ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g18 № 2 саҳ. 6
  • 3 Эҳтиром

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 3 Эҳтиром
  • Бедор шавед!—2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
  • ЧАРО ЭҲТИРОМ МУҲИМ АСТ?
  • ЧӢ МЕТАВОН КАРД?
  • Чӣ тавр миннатдорӣ нишон диҳем?
    Бедор шавед!—2017
  • Вақте ақидаҳо фарқ мекунанд
    Кӯмак ба оилаҳо
  • 1 Вафодорӣ
    Бедор шавед!—2018
  • «Бигзор издивоҷ мӯҳтарам дошта шавад»
    «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред»
Бедор шавед!—2018
g18 № 2 саҳ. 6
Ҳамсарон хиштҳоро бо ёрии омехтаи семент болои ҳам мечинанд

Чуноне ки бо ёрии омехтаи семент хиштҳоро болои ҳам мечинанд, эҳтиромона гап задан ба ҳамсарон кӯмак мекунад, ки муносибаташонро наздик нигоҳ доранд

БАРОИ ҲАМСАРОН

3 Эҳтиром

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Ҳамсароне, ки дар байнашон ҳурмат аст, ҳатто вақте ки оиди ягон масъала гуногунфикранд, ба якдигар муҳаббат зоҳир мекунанд. «Онҳо ду пояшонро дар як мӯза андохта гапи худро намегузаронанд, балки фикри якдигарро боэҳтиром гӯш мекунанд ва роҳи муросоро меҷӯянд».— гуфта мешавад дар китоби «10 маслиҳат издивоҷи шуморо дигар мекунад» (Ten Lessons to Transform Your Marriage).

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Муҳаббат... фоидаи худро намеҷӯяд» (1 Қӯринтиён 13:4, 5).

«Ман ба занам эҳтиромамро бо он нишон медиҳам, ки ӯро қадр мекунам ва ягон коре намекунам, ки ба ӯ ё ба издивоҷамон зарар мерасонад» (Майк).

ЧАРО ЭҲТИРОМ МУҲИМ АСТ?

Агар байни ҳамсарон ҳурмату эҳтиром набошад, онҳо мумкин якдигарро танқид кунанд, суханони нешдор зананд ва ҳатто рӯйирост якдигарро паст зананд. Равоншиносон мегӯянд, ки ин чизҳо бисёр вақт ба ҷудошавӣ оварда мерасонанд.

«Ба зани худ суханони талху пичинг гуфтан ва дар ҳаққи вай шӯхиҳои ноҷо кардан метавонад ба дили ӯ хеле сахт расад ва боварии вайро ба шумо ва издивоҷатон барҳам диҳад» (Фирдавс).

ЧӢ МЕТАВОН КАРД?

ХУДРО ТАФТИШ КУНЕД

Дар давоми ҳафта ба суханон ва рафтори худ аҳамият диҳед. Баъд ба ин саволҳо ҷавоб диҳед:

  • «Ман шавҳарамро (занамро) бисёртар танқид мекунам ё таъриф?»

  • «Эҳтироми ман ба шавҳарам (занам) маҳз дар чӣ аён мегардад?»

БО ҲАМСАРАТОН ЯКҶОЯ МУҲОКИМА КУНЕД

  • Аз кадом рафтор ё суханони ҳамсаратон шумо ҳис мекунед, ки вай шуморо эҳтиром мекунад?

  • Аз кадом рафтор ё сухани ҳамсаратон шумо худро беқадр ҳис мекунед?

МАСЛИҲАТҲО

  • Се соҳаеро нависед, ки дар онҳо шумо нисбати худ бештар эҳтиром дидан мехостед. Ба ҳамсаратон низ гӯед, ки чунин кунад. Сипас қайдҳои якдигарро хонед ва кӯшиш кунед, ки хоҳиши ҳамдигарро ба инобат гиред.

  • Дар як варақ хислатҳои хуби ҳамсаратонро, ки ба шумо сахт маъқуланд, нависед. Сипас ба ӯ гӯед, ки ин хислатҳояшро шумо хеле қадр мекунед.

«Ман бо рафторам ба шавҳарам нишон медиҳам, ки ӯро қадр мекунам ва мехоҳам, ки ӯ хушбахт бошад. Шарт нест, ки ин ягон рафтори қаҳрамонона ё кори калон бошад. Эҳтироми ҳақиқӣ асосан дар бисёр корҳои майда-чуйда нишон дода мешавад» (Меган).

Инак, мумкин шумо фикр мекунед, ки ҳамсаратонро ҳурмат мекунед, лекин гап дар сари он ки оё ӯ ҳақиқатан ҳис мекунад, ки шумо вайро эҳтиром мекунед.

ПРИНСИПИ КИТОБИ МУҚАДДАС: «Ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, ҳалимӣ ва пурсабриро дар бар кунед» (Қӯлассиён 3:12).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан