ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • T-19 саҳ. 2
  • Оё ин дунё боқӣ хоҳад монд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё ин дунё боқӣ хоҳад монд?
  • Оё ин дунё боқӣ хоҳад монд?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Дунёе поён меёбад — ҷои онро дунёи дигар мегирад
  • Ояндаи ин дунё
  • «Аломат»
  • Оё дунё бори дигар бо об нест мешавад?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Оё мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
Оё ин дунё боқӣ хоҳад монд?
T-19 саҳ. 2

Оё ин дунё боқӣ хоҳад монд?

Ягон насли дигаре дар бораи поён ёфтани дунё ин қадар зиёд нашунида буд. Бисёре аз одамон метарсанд, ки ҷаҳон дар асари фоҷиаи ядроӣ нобуд мешавад. Дигарон ақида доранд, ки ҷаҳонро ифлосшавии муҳити зист ба ҳалокат мерасонад. Ҳамчунин баъзеҳо хавотир ҳастанд, ки бенизомӣ дар соҳаи иқтисод инсонҳоро муқобили ҳамдигар хоҳад кард.

Оё ин дунё дар ҳақиқат интиҳо ёфта метавонад? Агар ҳа, он чӣ маъно хоҳад дошт? Оё пештар дар ягон замон дунё хотима ёфта буд?

Дунёе поён меёбад — ҷои онро дунёи дигар мегирад

Бале, дунё боре хотима ёфта буд. Замонҳои Нӯҳ–пайғамбарро ба ёд оваред, ки ҷаҳон дар он рӯзҳо хеле шарир гашта буд. Китоби Муқаддас мефаҳмонад: «дунёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид». Ҳамчунин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо «ба дунёи қадим амон надод, балки фақат ҳашт нафар ва аз он ҷумла Нӯҳро, ки воизи адолат буд, маҳфуз дошта, бар олами осиён [«худобехабарон», ТДН] тӯфон овард» (2 Петрус 2:5; 3:6).

Мулоҳиза кунед, ки анҷоми он дунё ба чӣ маъно буд ва чӣ маъноро надошт. Он маънои интиҳои вуҷудияти инсониятро надошт. Нӯҳ ва аҳли хонаводааш аз Тӯфони азим наҷот ёфтанд. Кураи замин ва осмони пурситораи зебо низ боқӣ монданд. Танҳо дунёи «худобехабарон» нобуд карда шуд — тартиботи шариронаи дунё.

Билохир, шумораи насли Нӯҳ зиёд гашт ва дунёи дигаре ба вуҷуд омад. Ин дунёи дигар, ё тартиботи шарирона, то ҳанӯз вуҷуд дорад. Таърихи он пур аз ҷангҳову ҷиноятҳо ва таҷовуз аст. Бо ин дунё чӣ хоҳад шуд? Оё он боқӣ мемонад?

Ояндаи ин дунё

Баъд аз тасвири нобудшавии дунёи замони Нӯҳ, Китоби Муқаддас давом медиҳад: «Осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд» (2 Петрус 3:7). Бале, ҳамон таврест, ки нигорандаи дигари Китоби Муқаддас навиштааст: «Ҷаҳон [ҳамоне ки имрӯз мавҷуд аст] гузарон аст» (1 Юҳанно 2:17).

Китоби Муқаддас гузарон будани замин аслӣ ё осмони пурситораро дар назар надорад, айнан ҳамон тавре ки онҳо дар рӯзҳои Нӯҳ гузарон набуданд (Забур 103:5). Баръакс, ин ҷаҳон бо «осмонҳо»–яш — бо ҳокимиятҳои зери таъсири Шайтон ҳукмронандааш ва бо «замин», ё ҷамъияти одамияш чун дар оташ нобуд карда хоҳад шуд (Юҳанно 14:30; 2 Қӯринтиён 4:4). Ин ҷаҳон, ё тартиботи шарирона ба мисли дунёи пеш аз Тӯфони азим, ҳатман нобуд хоҳад шуд. Ҳатто Исои Масеҳ авзои «рӯзҳои Нӯҳ»-ро ҳамчун намунаи он ки дар поёни ин дунё чӣ рӯй хоҳад дод, мисол меовард (Матто 24:37–39).

Ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки ҳангоми дар бораи рӯзҳои Нӯҳ сухан гуфтанаш, Исо ба саволи расулонаш дар бобати кай омадани ӯ ва охирзамон ҷавоб медод (Матто 24:3). Пайравони Исо медонистанд, ки ин дунё поён меёбад. Аммо оё онҳо аз ин оянда метарсиданд?

Баръакс, Исо ҳангоми тасвири ҳодисаҳое, ки бояд пеш аз анҷом ёфтани дунё рӯй медоданд, шогирдонашро рӯҳбаланд кард, ки шод ва хушҳол бошанд, «чунки халосии онҳо наздик меояд» (Луқо 21:28). Бале, халосӣ аз Шайтон ва тартиботи шариронаи ӯ ба сӯи дунёи нави сулҳу амонӣ! (2 Петрус 3:13).

Вале ин дунё кай ба поён мерасад? Исо «аломати омаданаш ва охирзамон»-ро чӣ гуна тасвир кард?

«Аломат»

Калимаи юноние, ки дар ин ҷо “омадан” тарҷума шудааст (парусия), аслан маънои “ҳузур доштан” ё “ҳозир будан”-ро дорад. Бинобар ин, аён шудани «аломат» на ин ки маънои ба қарибӣ омадани Исо, балки аллакай баргашта ва ҳузур доштани ӯро мефаҳмонад — яъне ӯ ҳукмронии ба чашм ноаёни худро ҳамчун подшоҳи осмонӣ оғоз кардааст ва ба қарибӣ ба ҳастии душманонаш хотима медиҳад (Ваҳй 12:7–12; Забур 110:1, 2).

Исо ҳамчун «аломат» танҳо як ҳодисаро тасвир накард. Ӯ ҳодисаҳои ҷаҳонии зиёдеро номбар намуд. Ҳамаи онҳо дар давоми вақте ки Китоби Муқаддас «охирзамон» меномад, бояд ҷой дошта бошанд (2 Тимотиюс 3:1–5; 2 Петрус 3:13). Ба баъзе аз пешгӯиҳое, ки Исо ҳамчун аломатҳои «охирзамон» номбар кард, таваҷҷӯҳ кунед.

«Қавме бар зидди қавме ва салтанате бар зидди салтанате қиём хоҳад кард» (Матто 24:7). Ҷангҳои муосир калонтарин ҷангҳои таърих буданд. Таърихнигоре қайд намуд: “Ҷанги Якуми Ҷаҳон (ки соли 1914 оғоз ёфт), аввалин ҷанги умумӣ буд”. Дертар, Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз он ҳам харобкунандатар омад. Ва ҷангҳо ҳоло ҳам заминро тиҳӣ мекунанд. Бале, анҷомёбии суханҳои Исо таассурангез аст!

«Қаҳтиҳо рӯй хоҳад дод» (Матто 24:7). Ҷанги Якуми Ҷаҳон бо худ шояд бузургтарин қаҳтии таърихро овард. Гуруснагиҳои ҳавлноке баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм низ ба миён омаданд. Ҳоло аз панҷ як ҳиссаи сокинони замин аз нимгуруснагӣ азоб мекашанд ва ҳар сол 14 миллион кӯдак аз он ҷон медиҳанд. Дар ҳақиқат, «қаҳтиҳо» рӯй дода истодаанд!

«Зилзилаҳои азим ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11). Аз соли 1914 инҷониб, ҳар сол шумораи дар асари заминҷунбиҳо ҳалокшудагон назар ба асрҳои гузашта даҳ маротиба бештар аст. Ба шумораи қурбониҳои чанде аз ин зилзилаҳо диққат диҳед: соли 1920 дар Чин 200 000 нафар мурданд; соли 1923 дар Ҷопон 140 000 ҳалок ё гум шуданд; соли 1939 дар Туркия 32 700 нафар нест шуданд; соли 1970 дар Перу 66 800 ва соли 1976 дар Чин қариб 240 000 (аз манбаи дигар — 800 000) нафар ҳалок гаштанд. Заминларзаҳо воқеан азиманд!

«Вабоҳо ба амал хоҳад омад» (Луқо 21:11). Ҳамин ки Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба итмом расид, қариб 21 миллион нафар аз зукоми испанӣ мурданд. Аз рӯи хабари маҷаллаи Сайнс дайҷест: “Дар тӯли таърих домани марги ногузир ин қадар фарох набуд”. Аз он замон то кунун садҳо миллион нафар аз бемориҳои дил, саратон, СПИД ва вабоҳои дигар фавтиданд.

«Шарорат хоҳад афзуд» (Матто 24:12). Дунё аз соли 1914 инҷониб ҳамчун ҷаҳони ҷинояткорӣ ва зӯроварӣ шинохта мешавад. Дар бисёр ҷойҳо ҳатто рӯзона ҳам кас дар кӯчаҳо эҳсоси амният намекунад. Шабона одамон дар хонаҳояшон, дар паси дарҳои чандқабатаю бо қулф маҳкам мемонанд ва аз баромадан ба берун метарсанд.

Рӯйдодҳои бисёри дигаре низ пешгӯӣ шудаанд, ки бояд дар охирзамон ба анҷом мерасиданд ва ҳамаи онҳо низ ҳозир дар ҳоли иҷроянд. Ин чунин маъно дорад, ки анҷоми ин дунё наздик аст. Вале хушбахтона, наҷотёфтагон хоҳанд буд. Баъд аз суханҳои «ҷаҳон гузарон аст», Китоби Муқаддас ваъда медиҳад: «Касе ки иродаи Худоро ба ҷо меоварад, то абад боқист» (1 Юҳанно 2:17).

Аз ин рӯ, мо бояд иродаи Худоро омӯзем ва онро иҷро намоем. Дар ин ҳолат мо аз анҷоми ин дунё наҷот ёфта ва аз баракатҳои Худо дар дунёи нав ҷовидона баҳраманд шуда метавонем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар он вақт «Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо [одамон] пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:3, 4).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан