ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g21 № 1 саҳ. 12-13
  • Таълими Офаридгор умед мебахшад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Таълими Офаридгор умед мебахшад
  • Бедор шавед!—2021
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Худо одамони бадро нест мекунад
  • Худо Шайтонро несту нобуд месозад
  • Худованд беморӣ ва маргро аз байн мебарад
  • Офаридгорамон заминро ба биҳишт табдил медиҳад
  • Худованд мурдагонро зинда мекунад
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Шуморо ояндаи хушбахтона интизор аст!
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Дӯстони Худо дар Биҳишт зиндагӣ хоҳанд кард
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2021
g21 № 1 саҳ. 12-13
Одамон бо ҳайвонот дар осоиштагӣ, серу пур ва дар биҳишти зебо зиндагӣ доранд.

Таълими Офаридгор умед мебахшад

Худованд ваъда дода буд, ки ба наздикӣ як дигаргунии калон мекунад. Ӯ ғаму азобро нест карда дар рӯйи замин барои одамон ҳаёти хушбахтонаро муҳайё месозад (Забур 37:11). Барои чӣ ба ин ваъда бовар кардан мумкин аст? Чунки «Худо одамизод нест, ки дурӯғ гӯяд» (4 Мӯсо 23:19). Биёед баъзе корҳои хуберо, ки Парвардигорамон мекунад, дида бароем.

Худо одамони бадро нест мекунад

«Бадкорон мисли алаф месабзанд ва тамоми хатокорон мешукуфанд, то ба таври абадӣ нест карда шаванд» (ЗАБУР 92:7).

Чи хеле ки аз мақолаи гузашта фаҳмидем, бадӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст. Мо аз ин ҳайрон намешавем, чунки дар Китоби Муқаддас, дар 2 Тимотиюс 3:1–5 пешгӯйӣ шудааст, ки дар «рӯзҳои охир» одамон аз ҳад бад мешаванд. Рӯзҳои охир гуфта чӣ дар назар дошта шудааст? Охири рӯзҳои ҷаҳоне, ки одамони он Худоро гӯш кардан намехоҳанд. Ана мана нагуфта Худованд онҳоеро, ки корҳои бадашонро партофтан намехоҳанд, нест мекунад. Баъд дар рӯйи замин танҳо одамоне мемонанд, ки ба Худо итоат мекунанд. «Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29).

Худо Шайтонро несту нобуд месозад

«Худои сулҳу осоиштагӣ бошад, ба қарибӣ Шайтонро... несту нобуд мекунад» (РУМИЁН 16:20).

Вақте ки Шайтон, девҳо ва ҳама одамони бад несту набуд карда мешаванд, дар замин тинҷию амонӣ пойдор мегардад. Офаридгорамон чунин ваъда медиҳад: «Касе [шуморо] наметарсонад» (Мико 4:4).

Худованд беморӣ ва маргро аз байн мебарад

«Хаймаи Худо бо одамон аст... Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (ОШКОРСОЗӢ 21:3, 4).

Парвардигорамон зарари азоб ва бемориро, ки Шайтон, Одам, Ҳавво ва нокомилии худамон расонданд, бартараф мекунад. Дар натиҷа, ҳатто «марг дигар намешавад». Одамоне, ки Худоро дӯст медоранду ба ӯ итоат мекунанд, то абад зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Офаридгорамон заминро ба биҳишт табдил медиҳад

«Биёбон ва замини хушк хурраму шукуфон хоҳад шуд, дашт хурсандӣ хоҳад кард ва мисли заъфарон хоҳад шукуфт» (ИШАЪЁ 35:1).

Вақте ки Худо бадиро нест мекунад, замин гул-гул мешукуфад. Он ҷо гулу гулзор, боғу бӯстон ва серию пурӣ мешавад (Забур 72:16). Оби уқёнусҳо, кӯлҳо ва дарёҳо софу зулол гашта, ҳаёт дар онҳо меҷӯшад. Одамон ҳатто чӣ будани ифлосиро фаромӯш мекунанд. Ҳар як кас хона сохта, дар он зиндагӣ хоҳад кард ва дигар ягон одами бехона, гушна ё камбағалро намебинем (Ишаъё 65:21, 22).

Худованд мурдагонро зинда мекунад

Одамон «дар оянда зинда мешаванд» (КОРНОМА 24:15).

Оё шумо шахсони наздикатонро, ки аз даст додаед, дидан мехоҳед? Худои Қодир онҳоро ба ҳаёт бармегардонад, яъне дар биҳишти рӯйи замин зинда мекунад. Шумо даррав онҳоро мешиносед ва онҳо низ шуморо дидан замон мешиносанд. Тасаввур кунед, ки чӣ хел шумо бо онҳо хурсандӣ хоҳед кард. Чаро мо дилпурем, ки он рӯзҳо фаро мерасанд? Чунки дар Китоби Муқаддас мисоли одамони калонсол ва кӯдаконе оварда шудааст, ки зинда карда шуданд ва баъд онҳо бо оилаашон зиндагиро давом доданд. Ғайр аз ин, Исо бисёр вақт мурдагонро дар пеши назари шоҳидони бисёр зинда мекард (Луқо 8:49–56; Юҳанно 11:11–14, 38–44).

Ҳоло ман дар ҳақиқат хушбахтам

«Вақте ман якум бор дар бораи биҳишти рӯйи замин, ки ҳаёт дар он бе азоб, бе касалӣ ва марг мешавад, шунидам, чӣ ҳис карданам нағз дар ёдам ҳаст. Ман дар дилам писханд зада гуфтам, ки ин дурӯғ аст, ягон зарра ба ҳақиқат рост намеояд. Лекин, вақте омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам, ман фаҳмидам, ки барои чӣ ба ваъдаҳое, ки дар ин китоби олиҷаноб оварда шудаанд, бовар карда метавонам. Ман дилпурам, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худо мебошад. Дар гузашта ман бисёр вақт ба ташвиш афтода зиқ мешудам. Акнун бошад, ман дар ҳақиқат хушбахтам, ҳатто оила ва дӯстонам инро пай мебаранд» (Рави).

Ravi.

Бисёртар фаҳмед:

Маълумоти бештарро дар бораи нияти Офаридгор нисбати одамизод ва ҳаёти ҷовидона дар замин аз сомонаи jw.org аз «Бурҷи дидбонӣ»-и №3 2019 бо номи «Наход аз марг ҷойи гурез набошад?!» ёфта метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан