Georgette Douwma/Stone via Getty Images
САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
УҚЁНУСҲО
УҚЁНУСҲО одамизодро на танҳо бо ғизо, балки бо моддаҳое, ки барои истеҳсоли доруворӣ заруранд, таъмин менамоянд. Аз ним зиёди оксигени дунёро уқёнусҳо ҳосил мекунанд. Онҳо гази карбонатро, ки дар натиҷаи фаъолияти одамизод пайдо мешавад, фурӯ мебаранд. Ғайр аз ин, уқёнусҳо иқлими рӯйи заминро ба танзим медароранд.
Ифлосшавии уқёнусҳо
Тағйирёбии иқлим ба обсангҳои марҷонӣ, обҷонварони садафдор ва дигар ҳайвоноту набототи баҳрӣ зарар мерасонад. Дар обсангҳои марҷонӣ камаш чоряки ҷонварони баҳрӣ зиндагӣ мекунанд.
Олимон тахмин мекунанд, ки дар давоми 30 сол қариб ҳамаи обсангҳо нест шуда метавонанд. Ба ҳисоби мутахассисон қариб 90 фоизи парандагоне, ки аз баҳр ғизо мегиранд, пластик хӯрдаанд. Чизҳои пластикие, ки дар уқёнус ёфт мешаванд, ҳар сол сабаби марги миллионҳо ҷонварони баҳрӣ мегарданд.
Соли 2022 котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид, Антонио Гутериш, чунин гуфт: «Мо нисбати уқёнус бепарвоӣ кардем, барои ҳамин имрӯз ҳоли он хеле бад аст».
Сайёраи «ҷонсахт»
Уқёнус, ҷонварон ва набототи баҳрӣ тавре офарида шудаанд, ки худро тоза ва солим нигоҳ дошта метавонанд, ба шарте ки одамизод онро чиркин накунад. Масалан, дар як китоб гуфта мешавад, ки, агар одамизод уқёнусро ифлос накунад, бо гузашти вақт он пурра барқарор мешавад. Биёед якчанд мисолро дида бароем.
Организмҳои хурде, ки фитопланктон ном доранд, гази карбонатро, ки сабаби асосии гармшавии Замин аст, фурӯ мебаранд. Фитопланктон тақрибан ҳамон қадар гази карбонатро фурӯ мебарад, ки ҳамаи дарахтҳо, алафҳо ва дигар растаниҳои рӯйи замин дар якҷоягӣ фурӯ мебаранд.
Ҷонварони хеле хурди баҳрӣ пӯст ва устухони моҳиёни мурдаро мехӯранд ва уқёнусро аз ифлосшавӣ пешгирӣ мекунанд. Сипас, худи ин ҷонваракон туъмаи дигар мавҷудоти баҳрӣ мешаванд. Дар сомонаи пажӯҳишгоҳи уқёнусшиносии Смитсониян гуфта мешавад, ки ин раванд уқёнусҳоро софу тоза нигоҳ медорад.
Бисёр ҷонварони баҳрӣ оби турши уқёнусро аз узви ҳозимаи худ гузаронда, ба оби ишқордор табдил медиҳанд, ки ин ба обсангҳои марҷонӣ, обҷонварони садафдор ва дигар мавҷудоти баҳрӣ таъсири хуб мерасонад.
Кадом чораҳо андешида мешаванд?
Агар халтаҳо ва обгиракҳоеро, ки якчанд бор истифода мешаванд, ба кор барем, партовҳои пластикӣ дар уқёнусҳоямон камтар мешаванд
Агар дар уқёнус партов набошад, онро тоза кардан лозим намеояд. Аз ин рӯ мутахассисон одамонро ташвиқ мекунанд, ки аз истифодаи чизҳои пластикие, ки як бор ба кор мебаранду баъд мепартоянд, даст кашанд.
Аммо ин ҳалли мушкилӣ нест. Ба наздикӣ як созмон оид ба ҳифзи муҳити зист танҳо дар як сол зиёда аз 8300 тонна партовро, ки ба соҳилҳои 112 кишвари ҷаҳон шуста шуд, ҷамъоварӣ намуд. Вале ин аз ҳазор як ҳиссаи партовҳое мебошад, ки ҳар сол ба уқёнусҳо партофта мешавад.
Маҷаллаи «Нэшнл ҷиографик» хабар медиҳад, ки оби уқёнусҳо чунон турш шудаанд, ки барқарор карданашон ғайриимкон гаштааст. Одамон сӯзишвории арзонро, аз қабили нафт, газ, ангишт, аз ҳад зиёд истифода мебаранд, барои ҳамин қувваи мавҷудоти баҳрӣ ба тоза кардани уқёнусҳо нарасида истодааст.
Китоби Муқаддас умед мебахшад
«Замин пур аз офаридаҳои туст. Инак, баҳри бузургу беканор, ки аз ҷонзоди беҳисоб, ҷонварони хурду калон, меҷӯшад» (Забур 104:24, 25).
Офаридгори мо уқёнусҳоро тавре офаридааст, ки худашонро тоза карда тавонанд. Парвардигор дар бораи баҳру уқёнусҳо ва мавҷудоти он бисёр чизро медонад. Агар Худо дар бораи баҳру уқёнусҳо ва мавҷудоти он ҳама чизро донад, пас, наход зарари ба онҳо расидаро бартараф сохта натавонад? Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред, ки дар саҳифаи 15 омадааст.