ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • my ҳикояи 77
  • Онҳо саҷда намекунанд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Онҳо саҷда намекунанд
  • Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Маводи монанд
  • Худои ту кист?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Чор ҷавонписар дар Бобил
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Оё шумо медонед?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
my ҳикояи 77
Shadrach, Meshach, and Abednego refuse to bow down to King Nebuchadnezzar’s gold image

ҲИКОЯИ 77

Онҳо саҷда намекунанд

ДАР БОРАИ ин ҷавонмардон шунидаӣ? Бале, онҳо се дӯсти Дониёланд, ки аз хӯрдани хӯрокиҳои барояшон номуносиб худдорӣ карданд. Бобилиён онҳоро Шадрак, Мешак ва Абднаҷу меноманд. Вале ҳоло ба онҳо нигоҳ кун. Барои чӣ онҳо ба ин бут таъзим намекунанд? Биё бифаҳмем.

Оё қонунҳоеро, ки Яҳува Даҳ Аҳком номида буд, дар хотир дорӣ? Аввалини онҳо чунин буд: «Ту набояд ба худои дигаре ба ҷуз Ман ибодат кунӣ». Ҷавонмардон ба ин қонун итоат мекунанд, ҳарчанд ки ин кор барояшон осон нест.

Набукаднесар, подшоҳи Бобил шахсони бонуфузи зиёдеро ҷамъ овард, то ба ин бути тиллоие, ки ӯ гузоштааст, саҷда кунанд. Ӯ навакак нутқи худро ба мардум бо ин суханҳо тамом кард: «Ҳамин ки садои шайпуру сурнаю чанг ва асбобҳои дигари мусиқиро шунидед, ба замин афтода, ба ин ҳайкали тиллоӣ саҷда кунед. Ва ҳар кӣ наафтад ва саҷда набарад, ҳамон лаҳза ба даруни кӯраи оташин партофта хоҳад шуд».

Набукаднесар аз шунидани он ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷу саҷда накарданд, хеле ба хашм меояд. Ӯ фармон медиҳад, ки онҳоро ба наздаш оранд. Пас подшоҳ ба онҳо имконияти дигаре барои саҷда кардан медиҳад. Вале ҷавонмардон ба Яҳува такя мекунанд. «Худое, ки ибодаташ мекунем, барои наҷот додани мо қодир аст,— мегӯянд онҳо ба Набукаднесар,— ва ҳатто агар моро Ӯ наҷот надиҳад ҳам, ба ҳайкали тиллоии ту саҷда нахоҳем кард».

Инро шунида, Набукаднесар зиёдтар ба ғазаб меояд. Дар ҳамон наздикӣ кӯрае буд ва ӯ мефармояд: «Кӯраро аз оташи муқаррарӣ ҳафтчандон бештар тафсонед!». Баъд ба пурзӯртарин мардони лашкараш мефармояд, ки Шадрак, Мешак ва Абднаҷуро бандубаст карда, ба даруни кӯраи оташин андозанд. Кӯра чунон сӯзон буд, ки ин мардони қавӣ аз алангаи оташ мемиранд. Вале бо ин се ҷавонмарде, ки онҳоро ба даруни кӯра партофтанд, чӣ мешавад?

Подшоҳ ба даруни кӯра нигариста, хеле ба ҳарос меояд: «Магар мо ин се касро баста, ба даруни оташи сӯзон наандохтем?» — мепурсад вай.

«Оре, ҳамин тавр кардем» — ҷавоб медиҳанд ходимонаш.

«Охир ман чор мардро мебинам, ки дар даруни оташ гардиш мекунанд. Онҳо баста нашудаанд ва оташ осебе ба онҳо нарасондааст. Ва чорумӣ намуди фариштаро дорад». Подшоҳ ба даҳани кӯраи оташ наздик омада, дод мезанад: «Шадрак! Мешак! Абднаҷу! Ходимони Худои Таоло, берун оед!».

Вақте ки мебароянд, ҳама мебинанд, ки онҳо ҳеҷ осебе надидаанд. Сипас подшоҳ мегӯяд: «Ҳамду сано бар Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки Ӯ фариштаи худро фиристода бандагонашро наҷот дод, зеро онҳо нахостанд, ки ба ҳеҷ худои дигар, ҷуз Худои худашон ибодат ва саҷда намоянд».

Магар ин намунаи хубе барои пайравӣ дар садоқат нисбати Яҳува нест?

Хуруҷ 20:3; Дониёл 3:1–30.

Саволҳо барои омӯзиш

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан