ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g23 № 1 саҳ. 12-14
  • Ҳаво

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳаво
  • Бедор шавед!—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Ифлосшавии ҳаво
  • Сайёраи «ҷонсахт»
  • Кадом чораҳо андешида мешаванд?
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
Бедор шавед!—2023
g23 № 1 саҳ. 12-14
Ҷуфти ҳамсарон дар нишебии барфпӯш қадам мезананд ва кӯлеро, ки зери осмони софу кабуд дар иҳотаи кӯҳҳои ҷангалдор аст, тамошо доранд.

САЙЁРАИ МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?

ҲАВО

ҲАВО ба мо на танҳо барои нафаскашӣ лозим аст. Атмосфера сайёраи моро чун сипар аз аксари нурҳои зарарноки офтоб муҳофизат мекунад. Бе ҳаво ҳарорати тамоми сайёраи замин паст мешавад.

Ифлосшавии ҳаво

Ифлосшавии ҳаво ҳаётро дар рӯйи замин нест карда метавонад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имрӯз танҳо 1 фоизи аҳолии ҷаҳон аз ҳавои тоза нафас мегирад.

Аз сабаби ифлосшавии ҳаво одамон метавонанд ба бемориҳои роҳи нафас, саратони шуш ва бемории дилу рагҳо гирифтор шаванд. Ҳар сол қариб 7 миллион одам аз нафас кашидани ҳавои ифлос бармаҳал вафот мекунад.

Сайёраи «ҷонсахт»

Сайёраи мо тавре офарида шудааст, ки ҳар як мавҷудоти рӯйи заминро бо ҳавои кофӣ таъмин карда метавонад. Аммо чунин равандҳои табиӣ танҳо дар он сурат самар меоранд, ки одамон муҳити атрофро тоза нигоҳ доранд. Биёед якчанд мисолро дида бароем:

  • Ҳама медонанд, ки ҷангалҳо аз ҳаво гази карбонатро фурӯ мебаранд. Вале на ҳама медонанд, ки минтақаҳои ботлоқзори соҳилӣ, ки дар он ҷо дарахтони мангр мерӯянд, аз уҳдаи ин кор беҳтар мебароянд. Дарахтони мангр дар тоза кардани ҳаво нақши муҳим мебозанд, зеро онҳо нисбат ба ҷангалҳои тропикӣ 5 маротиба зиёдтар гази карбонатро фурӯ мебаранд.

  • Тадқиқҳои охир нишон медиҳанд, ки баъзе обсабзҳои азимҷусса, масалан карами баҳрӣ (ламинария) на танҳо гази карбонатро аз атмосфера фурӯ мебарад, балки онро дар қаъри уқёнус «гӯр мекунад». Карами баҳрӣ дар баданаш ҳубобчаҳое дорад, ки ба туфайли он масофаҳои дуру дарозро тай карда метавонад. Вақте карами баҳрӣ аз соҳил дур мешавад, ин ҳубобчаҳо мекафанд ва худи обсабз, ки аз гази карбонат пур аст, ба қаъри баҳр мефарояд. Аз афташ, гази карбонат дар он ҷо садсолаҳо нигоҳ дошта мешавад.

  • Вақте аз сабаби вабои оламгири COVID-19 карантин ҷорӣ карда шуд, маълум гашт, ки ҳавои сахт ифлос худ аз худ тоза шуда метавонад. Соли 2020 вақте кори бисёр корхонаҳои саноатӣ боздошта шуд ва ҳаракати нақлиёт камтар гашт, дар тамоми дунё сифати ҳаво ба тезӣ беҳтар шуд. Мувофиқи «Ҳисоботи ҷаҳонӣ оид ба сифати ҳаво дар соли 2020» баъди оғози карантин дар беш аз 80 фоизи кишварҳое, ки дар тадқиқот иштирок варзиданд, ҳаво тозатар шуд.

    ОЁ ШУМО МЕДОНЕД?

    Ҳаво хусусияти тоза шуданро дорад

    Хате, ки сифати ҳаво ва сатҳи моддаҳои зарраҳои хурдро (PM2.5) дар Ню-Деҳлӣ (Ҳиндустон) нишон медиҳад. Моҳи январи 2020 сатҳи он ба 120.1 расид, ки барои саломатии инсон хатарнок ҳисоб меёбад. Вале моҳи августи 2020 он аз 35.5 камтар шуд, ки ин сатҳи миёна мебошад.

    Дар шаҳри Ню-Деҳлӣ (Ҳиндустон) вақте, ки аз сабаби вабои COVID-19 карантин ҷорӣ карда шуд, ифлосшавии ҳаво аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт ба таври назаррас кам шуд. Миқдори заррачаҳои тунуки пароканда (PM2.5) ба зудӣ поён фаромад. Ин заррачаҳои хурдакак (ки андозаашон 0,025 микрометр ё камтар аз инро ташкил медиҳад) сабаби бемориҳои роҳи нафас ва дигар бемориҳои вазнин шуда метавонанд. Сифати ҳаво муваққатан беҳтар шуда бошад ҳам, он нишон медиҳад, ки атмосфераи мо хусусияти зуд тоза шуданро дорад.

    Дар охири соли 2019 аз сабаби баланд шудани ифлосшавии ҳаво шаҳри Ню-Деҳлиро (Ҳиндустон) тумани ғализ фаро гирифтааст.

    © Amit kg/Shutterstock

    Охири соли 2019

    Дар вақти карантин аз сабаби вабои COVID-19 ҳавои Ню-Деҳлӣ (Ҳиндустон) аз тумани ғализ тоза шудааст.

    © Volobotti/Shutterstock

    Карантин ҳангоми COVID-19

Кадом чораҳо андешида мешаванд?

Марде дучархаашро баста истодааст.

Истифодаи дучарха ба кам кардани ифлосшавии ҳаво мусоидат мекунад

Ҳукуматдорон аз корхонаҳои саноатӣ талаб карда истодаанд, ки барои кам кардани ифлосшавии ҳаво чораҳо андешанд. Олимон бошанд, роҳҳои нави тоза кардани ҳаворо ҷустуҷӯ мекунанд. Масалан, яке аз ин роҳҳо истифодаи микробҳое мебошад, ки чизҳои ифлоскуни ҳаворо ба моддаҳои безарар табдил медиҳанд. Илова бар ин, мутахассисон ба мардум тавсия медиҳанд, ки ба ҷойи мошин аз дучарха истифода кунанд, ё пиёда роҳ раванд ва дар хонаашон роҳҳои камтар истифода бурдани неруи барқро пайдо намоянд.

Зане дар фарши хонаи хоксоронааш нишаста, хӯрок мепазад. Оташдони ӯ хурду одӣ аст, аммо аз он каме дуд мебарояд.

Баъзе кишварҳо барои кам кардани ифлосшавии ҳаво шаҳрвандони худро бо оташдони замонавӣ таъмин мекунанд, аммо он барои бисёриҳо то ҳол дастрас нест

Аммо ҳисоботи соли 2022, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ тартиб дода шуд, нишон медиҳад, ки ҳамаи ин кӯшишҳо кофӣ нестанд.

Мувофиқи ин ҳисобот соли 2020 қариб сеяки аҳолии рӯйи замин барои тайёр намудани хӯрок асосан аз сӯзишворӣ ва таҷҳизоте истифода кардаанд, ки ҳаворо ифлос мекунад. Дар бисёр минтақаҳо танҳо шумораи ками одамон имкон доранд, ки оташдони замонавӣ харанд ё дигар намуди сӯзишвориро дастрас намоянд.

Китоби Муқаддас умед мебахшад

«Яҳува Худо — Офаридгори осмон... Худое, ки замин ва ҳар чиро дар он аст, ба вуҷуд овардааст, Худое, ки ба одамони рӯйи замин нафас... мебахшад, чунин мегӯяд» (Ишаъё 42:5).

Худо ҳавоеро, ки мо нафас мегирем ва равандҳои табииеро, ки онро тоза мекунанд, офаридааст. Ӯ қудрати бепоён дорад ва одамонро нағз мебинад. Барои ҳамин мо дилпур буда метавонем, ки ӯ ҳаворо аз ифлосиҳо тоза мекунад. Ба мақолаи «Худо ваъда медиҳад, ки Замин нест намешавад» нигаред.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Нигоҳ аз Коинот ба сайёраи Замин.

Атмосфераи Замин чӣ тавр пайдо шудааст? Видеонавори «Оё Коинот офарида шудааст?»-ро дар сомонаи jw.org тамошо кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан