меояд.+
28 Ӯ* бо сарвати хеле зиёде ба замини худ бармегардад ва дилаш ба аҳди муқаддас зид хоҳад буд. Ӯ комёб гашта, ба замини худ бармегардад.
29 Дар вақти муқарраршуда ӯ бармегардад ва бар зидди ҷануб мебарояд. Аммо ин дафъа мисли пештар нахоҳад буд, 30 зеро киштиҳои Киттим+ бар зидди ӯ мебароянд ва ӯ сарпаст мегардад.
Ӯ бармегардад ва хашму ғазабашро ба аҳди муқаддас фурӯ мерезад+ ва комёб мешавад. Ӯ бармегардад ва ба касоне, ки аҳди муқаддасро тарк мекунанд, рӯ меорад. 31 Аз ҷониби ӯ лашкарҳо бармехезанд ва муқаддасгоҳу қалъаро нопок месозанд ва қурбонии доимиро+ барҳам медиҳанд.+
Онҳо чизи нафратангези харобиоварро мегузоранд.+
32 Ӯ бадкоронеро, ки зидди аҳд амал мекунанд, бо суханони дилфиреб ба осият мебарад. Аммо мардуме, ки Худои худро мешиносанд, қавӣ мемонанд ва комёб мешаванд. 33 Соҳибфаҳмони халқ бисёриҳоро фаҳмиш мебахшанд,+ вале ба муддати чанд рӯз бо шамшер, оташ, асирӣ ва ғорат афтонда мешаванд. 34 Лекин, вақте ки онҳоро меафтонанд, ба онҳо андаке дасти ёрӣ дароз карда мешавад ва бисёриҳо суханони дилфиреб гуфта, ба онҳо ҳамроҳ мешаванд. 35 Баъзе касони соҳибфаҳмро меафтонанд, то ки аз боиси онҳо одамон гудохта шаванд ва то вақти охир покизаву сафед карда шаванд,+ зеро он дар вақти муқарраршуда фаро мерасад.
36 Подшоҳ аз рӯйи хосташ амал намуда, калонигарӣ хоҳад кард ва худро аз ҳар худо боло гирифта, бар зидди Худои худоён+ суханони даҳшатангез хоҳад гуфт. Ӯ, то даме ки давраи маҳкумсозӣ ба охир расад, комёб мегардад, зеро он чӣ муқаррар шудааст, бояд ба амал ояд. 37 Ӯ на Худои падаронашро писанд мекунад, на хоҳиши занон ва на ягон худои дигарро, балки худро аз ҳамаи дигарон боло мегирад. 38 Ба ҷойи ин ӯ худои қалъаҳоро ҷалол медиҳад. Ӯ бо тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва чизҳои гаронбаҳо худоеро ҷалол медиҳад, ки падаронаш намешинохтанд. 39 Ӯ бо ёрии худои бегона бар зидди ҳисорҳои мустаҳкамтарин амал карда, комёб мегардад. Ба касоне, ки ӯро эътироф кунанд*, иззату шавкати зиёд ато мекунаду онҳоро дар миёни одамони зиёд ҳукмрон месозад. Ӯ заминро ба ивази нархе тақсим мекунад.
40 Дар замони охир подшоҳи ҷануб бо ӯ шохзанӣ мекунад ва подшоҳи шимол мисли тундбод бо аробаҳо, саворон ва киштиҳои зиёд ба ӯ ҳамла мекунад ва мисли селоб аз заминҳо мегузарад. 41 Ӯ ҳамчунин ба Зеби замин+ медарояд ва заминҳои бисёре мағлуб мешаванд, аммо Адӯм, Мӯоб ва қисми асосии аммӯниён аз дасти ӯ халосӣ меёбанд. 42 Ӯ дасти худро ба кишварҳо дароз кардан мегирад ва замини Миср раҳо намеёбад. 43 Ӯ бар тамоми ганҷҳои ниҳони тиллою нуқра ва тамоми чизҳои гаронбаҳои Миср ҳукмронӣ мекунад ва либиёну ҳабашиён аз пайи ӯ мераванд.
44 Аммо хабарҳо аз шарқу аз шимол ӯро ба ташвиш меоранд ва ӯ бо хашму ғазаби зиёд мебарояд, то нест кунад ва бисёриҳоро нобуд созад. 45 Ӯ хаймаҳои шоҳонаи худро байни баҳри бузург ва кӯҳи муқаддаси Зеби замин+ мезанад, вале нобуд мешавад ва мададгоре барояш нахоҳад буд.
12 Дар он вақт Микоил*,+ мири+ бузург, ки барои тарафдории халқи ту истодааст, бармехезад. Он гоҳ чунон замони пуразобе фаро мерасад, ки аз вақти пайдоиши халқ то он дам нашудааст. Дар давоми он замон халқи ту, ҳамаи онҳое, ки номашон дар китоб навишта шудааст,+ халос хоҳанд шуд.+ 2 Бисёре аз онҳое, ки дар хоки замин хобидаанд, бедор мешаванд, баъзеҳо барои соҳиб шудани зиндагии ҷовидонӣ, баъзеҳо барои нангу шармандагии ҷовидонӣ.
3 Соҳибфаҳмон мисли паҳнои осмон хоҳанд дурахшид ва онҳое, ки мардуми зиёдро сӯйи росткорӣ роҳнамоӣ мекунанд, мисли ситораҳо ҳамешаву то абад ҷило медиҳанд.
4 Аммо ту, эй Дониёл, ин суханонро пинҳон дор ва китобро то замони охир муҳр бизан.+ Бисёриҳо ҳаракат хоҳанд кард* ва дониши ҳақиқӣ афзоиш хоҳад ёфт».+
5 Баъд ман, Дониёл, нигоҳ кардам ва ду нафари дигареро дидам, ки яке аз ин тарафи дарё ва дигаре аз он тарафи дарё истода буд.+ 6 Яке аз онҳо ба марди катонпӯше,+ ки бар болои оби дарё буд, гуфт: «То охири ин чизҳои аҷоиб чанд вақт мондааст?» 7 Сипас ман шунидам, ки марди катонпӯш, ки бар обҳои дарё буд, дасти рост ва дасти чапашро сӯйи осмон боло кард ва ба Абадзинда+ қасам хӯрда, гуфт: «Замон, замонҳо ва ним замон* боқӣ мондааст. Ҳамин ки шикаст додани қуввати халқи муқаддас тамом шавад,+ ҳамаи инҳо ба охир мерасад».
8 Ман бошам, мешунидаму чизе намефаҳмидам,+ аз ин рӯ пурсидам: «Эй хоҷаам, оқибати ҳамаи ин чӣ мешавад?»
9 Ӯ гуфт: «Бирав, эй Дониёл, зеро ин суханон бояд то замони охир пӯшида ва сарбамуҳр монанд.+ 10 Бисёриҳо худро покиза ва сафед мекунанд ва гудохта мешаванд.+ Бадкорон бошанд, бадӣ кардан мегиранд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо фаҳм нахоҳад кард. Аммо соҳибфаҳмон сарфаҳм мераванд.+
11 Аз он вақте ки қурбонии доимӣ+ барҳам дода мешавад ва чизи нафратангези харобиовар гузошта мешавад,+ 1290 рӯз мегузарад.
12 Хушбахт аст касе, ки интизорӣ кашад ва ба 1335 рӯз бирасад!
13 Ту бошӣ, то охир устувор бош. Ту дам мегирӣ ва дар охири рӯзҳо барои гирифтани насибаи худ бармехезӣ».+
Яъне Бобилистон.
Дар матни асл «кӯдакони».
Ё, эҳтимол, «парвариш кунанд».
Маънояш «Худо довари ман аст».
Маънояш «Яҳува лутфу марҳамат кард».
Эҳтимол, маънояш «Кист мисли Худо?».
Маънояш «Яҳува мадад кард».
Яъне номҳои бобилӣ дод.
Дар матни асл «кӯдакони».
Дар матни асл «чор кӯдак».
Дар матни асл «рӯҳаш».
Калдониён — гурӯҳи одамоне, ки дар фолкушоӣ ва толеъбинӣ моҳир буданд.
Дар матни асл «рӯҳам беқарор гаштааст».
Матни асли Дн 2:4б то 7:28 ба забони арамӣ навишта шудааст.
Ё, эҳтимол, «партовгоҳ; тӯдаи саргин».
Дар матни асл «бо ҷисм».
Ё «ситорашинос».
Тахминан 27 м. Ниг. ба Замимаи Б14.
Тахминан 2,7 м. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ҳокими вилоятро дар шоҳаншоҳии Бобилу Форс «шаҳрбон» мегуфтанд. Шаҳрбон аз тарафи подшоҳ таъйин мешуд ва дар вилоят соҳиби мақоми олӣ буд.
Ҷорчӣ — касе, ки гашта, амру фармудаҳои подшоҳро ба мардум эълон мекард.
Ё «муносибаташ ба онҳо дигар шуд».
Ё «амрҳо дод».
Ё, эҳтимол, «партовгоҳ; тӯдаи саргин».
Калдониён — гурӯҳи одамоне, ки дар фолкушоӣ ва толеъбинӣ моҳир буданд.
Дар матни асл «дили».
Калдониён — гурӯҳи одамоне, ки дар фолкушоӣ ва толеъбинӣ моҳир буданд.
Ё «шахси кордоне».
Калдониён — гурӯҳи одамоне, ки дар фолкушоӣ ва толеъбинӣ моҳир буданд.
Дар матни асл «рӯҳи олидараҷа».
Дар матни асл «дилаш мағруру рӯҳаш сахт шуд».
Дар матни асл «дили».
Ё «Форс».
Ҳокими вилоятро дар шоҳаншоҳии Бобилу Форс «шаҳрбон» мегуфтанд. Шаҳрбон аз тарафи подшоҳ таъйин мешуд ва дар вилоят соҳиби мақоми олӣ буд.
Дар матни асл «рӯҳи олидараҷа».
Ё, эҳтимол, «ва ҳеҷ як навозанда ба наздаш оварда нашуд».
Ё «даҳоне буд, ки манманӣ мекард».
Ё «манмании шохро».
Ё «манманӣ мекард».
Яъне ҳамагӣ сею ним замон.
Ё «қасри».
Ё «аз тарафи ғуруби офтоб; аз тарафи офтобшин».
Ё «офтоббаро».
Ё «бадхашме».
Ё, эҳтимол, «бе огоҳӣ».
Яъне аз рӯйи Навиштаҳои Муқаддас.
Палос — ниг. ба луғат.
Ё «Шариати».
Ё «вафодории».
Ё «шахси хеле азизу гиромӣ».
Яъне 70 ҳафтсола.
Тадҳин — ниг. ба луғат.
Ё «Тадҳиншудаи». Ниг. ба луғат, ба калимаи «масеҳ».
Яъне 7 ҳафтсола ва 62 ҳафтсола.
Яъне 62 ҳафтсола.
Аз афташ, Масеҳ дар назар аст.
Яъне як ҳафтсола.
Ё «Ҳиддақил».
Ё «шахси хеле азизу гиромӣ».
Маънояш «Кист мисли Худо?».
Ё «мирони олимақом».
Ё «рамақе; нафасе».
Ё «шахси хеле азизу гиромӣ».
Ё «бар қаламрави бузург бо».
Дар матни асл «Ӯ».
Эҳтимол, подшоҳи шимол дар назар аст.
Эҳтимол, подшоҳи ҷануб дар назар аст.
Дар матни асл «пешпо мехӯранд».
Хокрез — ниг. ба луғат.
Аз афташ, «ситонандаи андозро». Ё «корфарморо».
Ё, эҳтимол, «бе огоҳӣ».
Ё, эҳтимол, «бе огоҳӣ».
Ё «шуста бурда мешавад».
Аз афташ, подшоҳи шимол.
Ё, эҳтимол, «Ба касоне, ки ӯ эътирофашон кунад».
Маънояш «Кист мисли Худо?».
Ё «онро [ин китобро] бодиққат хоҳанд омӯхт».
Яъне сею ним замон.